ХАБАРИ ДОҒ

  

 

Идома аз шумораҳои пешин

Дар шумораи пор ба ҷое расидем, ки Тоҷи Ғармӣ дар зиндон бо Сангаки Кӯлобӣ, ки падари маҳбас ё худ “пахан зоны” буд, вохӯрда, ҷӯра мешаванд ва ба Тоҷикистон бармегарданд. Ку бубинем, дар Душанбе ин 2 “авторитет”-и олами ҷиноӣ бо чӣ корҳо банд буданд. Рррррррафтем?...

 

Боби 6. Набард бо қафқозиҳо

Он солҳо дар ш.Душанбе намояндагони миллатҳои гуногун зиста, фарзандони онҳо, ки аксар хунгарм буданду нозпарвар, муқобили мардуми маҳаллӣ дастаҳо ташкил ва ҷавонони Тоҷикро дар ҷойҳои хилват лат мекарданд. Он солҳо ҷавонони осетину арманӣ дигар ҷавонони марбут ба миллатҳои маскуни ш.Душанберо ба зону шинонда буданд. Ҳатто ҷавонони Тоҷик низ ҷуръати бо онҳо сар ба сар шудан надоштанд. Хоса, дар маҳаллаи “8 март” ва “Водонасосная”. Аз ҳама аҷиб ин буд, ки ҷавонони Тоҷик дар ватани хеш ҳуқуқи сайругашт ва бо забони модарӣ гап заданро надоштанд.  

 Сангак аз Кӯлоб омада буд. Вазъро диду бародархондаш Тоҷро ба пойтахт даъват намуд. Ин 2 ҷавонмарди ғайюр тамоми ҷавонони шердилро аз дуру наздик даъват карданд. Дар бораи ватану ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ҳарф заданд. Он рӯзҳо гурӯҳи ҷавонони шаҳр Сафар, Ғуломалӣ, Сайдалӣ, Муин, Зафар Нозим, Муқим Ҷӯраев, Шоҳини Алии Хуш, Амини Бухорӣ, Абу ва чанд тани дигар ба майдони мубориза баромада, баъди як мӯҳлати кӯтоҳ муштзӯрони қафқозиро аз зини салтанат ба замин заданд. Баъди ин шикаст қафқозиҳо 1 умр аз Тоҷикон метарсиданд!!! 

Аммо ин ғалаба осон даст надод. Чанд тан аз ҷавонони ҷасуру муборизро барои “ранҷонидани намояндагони миллатҳои бародар” ба маҳбас кашиданд. Сангаку Тоҷ низ аз нав ҳабс шуданд...

 

Боби 7. Тоҷи пир дар озодӣ

Соле, ки Тоҷи Бурҳон аз ҳабс баромад, солхӯрда буд, лек қоматаш мисли солҳои пеш росту дастонаш қавӣ. Ба ватан баргашт ва бо маслиҳати дӯстон вазифаи чойхоначии ошхонаеро дар шаҳраки Навобод ба зимма гирифт. Мисле, ки Сангак низ дар Кӯлоб соҳиби қаҳвахонаи “Лаззат” шуда буд. Шояд мизони давр ҳамин буд, ки “авторитет”-ҳо чойхоначӣ, бармен, корманди ошхонаву тарабхонаҳо мешуданд. Ҳолдонҳо нақл мекунанд, вақте Сангак аз зиндон баромад, ӯро бо иззати эҳтироми вежа пешвоз гирифта, аз маҳбас сари чамбари мошинаи тамғаи “НИВА”, ки он солҳо маъруфтарин ҶИП дар шӯравӣ буд, шинониданд. Дар вилояти Кӯлоб бошад, мақомоти дахлдор, кормандони баландрутбаи милиса бо ӯ вохӯрдаву вазифаи “барменӣ”-ро пешниҳодаш карданд. Шоҳиде қисса кард, ки вақте Иброҳим Исмоилу Қувват Султон, ки ҳарбиёни аршад буданд, бо Сангак даст додаву оғӯш кушода, пешвоз гирифтанд, Ҷиёнхон Ризоев ба ӯ даст надод. Сангак дар ҳамон ҷо гуфта буд, ки “Барои ин беҳурматӣ рӯзе туро ҷазо медиҳам”. Тавре маълум, дар соли 1992 Ҷиёнхонро Сангак, ки ҳамакнун садри Фронти Халқӣ буд, парронд...

 

Боби 8. 

Дасти сахои Тоҷ

Вале баргардем сари Тоҷи худамон. Хулласи калом, Тоҷ низ дар Ғарм чойхоначӣ шуд... Донишҷӯёни аз дигар шаҳру навоҳӣ омадаро ҳузури хеш даъват кард. Гуфт, ки рӯзе 1 бор ҳақ доранд аз ҳисобаш бепул дар ошхона хӯрок хӯранд. Дастмузду бозёфташро ба хӯроки донишҷӯён дода гуфт: “Шумо оянда муаллим мешавед. Бо шиками сер бештари вақтро ба хондан сарф кунед. Бачаҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоед. Коре кунед, ки шогирдони шумо мардони ватандӯсту бо нангу ор бошанд.” Донишҷӯён дар бораи ӯ қиссаҳои зиёд шунида буданд. Ба ҳарфҳои ӯ гӯш медоданду лаб мегазиданд. Дар ҳайрат мемонданд, ки як марди авбошу дузди муштзан ба онҳо падарона андарз мегӯяд. Боварашон намеомад, ба қиссаҳои шунида...

“Тоҷи Бурҳон ба марг ҳам сар хам намекунад”, мегуфтанд дар суҳбатҳо.

“Агар ман бимирам, рост мемирам, намехоҳам аҷал болои сарам биёяду маро хору залил бинад”, мегуфт Тоҷ.

 

Анҷоми достон: Биҳили Тоҷ

С.1985. Шоҳидон қисса мекунанд, ки ӯ 1 шаби боронӣ, дер ба хонааш омад. Ҳамон сол дар шаҳраки Ғарм иқомат дошт. Касе аз ҳамсояҳо ӯро назди дари хонааш диду салом дод. Тоҷ 1 лаҳза дасти ӯро ба кафи паҳну тавонояш гирифта гуфт: “Ҳамсоя, мабодо дар умрам шуморо гапи пасту баланд гуфта бошам, биҳилам кунӣ. Зиндагӣ ҳамин хел аст. Одамизод гоҳе коре мекунад, ки баъдҳо пушаймон мешавад.”

Он ҳамсоя баъдҳо ҳикоя кардааст, ки “гоҳе дастамро бо панҷаҳои зӯраш мефишурд, гумон мекардам, ки дастам андаруни танур аст. Таспи баланд дошт, акаи Тоҷ...”

Субҳ ҳамон ҳамсоя аз хона мебарояд, ки дари хонаи Тоҷ кушода. Тарсида, ларзида сар ба дарун халонида, мебинад, ки Тоҷ бо 1 даст пояи кати хобро дошта, қоматаш рост истода. Садо баланд мекунаду посух намешунавад. Чун ба пайкари ӯ даст мерасонад, мебинад, ки кайҳо ҷон аз рамақ баромадаву ҷисмаш сард шуда... 

Сангаку Тоҷ 2 бор дар 1 зиндон нишастаанд. Ин 2 яли сафшикан 2 дафъа меҳмони маҳбас буданд. Тоҷ 22 солу Сангак 23 сол шишт. Ҳар 2 Тоҷики асил, миллатдӯсту ватанпарвари ҳақиқӣ буданд. Ҳар 2 барои 1 ҷурм ҳабс шудаанд: 

-Миллатдӯстиву ватанпарвариву ҳақиқатҷӯӣ.

 Шоҳидон қисса мекунанд, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ 1-2 автобус-сокинони ғармии водии Вахшро силоҳбадастон асир гирифтанд. Сарвари онҳо, ки 1 марди бо тадбир будааст, хоҳиш мекунад, “маро назди Сангак Сафаров баред”. Вақте бо Сангак вомехӯрад, мегӯяд, ки “мо аз ҳамдеҳагони Тоҷи Бурҳонем ва 10-12 тан хешу табори ӯем”, бобои Сангак ба силоҳдорон амр медиҳад, ки ба ягон нафари онҳо кордор нашаванд ва ба сокинони фалон деҳаҳо осеб нарасонанд. “Агар шунавам, ки касе 1 мӯи ин мардумро кам кардааст, сарашро мебуррам!!!” мегӯяд бобои Сангак.

Шокир Наим,

мухбири мардумии СССР, н.Рашт

PS: Ин қиссаи мо таблиғи авбошиву муштзӯрӣ нест. Мо дар бораи ҷавонмардии Тоҷикони РСС Тоҷикистон навиштем, ки зиндонҳои Сибиру Камчаткаву Новая Земля аз онҳо меларзид. Имрӯз бошад, тоҷик танҳо сари тоҷики дигар зӯрӣ мекунад, ки ин “авторитетҳои нав”-ро рӯҳи Сангакҳову Тоҷҳо мезанад. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter