ХАБАРИ ДОҒ

Агар Сталин вазири мудофиа мебуд…

  • Чоршанбе, Нояб 27 2019

 

«Облава» ва 6 решаи устувори он

Аз оғози даъватии тирамоҳии наваскарон ба сафи артиш то ҳамакнун «облава» доғтарин ва пурбаҳстарин мавзӯи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Пахши чандин наворҳои ҳузнангез ва пурҷанҷолу хархаша, саршор аз таҳқиру таҳдиду фишор, воқеан таккондиҳанда аст. Чандин таклифу пешниҳод аз ҷониби рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳалли ин мушкил асаре набахшид. Талаботи қонун ва ахиран дахолати бевоситаи Президенти мамлакат ҳам садди роҳи ин «бало» нашуд.

Масъала то ҷое ҷиддӣ гардид, ки пас аз пахши наворе, ки дар он ҷавони бемор дар натиҷаи «облава» дардаш хурӯҷ мекунад, рӯзноманигорони шинохтаи кишвар Раҷаб Мирзо (Rajab Mirzo) ва Сайёфи Мизроб (Saif Dostiev) талаби истеъфои вазири мудофиаро карданд, ки гапи содда нест. Агарчӣ талаби истеъфои ин ё он мансабдор ҳаққи маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд аст, аммо фикр накунам, ки он ниҳояти кор бошад. Тавре ба назар мерасад, решаҳои ин мараз жарфтар аз курсии вазири мудофиа рафтааст, ки ҳар лаҳза имкони сабзиданро дорад...

Вазорати мудофиа ё умуман артиш дар қиёс бо дигар сохторҳои давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи хосу аз нигоҳи ман муқаддасе дорад. Зеро ҳар тору пуди он ба пашму қасаби вуҷуди кулли шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳабу нажод ва ҳатто ақидаҳои сиёсиашон сахт печидаасту ҳазорон нафар аз ҷигарбадони мардум дар сафи артиш адои хидмат мекунанд. Шунидани кӯчактарин хабари нохуш вобаста ба самти фаъолияти ин сохтор дар миёни мардум гардиш хӯрда, даҳҳо ҳангомаи дигарро низ эҷод мекунад. Чӣ расад ба ахбори ваҳиму наворҳои даҳшатафкан... Наметавон дар баробари ин ҳама мушкилоти ҷойдошта, ки ба мақомоти аз лиҳози стратегӣ № 1-и миллат ва ҳам бақои давлат рабт дорад, бетафовут буд ва амали ҷиноии чанд «облавчик»-ро нодида гирифт. Ин гуруҳҳои бетамизи ҷинояткор (Бале маҳз ҶИНОЯТКОР- чун Кодекси ҷиноятӣ возеҳу равшан нисбат ба амали одамрабоӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст) номи муқаддаси ҳазорон родмардони некному содиқу сарсупурда ва ниҳоят ҷон сипаркардаи миллатро доғдор кардаанд! Инак, чанд мушкили асосие, ки ба андешаи инҷониб решаи «облава» маҳз аз он месабзад:

 

Мушкили № 1:

Муҳлати тӯлонии хидмат

Ба наздикӣ нашрияи парлумонии мамлакат “Садои мардум” матлабе нашр намуда, ишора кард, ки таҷрибаи кишварҳои дигар нишон додааст, ки барои малакаи ҷангиро ёд гирифтани сарбози қаторӣ аз 4 то 12 моҳ кифоя аст. “Сарбоз метавонад дар муддати то се моҳ тирпарронӣ аз силоҳи сабук, ҳаво додани норинҷак (граната), истифодаи норинҷакпаррон (гранатомёт)- ро ёд гирад. Барои дуруст рондану истифода бурдани танкаву техникаи зиреҳпӯш (БМП, БТР), тӯп, миномёт ва силоҳҳои зиддиҳавоӣ 8-12 моҳ кофист. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро дигарон дар ин муддат истифодаи аслиҳаю малакаи низомиро омӯхта метавонистаанду ҷавонони тоҷик не?” пурсид муаллифи ин матлаби муҳим.

Дар ин баробар, муаллиф зикр намуд, ки дар сурати яксола шудани хизмати ҳарбӣ масъалаи дигари ҳоло дар ҷомеаи тоҷик дардовар – азҳампошии хеле зиёди оилаҳои ҷавон, ҳалли худро хоҳад ёфт, зеро “бовар дорам, ки шумораи бештари ҷавонон бо хоҳиш аз ин мактаби ватандӯстию мардонагӣ мегузаранд. Ҷавони хизматкарда, ки соҳиби иродаи мустаҳкам мегардад, ба қадри зиндагӣ бештар мерасад. Ҳоло шояд яке аз сабабҳои зиёд ҷудо шудани оилаҳои ҷавон маҳз аз ин мактаби ҷасорату мардонагӣ нагузаштани ҷавонон бошад. Дар САҲШ ҳангоми ба қайд гирифтани фурӯпошии оилаҳо ба ин масъала бояд таваҷҷуҳ намоянд. Бо итминон метавон гуфт, ки сабаби пош¬хӯрии оилаҳо дар аксар маврид ҷавонони хизматнодидаю эркатулфор (нозпарвард)-анд. Ҷавонони мушкилоти зиндагиро нодида ва аз мактаби мардонагӣ нагузашта, бо андак камбуду хато аз баҳри ҳамсар мегузаранд ва ба осонӣ мафтуни бонуи дигаре мешаванд”. Пас хеле саривақтист, ки парлумони кишвар ҳарчӣ зудтар муҳлати хидматро бознигарӣ намояд. То тамом шудани муҳлати даъвати навбатии парлумон рӯзҳои баҳисоб мондааст. Дар сурати бознигарӣ шудани ин масъала бовар дорам назари мардум дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ки ҳоло мусбат нест, дигаргуна мешавад.

 

Мушкили №2

«Дедовшинаи»-и русӣ ва марази маҳалгароӣ

Бадбахтона, ҳарчанд аз Истиқлолияти Тоҷикистон анқариб 30 сол мегузарад ва ин мараз боиси бадбахтии мардум дар солҳои 90 –и асри гузашта гашта буд, то ҳанӯз мо натавонистаем ба фарҳанги ягонаи миллӣ аз сатҳи маҳал бирасем. Чаро ин мавзӯро дар мавзӯи мавриди баррасӣ ман муҳим мешуморам? Зеро, мутаассифона, ҳамин дарди маҳалгароист, ки «дед»-ҳои як маҳал «дух»-ҳои дигар маҳалро зери кутаку шаллоқ мегиранд. Бешак оғози ин мараз аз мактаб ва сохтори маорифу бесалоҳиятии роҳбарияти он маншаъ мегирад, аммо беҳтар аст дар қисмҳои ҳарбӣ дарсҳои тарбиявиро ҷиҳати решакан кардани он бештар кунанд!

Мушкили №3

Кафедраҳои ҳарбӣ устухоне дар гулӯи артиш

Фикр дорам, ки ба ғайр аз Донишгоҳи тиббӣ дигар ҳамаи кафедраҳои ҳарбӣ баста шаванд. Даъвои инҷониб бе сабаб нест! Чун рӯз равшан аст, ки имрӯзҳо дар сафи артиш аксаран фарзандони деҳқону мардуми оддиро метавон дид ва ман то кунун нашунидаам, ки писари мансабдори «каттазан» ва ё вазире (ба ғайр аз собиқ Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев) дар вақти сари мансаб будани падараш хидмат карда бошад. Аз ҳамин ҷост, ки хабари чанд рӯз пеш паҳнгашта дар бораи ба хидмат гусел кардани писараш аз ҷониби Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро дар Тоҷикистон бо “ура” пазируфтанд. Маълум аст, ки «облава» ҳам ба думболи фарзандони “тиллоӣ” намегардад, зеро аксаран зери чатри кафедраҳои ҳарбӣ «паноҳ» бурдаанд. Бешак, ин боиси хашми мардум ва саркашии дигарон аз артиш мегардад! Онҳо ягон шоху думи зиёдатӣ надоранд!

Манфиати ҳеч яке аз кафедраҳо баробар ба он нест, ки ҷавонон дар сафи артиш хидмат кунанду донишу малакаву таҷриба бигиранд. Масъулин ва коршиносон инро беҳтар медонанд. Дар зимн, коҳиши муҳлати хидмат ва амалишавии ин иқдом, ки ба ҳамдигар сахт алоқаманданд, метавонад таваҷҷуҳи кулли мансабдорони баландпоя, вакилони порлумон ва аҳли зиёи кишварро нисбат ба артиш ва устувор будани он ба маротиб зиёд кунад. Фарз кунем, агар ҷойи Шаҳбол Мирзоев (шифои комил насибаш), ки ҳангоми адои хидмат ба таври мудҳиш латукӯб гардиду бистарӣ шуд ва ё ҷойи ягон аскарбачаи деҳқоне, ки ба таври мармуз ба ҳангоми хидмат ҷон дод (Худованд нишон надиҳад, аммо чӣ кунем, ки борҳо шохиди ин фоҷиа шудаем), фарзанди мансабдори баландпоя ва ё каттазане мебуд, медонед чӣ шуру шаре ба пой мехест? Борҳо шоҳиди садамаи нақлиётии фарзандони мансабдорон шудаем, ки суръати мошинро аз меъёр хеле зиёд ронда, ҷони дигаронро низ аз арсаи ҳаёт рабуданд... Тардид надорам, агар онҳо дар сафи артиш хидмат мекарданд, ҳеч гоҳ ба чунин амали ҷиноӣ (боиси марги дигарон шудан; ҷиноят эътироф кардан ё накардани кирдорашон ба виҷдони дигар мақомот вобаста аст...) даст намезаданд. Зеро артиш беҳтарин мактаб барои тарбияи ҷавонон низ ҳаст! Сабаби асосии ин ҳама гиреҳро ман маҳз дар фаъолияти кафедраҳои ҳарбӣ мебинам, ки монанди устухони дармондаест дар гулӯи артиш! «Мӯъҷиза»-и дигари кафедраҳои ҳарбӣ дар он аст, ки филологро додситон мекунаду иқтисодчиро муфаттиш ва тамбӯрнавозро гумрукчӣ. Садҳо муҳассилин аз факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи гумруки Русия ва амсоли он бо ихтисоси худ кор намеёбанд... Албатта ин мавзӯи алоҳида аст, аммо аз баҳси мо низ канор нест...

 

Мушкили № 4

Набудани фонди махсус барои артиш

Дар ҳоле, ки мушкили фасод ва боздошти бешумори шахсони мансабдор бо ҷурми порагирӣ ин дардро дар сатҳи маризии саратон ҷилва медиҳад, дар бораи ташкили чунин як фонд ё суратҳисоб гап задан афсонаи «деви хулиган” -ро ба ёд меорад. Бо ҳамин назардошт, беҳтар аст як кумисиюни мардумӣ таъсис дода шавад ва дар он чанд нафар аз ҳисоби роҳбарияти вазорати мудофиа, 2-3 нафар аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, як ё ду нафари аз шаҳру вилоятҳои кишвар ва 2-3 нафари дигар аз рӯзноманигорони варзида барои назорати сарфу харҷи дурусти маблағҳои дар фонд ҷамъшуда ҷалб карда шаванд!

Барои касе пӯшида нест, ки бинобар сабаби мушкилоти иқтисодии кишвар, маблағи солона ҷудомешудаи буҷет дар соҳаи артиш ҳатто ба андозаи дигар кишварҳои ҳамсоя нест ва маоши кормандони ин сохтор низ барои таъмини пурраи харҷи рӯзгорашон намерасад. Як омили асосии реша давондани фасод низ маҳз камии маош аст! Дар аксари кишварҳои мутараққии ҷаҳон чунин як фонд вуҷуд дорад ва ширкатҳои ватанӣ фоизи муайяне аз даромади худро ба ҳисоби ин фонд ихтисос медиҳанд. Дар баробари ин, кӯмаки афроди дорову сарватманд низ барои рушди соҳаи артиш кам нест. Мо низ метавонем бо таъсиси чунин як фонд қомати муҳофизони марзу буми кишварро устувортар нигох дорем ва барои рафъи мушкилоти ин сохтори муқаддас ҳамагӣ то андозае саҳим бошем. Афсарону сарбозони сафи артиш сазовори шароити хуби рӯзгор ва маоши арзанда ҳастанд, ки мутаассифона онро надоранд... Ҳамчунин, оилаҳои афсарони шаҳидшуда, ки дар вақти адои хидмат ба ҳалокат расидаанд, худро танҳову бепарастор эҳсос накунанд ва аз ин ҳисоб ба эшон низ кӯмаки молӣ бирасад. Масалан аз (фарзи мисол) 4 милион мардуми дорои қувваи меҳнат ва нафақахӯрон моҳона, агар 1-сомонӣ ба ин фонд бахшида шавад ва ширкатҳои ватанӣ низ 2 ё 3 фоизи даромадашонро ба он ихтисос диҳанд, маблағи ҳангуфте ҷамъ хоҳад шуд! Ман шахсан ҷамъи зиёди Ватандӯстонеро медонам, ки ҳозиранд ин иқдомро дастгирӣ намоянд! Дар омади гап, бархе сарватмандони ватандӯсти мо ҳоло ҳам ба қисмҳои низомӣ кӯмакҳои беғаразонаи худро анҷом медиҳанд. Аммо чун ин гуна кӯмакҳо берун аз назоратанд, шояд гумони дуздида шудани ин хайрияҳо пеш биёяд. Дар сурати таъсиси бунёди алоҳида, шаффофияти масъала то ҷое пеш меояд.

Дуруст аст, ки дар ҳоли бастани дари кафедраҳои ҳарбӣ ва ба сафи артиш пайвастани фарзандони мансабдорон, ин олиҷанобон лутфи бештаре дар ин фонд хоҳанд кард, то ҷигаргӯшаҳояшон ба мушкиле мувоҷеҳ нашаванд!

 

Мушкили № 5

Набудани имтиёзҳои зарурӣ ба ходимони артиш

(Аз ҷумла имтиёз барои дар оянда ишғол намудани вазифаҳои давлатӣ)

Кулли афсарони сафи артиш бояд аз имтиёзҳои мухталиф бархӯрдор бошанд. Дар натиҷа ҳам боиси коҳиши фасод дар ин сохтор мегардад ва ҳам дасту дили эшон ба кор гармтар мегардад...

Аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва муддаии қудрати ҷаҳонгир аз ин таҷриба ба таври чашмрас истифода мекунанд...

Мушкили № 6

Аз гуфтани мушкилот набояд тарсид!

Як бадбахтии дигари мо ин аст, ки дар асри 21 ҳам масъулин фикр мекунанд ҷинояту мушкилоти ҳосилкардаи онҳо пинҳон мемонад. Аз ҳамин ҷост, ки ба ҷои ҳал кардани мушкилоти ҷойдошта, чун мардум дар бораи онҳо мегӯянд, зуд ба “пахш” кардани ин гуна одамон сар мекунанд. Вагарна оё ин “ватандӯстон” намебинанд, ки ҳамарӯза дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ одамон “облава” –ро навор гирифта паҳн мекунанд? Пас аз пахши ин наворҳо “патриотҳо” муаллифонро дар “хиёнат ба ватан”, ки гӯё садди роҳи “ҷалби ҷавонон” ба хидмат мешаванд, муттаҳам карданӣ мешаванд. Дар асл, маҳз онҳое хиёнатпешаанд, ки бо ин роҳҳои ғайриқонунӣ мераванд. Шояд аксарияти онҳо фақат ба хотири пайдо кардани ду тангаи ҳаром ба ин кор даст мезананду бо гирифтани “доля” “сайди” худро раҳо мекунанд. Вале дар ниҳоят “хизмати хукона” мекунанд, чун дар зеҳнияти мардум хизмат ба Ватанро тавре ҷилва медиҳанд, ки тарсзост!

Агар ман ба ҷои масъулин мебудам, фаъолияти созмони “Ампаро” –и Дилрабо Самадова (Dilrabo Samadova)-ро, ки чунин ҳолатҳоро сабти ном мекарду тадбири ҳуқуқӣ андешиданӣ буд, на танҳо намебастам, балки ба ӯву онҳое, ки ин корро мекунанд, мукофот ҳам медодам. Танҳо дар сурате ҷавонон ба хизмат бо хоҳиши худ мераванд, ки бубинанд ҳукумат мушкилоти ҷойдоштаро ҳал карданист. Аммо, агар онро “пинҳон” карданианд, дили ҳама хоҳад монд, ки касе дар паи ислоҳи вазъ нест...

 

Ба ҷои хулоса

То он даме ки ин мушкилот ва шояд чандин камбудии дигари дурмонда аз зеҳни ман ҳалли худро наёбад, фикр мекунам, моҷарои «облава» тамом нахоҳад шуд. Ҳатто, агар Сталинро аз гӯр хезонида, бо рутбаи генералиссимус вазири мудофиа монем, бо вуҷуди ин мушкилот дар баробари «Облава» оҷиз мемонад... Ба мушоҳидаи ман «облава» ё чунин шеваи кори “ҷалби” наваскарон дар ягон кишварҳои минтақа ва ҳатто мамолики ҷаҳони сеюм ба мушоҳида намерасад, ки ниҳоят шармовар ва нангин ба назар мерасад. Натиҷаи ин амали ҷиноӣ ва ғайриқонунӣ, яъне ҳамон «облава»-ро кам набояд дид ва оташи исёну фиғони мардуми норозиву хашин дар натиҷаи қонуншикании маъмурон метавонад заминае барои равғанрезии гурӯҳҳои манфиатхоҳ бигардад. Оё алангае дар чунин шароити бӯҳронӣ барои ҳукумати феълӣ зарур аст? Саволест, ки посухи санҷида ва мантиқӣ мехоҳад...

Бо арҷ ва бе ғараз,

Абдураҳим Умариён,

журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter