ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷи Бурҳон-ҳамзиндонии Сангак Сафаров

  • Чоршанбе, Нояб 13 2019

 

 

Вақте дар бораи ноҷавонмардии рэкету авбошу муштзӯрони тоҷики муқими Русия хондам, ки танҳо сари ҳамшаҳриҳои худ зӯрӣ мекардаанд, хостам аз рӯзгори авбошону муштзӯрону “пахан зона”-ҳои Шермардони Тоҷик дар солҳои Шӯравӣ нависам. Яке аз чунин нафарони мард Тоҷи Ғармӣ буд...

Боби 1. Қаҳрамон, ё авбош?

Аз рӯзгори Тоҷи Бурҳон миёни мардум нақлу ривоятҳо кам нест. Яке бо эҳтиром номашро ба забон меораду аз ҷавонмардию ҷасуриаш қисса мекунад, дигаре бо нафрат аз ҷинояткору авбошиаш мегӯяд. Аммо аксарият аз кирдорҳои шоистаи ӯ ёд мекунанд. Мегӯянд, вай машшоқи чирадаст буду овози форам дошт. Ҳофизи халқии Тоҷикистон Фозил Одилов, ки 5 сол дар майдони муҳориба зидди артиши фашистон ҷангида буд, перомуни корномаҳои Тоҷ бо шавқу рағбат қисса мекард. Мегуфт, ки солҳои ҷанги Гирмон бисёриҳо далериву ҷавонмардӣ, ватандӯстиву нангу орро аз Тоҷ меомӯхтанд. Корҳое мекард, ки ақли ҳар кас намегирифт. 1 бор ӯро барои овардани “забон” фиристоданд. Бо гурӯҳаш 1 тан не, якбора 30 аскару афсари немисро пешандоз карда овард. Барои корномаҳояш ордену медали бисёр гирифт. Борҳо масъалаи ба унвони олии Ватан-Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод намуданашро муҳокима карданд, вале дар байн аз ӯ кирдорҳое сар мезад, ки ба ҷои гирифтани мукофот ба “дисбат” афтод...

Тоҷиддин аз хурдӣ ба хунёгарӣ ва овозхонӣ шавқ дошт. Думбраро хуб менавохт, шеъру ғазалу мадҳияи зиёд медонист. Дар ҳалқаи дӯстон месуруд. Мегӯянд, 5 соли ҷанги Гирмон дар паҳлӯи автомат дар китф думбура дошт, ки онро лаҳзаҳои оромӣ дар сангар худ тарошида буд. Баъде, ки ҷанги хонумонсӯз анҷом ёфт, ба диёраш баргашту дигар табиаташ тағйир хӯрд. Агар мешунид, ки ҷое нафаре номи Тоҷикро “каҷ гирифт”, кулоҳашро ба даст мегирифту “ҷомаашро чаппа пӯшида”, он ҷо мерафту ба таҳқиркунандагони миллати хеш дастбагиребон мешуд. Баъд мерафт ба маҳбасхона.... 

Боби 2. Пуштибони Тоҷикон

Нисфи зиёди умрашро дар маҳбасхонаҳо гузаронидааст. Агар ба ӯ хабар мерасониданд, ки дар фалон гӯшаи дури кишвар Тоҷиконро зулм мекунанд..., аз зиндон мегурехту Тоҷиконро аз таги дор озод мекард. Барояш фарқе надошт, ки он зӯр осетин аст, ё арманӣ, рус аст ё гурҷӣ... Аз дасти Тоҷ ҷои гурез надошт. Овозааш то Самарқанду Бухоро, Новосибирску Москва ва Одесса рафта расид. Ӯ яке аз дӯстони ҷонии Сангак Сафаров буд ва 22 сол 1 зиндон ҳамроҳ нишаста буданд. Онҳое, ки Тоҷро аз наздик мешинохтанд, бадаш намегуфтанд. Мегуфтанд, марди ростгӯву ҳақҷӯст. Адлу инсофро мепарастид. Ноҷавонмардиҳоро чашми дид надошт. Ҳамин беинсофиҳо буданд, ки ӯро ба роҳи каҷ бурданд. Нотавонбинҳо, беинсофҳо соҳиби гап шуданду ӯ натавонист бо эшон муросо кунад.

Тоҷи Бурҳон с.1917 дар деҳаи Шули н.Рашт (Ғарм) ба дунё омада, нахустфарзанди падар буд.  Пас аз ӯ хоҳараш Соҳибҷамол (дар н.Ҳисор зистааст), Мавҷигул (дар н.Куйбшев (ҳоло н.Ҷомӣ) зистааст ва додараш-Ҷон таваллуд мешаванд. 10-сола буд, ки падарашро бурданд. Аскарҳои чарминапӯш омаданду ӯро “кулак” гуфта, пешандоз карданд. Дигар барнагашт, падари бечора. Баъдҳо аз Хуқанд овоза омад, ки мардикорҳо раҳматии Бурҳониддинро он ҷо дидаанд. Аз дасти аскарҳо дар роҳ гурехта будааст. Бори рӯзгор ба дӯши Тоҷиддини кӯдак афтод. Замона нотинҷ буд. Нигоҳубини бибию модар ва додару хоҳаронаш бар дӯши ӯ афтод. Зиндагӣ мушкил шуд. 

Боби 3. Дузди баинсоф

Охирҳои с.1941 вақте гуруснагӣ таҳдид мекунад, он вақт 25-сола буд, маҷбур шуд мағозаи деҳаро ғорат кунад. Гушна ба шер зад! Пас аз мағозаро ғорат кардан мебинад, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ чанд танро пешандоз карда бурда истодаанд. Виҷдонаш, ки пок буд, намехоҳад, дигарон ба ҷои ӯ ҷазо бинанд. Онҳоро манъ карда мегӯяд, ки “бегуноҳанд, сар диҳед эшонро. Дузд манам, пас чаро онҳо ба маҳбас раванд?” Вақте Тоҷро қапида мебаранд, ӯ боз шарт мегузорад: “Маро ба ҷанг баред. Аз он, ки маро маҳкам мекунед, на ҳукумат фоида мебинад, на ман. Хубаш, рафта 1 немисро кушам, беҳтар нест?»

Ҳамин хел, с.1942 Тоҷро ба ҷанг бурданд. Дар муҳорибаи Курск вақте набарди сахт мешавад, аз 1 дивизия 13 нафар зинда мемонад ва аз байни онҳо якеаш Тоҷ буду дигаре 1 ӯзбеку боқӣ дигар миллатҳо. Аммо ҳамагӣ ярадор буданд. Дар ин ҳарб Тоҷ сахт маҷруҳ шуд. Тир пардаи шикамро чок мекунаду рӯдаҳояш ба замин мерезанд. Онҳоро худ гирифта ба шикамаш мегузораду бо дасти чап шикамро қапида, бо дасти рост ба душман аз камон тир мекушояд. Пас аз госпитал баромадан боз ба ҷанг сафарбар мешавад. Ҳамин гуна ғалабаро дар Олмон бо ҳамяроқонаш ҷашн мегирад. Баъди ғалаба ба зодгоҳаш бармегардад. 

Боби 4. Ҷанги 1х1 бо уруси Шефи Ғарм

Баъди ҷанг шумораи русҳо дар навоҳии кӯҳистон афзуд. Ҷавонони рус дигар дар аксар мавзеъҳо даъвии зӯриву паҳлавонӣ мекарданду ба маҳаллиҳо гап намедоданд. Онҳо намояндаи “миллати бузург” буда, аксар вақт гуноҳи бо айби эшон рухдода ба зимаи Тоҷикбачаҳо гузошта мешуд ва касе ҳақ надошт, ки садо баланд кунад. Дар шаҳраки Ғарм Валерий ном ҷавони рус ба қавли кампирҳо “ҳавои лави ҳамаро гирифта буд”. Касе ҷуръат надошт аз хатти кашидаи ӯ қадам берун занад. Ин овозаро шуниду орому қарорро аз даст дод. Аз 1 сӯи хона ба тарафи дигар қадам мезаду бо алам мегуфт: “Ин ҷо Тоҷикистон асту ватани мо. 1 рус намемонад, ки мо Тоҷикон сар бардорем? Марги мо барин ҷавонмард! Мо қатори русҳо деҳу деҳкада ва шаҳрҳои онҳоро аз фашист наҷот додем. Садҳо фарзанди Тоҷик он ҷо ба шаҳодат расиду имрӯз 1 урус мардуми моро “мурғ кунад?!...”. Тоҷ Валерийро ба ҷанги тан ба тани 1х1 даъват кард ва пеш аз ҷанги рустамона шарт гузошт, ки “агар ту ғолиб баромадӣ, ман аз Ғарм баромада меравам, агар ман ғолиб шудам, пас аз 1 рӯз дар ин ҷо туро набинам”. Дар «дуэл» Тоҷ ғолиб меояду Валерий низ аз Ғарм ҷавонмардона баромада меравад. 

 Дар чойхонаи Ғарм Солеҳ гуфтанӣ шахс чойхоначӣ буд ва аз будаш зиёд дар ҳама чиз нарх мегузошт. Тоҷ наздаш омада мехоҳад, ӯро ба роҳи рост ҳидоят намояд, то дар давраи душвори баъдиҷангӣ, ки аксари мардум азоби гуруснагӣ мекашиданд, барои оммаи васеъ ёрӣ расонаду азият надиҳад. Вале Солеҳ овоз баланд ва таъкид мекунад, ки пуштупаноҳи зӯр дорад ва муҳтоҷи андарзи 1 дузд нест. Таҳқирҳои ӯ Тоҷро гизала мекунад ва бо 1 мушт яли сари дегро ба замин мехобонад. Солеҳ ба мақомот аризаи шикоятӣ менависад. 2 делоро 1 карда, Тоҷро ба муҳлати 10 сол суд намуда, дар зиндони Зарскийи вил.Иркутск мепартоянд. 

Боби 5. Дидор бо “пахан зоны”

Рӯзҳои аввал касе ӯро дар маҳбас ба 1 пули пучак намегирад. Гапаш қурб надошт. Баъди 2-3 рӯз ӯро ба ҳузури “падар” даъват мекунанд. Тоҷ рӯбарӯяш ҷавонмарди бузургеро мебинад. “Падар” ба ӯ доир ба қавонини маҳбас чанд гап мегӯяд ва гапашон мегурезад. Муҳофизону паҳлавонони “падар” ба Тоҷ ҳамла кардан мехоҳанд, лек “падар” бо даст ишора мекунад, ки ҳама ором истанд. Аз ҷо баланд мешавад ва ба Тоҷ рӯ оварда мегӯяд, “тан ба тан меҷангем, ғалаба кардӣ, гапатро мегӯӣ, ғолиб омадам, ба ман итоат мекунӣ”. 1 даст ба ҳамдигар дармеафтанд ва барои нафасросткунӣ 1 лаҳза ҷудо мешаванд. Тоҷ бо овози баланд мегӯяд: “Бепадар балои осмонӣ будааст”. “Падар” ҳарфи Тоҷикиро шунида, наздик шуда мепурсад:

-Тоҷикӣ, бародар?

-Бале,-бо ҳамон оҳанг мегӯяд Тоҷ.

Ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд.

-Номи ман Сангак. Аз Кӯлобам.

Оре, ин ҳамон Сангак Сафарови овозадор буд. 2 фарди диловари Тоҷик дур аз ватан дар 1 мулки рус ба ҳамдигар аҳди бародарӣ бастанд. 

 Яке аз шоҳидон нақл мекунад, ки “солҳои 1960, даврони донишҷӯӣ, дар хонаи Акашариф Ҷӯраев будам. Як маҳал мебинам, ки Тоҷ пиджак дар даст ба ҳавлӣ медарояд. Вақте маро дид, хурсанд мешавад ва маро пеш-пеш аз дарвоза бароварда, маълум набуд, ки ба куҷо мебараду ба таксие савор мекунад. Рост ба 1 чойхона меравем. Вақте вориди чойхона мешавем, 1 тан марди боқувват дар 1 сӯи чойхона нишастааст. Дар чойхона ҳамаи кор худхизматрасонӣ буд. Тартибот ҷорӣ. Болои ҳамаи чиз нархнома гузошта шуда, касе чизе мехост мегирифту бурда пулашро месупорид ва рафта нишаста мехӯрду баромада мерафт. Он мард Тоҷро мебинад, аз ҷо баланд шуда, якдигарро танг ба оғӯш мегиранду мебӯсанд. Ашк аз дидаи ҳар 2 ҷорӣ мешавад. Аввалин бор ашки Тоҷро дар ҳамон ҷо дида будам. Баъд аз вохӯрӣ моро шинос кард: “Бародари қиёматиам Сангаки кӯлобӣ...”.

Ҳатман давом дорад

Шокир Наим,

мухбири мардумии СССР, н.Рашт

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter