Проблемаи миллӣ-1
Ман ин матлабро баъди андешаи тулонӣ менависам. Хонед! Ва сипас хулоса кунед, ки Мо Метавонем!
Ман ягон бор ва дар ягон ҷо на гуфтаам, на мегӯям, на хоҳам гуфт, ки муддаии курсии хидматӣ дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонам. Вале ман дар ҳама ҷо мегӯям, менависам, таъкид мекунам, ки зуҳури Эмомалӣ Раҳмон барои ин миллат аз вежакориҳои Худост!
Агар теғи олам биҷунбад зи ҷой,
Набуррад рагеро, нахоҳад Худой!
Ҳар нафаре бар ин зуҳур шак дорад, эмонаш заъф дорад! Ман мутмаинан мегӯям, агар 16.11.1993 ӯро сарвари давлат интихоб намекарданд, сенарияи Давлати исломӣ дар қораи Осиёи Марказӣ такрор мешуд! Ман бо куллияи сарварони ҳамон оппозитсияи исломӣ шинос будам. Имрӯзаҳош не! Бовар кунед, инҳош умуман барои ошноӣ нозебандаанд. Абдуллои Раҳнамо инҳоро на ҳудаву беҳуда беадаб мехонад. Фаросати баҳс надоранд инҳош. Вале сар аз Нурӣ то Ҷага, Маҳмадрӯзӣ ва Давлат Исмон 1 чӣ мегуфтанд:
-Моро ҷасорат ва худфидоии Эмомалӣ Раҳмон моил ба сулҳ карда буд!
Чаро ин матлабро менависам? Солҳост, баъди истеъфои ман аз Радиои Озодӣ, ки ҳама коргаронашро иззат мегузорам, зеро чойхӯр будему ғамшарику намакчаш, аксарият ҳадс мезаданд, ки ман соҳиби вазифачае мешавам! Дидед, ки нашудам? Ва намешавам низ! Зеро ман патриотам. Ватанро барои курсии мансаб не, барои хуни ноф рехтан бояд дӯст дошт. Ман барои вазифа истеъфо надода будам. Барои миллат аз кор рафтам ва даркор шавад боз хоҳам рафт ва аз дилхоҳ вазифа!
Ва ана акнун дар бораи хуни ноф. Хуни нофи ман дар Кӯлоб рехтааст! Ман бо кӯлобӣ буданам ифтихор дорам! Ва ғармиву зарафшониву аштиву хуҷандиву помириву дарвозиву ванҷиву ховалингиро ҳамонгуна, ки худро меҳурматам, иззат мегузорам! Беҳтарин дӯсти ман Сафват аст. Сафват аз Панҷакент аст. Чун ҳоло сухан сари маҳалла аст, ошкоро менависам. Воқеан ҳам ин ҳамон Сафватест, ки кӯлобиҳо, дар солҳои аввали таъсиси СССР менавиштандаш, ки «Ту Сафват, братан чихелӣ кӯлобиӣ… Сайёфро бугӯ, кӯлобиёра ба назар бигирад, ки …». Худатон медонед охири ин обзатс чист!
Шоираи Раҳимҷон аз Ваҳдат асту хоҳар қиёматии ман. Ҷамилаам аз Хуҷанд аст…Ҷамилае, ки ҳамсояҳош гуфтаанд, «шефатон ҷудо хушрӯ будаст (рекламаи инфиродиям) зан доранд-мӣ?». Идибек аз Ғарм. Ҳатто Баҳодури мо ғармист. Ман ЯГОН коргари кӯлобӣ надорам ва ман маҳалчӣ?
Додоҷони Атовулло… Нафаре, ки ҳама сангаш мезаданд дар тӯли 30 соли ахир 1 ҳарфи бад дар борааш нанавишта будам. Зеро ба гуфти ҳамон кӯлобиҳои ҳамшаҳрии Додо «Ӯ мужикай! 1 рӯй дорад!!!».
Воқеан ҳам дар бораи шумо низ-мӯҳтарам душманони навхонда, нахоҳам навишт, агар душмани мардед. Вале дар дигар бора менависам. Дар бораи маҳалчигии худам:
-Кадом Тоҷик маҳаллааашрор дӯст намедорад? Хуни ноф, ки рехт, бояд дӯст дорӣ он зодбумро. Фикр доред, Трамп зодгоҳашрор дӯст намедораду Путин Питерро? Номаъқул кардаед, агар чунин фикр доред. Вале муҳаббат ба зодбум ишқ бар миллатро кӯтаҳ намекунад!!! Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам! Бе фарқ ва бе тафовут!
…Миннат намегузорам, зеро қарзи бародарии ватандорист: вале вақте Раҳими Ашрофи конибодомӣ фавтид… фарзандонаш маро падар хонданд. Соате Ниёзбоқиии мастчоҳиро куштанд, духтаронаш маро ба ҷои ӯ баргузиданд…Аввалину охирин ишқи ман…Бадахшон аст!!!
Вақте Шарифхони Тағоймурод аз ким-кадом гӯшаи ким-кадом шаҳри Русия занг заду гуфт, ки намояндагони ким-кадом миллате ӯро дар 1 вагон ғавра кардааву куштаниянд, адресашро пурсидам ва аэропорт рафтаму билет гирифтам. Фикр мекунед, ман зӯрам ва садҳо касро лату кӯб мекардам? Неъ! Шояд аз 1-ум мушт афтида беҳуш мешудам. Вале ман Тоҷикам ва дар соати бад паҳлӯи Тоҷики асил рост мешавам!...
Мехоҳед дар бораи Сафват қисса кунам? Боре 1 нафар Сафватро муште зад. Сафват хурдҷуссаст. Гуфт, баъд чӣ? Зӯрам ба ту нарасад ҳам на-ме-тар-сам!!!
1 ҳамхизмат доштем, дар космодром Байконур. Аз Хуҷанд буд. Номаш ёдам нест, вале тахаллусаш «Малыш» буд…Боре бо 1 қазоқ 1Х1 зад. Қазоқ зӯр омад. Ҳайрон нигоҳаш кардем, ки гуфт: «ну и что? Я 100 раз буду биться с ним!». Қазоқ мурду сӯяш аз тарс намеомад….
Сулаймон гуфтанӣ ҳамхизмат доштем. Аз Кӯлоб…ӯро бояд дид, ки бо навиштан намешавад. 1 Рустами Замона аст! 30 чечену сибирякро зада титу пит кард ва гуфт:
-Я таджик!!!
Ман шояд 30 касро назанам, вале ба 300 млн хонанда мегӯям, ки Тоҷикам ва ифтихор бо ҳама шумо дорам. Ҳатто бо онҳое, ки буздилу дурӯяанд.
Ва медонед чаро? Мо Метавонем!