ХАБАРИ ДОҒ

Проблемаи миллӣ-2

(Ин андешаи сирф инфиродии ман аст, ки сари касе бор карданӣ нестам! Аммо…)   

     Ягон давлати дунё бар фасод, коррупсия, ришват дастболо на шудааст ва на хоҳад шуд! Аммо давлатҳои пешрафта тавонистаанд, ки шиддати онро поин баранд. Ва медонед чигуна? «Просто-так!». Гирифтанду ришваро расмӣ карданд, албатта, расмии ғайрирасмӣ…Мефаҳмонам:

Банда зиёд сафари кишварҳои олами Шарқу Ғарб кардаам ва ҳарчанд Саъдии Бузургвор мегӯяд: 

Агар рост хоҳӣ, ту аз ман шунав, 

Ҷаҳондида бисёр гӯяд дурӯғ…

… ман мегӯям, зеро шоҳиди аҷиб кору кирдоре будам, ки фасод аз байн рафтааст. Фарзи мисол, дар Амрико «чаевые» гуфтанӣ гап ҳаст. Шумо ба дилхоҳ меҳмонхона, тарабхона, ошхона, корхона ворид мешавед ва ҳар нафаре ба шумо хизмат расонад, ҳатман 1,2-10 доллар «чаевые» медиҳедаш. Аксарият шояд ин амалро дар киноҳои амрикоӣ мушоҳида кардаанд, ки фарзи мисол, ҷомадонҳои мизоҷро нафаре мебараду сипас то чанд доллар ба ӯ надиҳанд, дур намешавад. Фишор намеорад. Ҳамту меистад, то пулаш надиҳанд. 

Аксарияти онҳое, ки Амрико рафтаанд, медонанд, ки гид-роҳбаладҳо ҳатман аз шумо дархост мекунанд, ки пули майдаи 1,2,3 доллара бо худ гиред. Ва ҳар вақте ҷое, касе хизмат расонид, тарҷумонҳо мегӯянд, ки ба онҳо «чаевые» диҳед. Яъне чойпулӣ. Дар Аврупо низ чунин асту Чину Мочину Ҳинд низ! Ва медонед чӣ, ана ҳамин чойпулиҳо, ки онро бо лафзи ширини мо метавон чун Ширинкома тарҷума кард, дар ин кишварҳо фасодро аз байн бурдааст! Зеро шахсе, ки бе фасод бузург мешавад, ҷамъияте, ки фасодро якҷониба кардааст, ҳатман пешрав мегардад. Зеро фасодро ману шумову қонун не, ки Худои Таборак ва Таоло манъ фармудааст!!!

Олами ислом, мутаассуф, аз ин амр саркашӣ кардаву дар коми балост. Ғарб, ки ба масали мардумӣ «ислом надораду имон дорад!», бидуни фасод ба мартабаҳо мерасад. Пӯсткандаи гап, пешниҳод дорам, дар бархе аз соҳаҳои хидматрасонӣ, дар мо низ  Ширинкома ба таври расмии ғайрирасмӣ, мисли Амрико, роҳандозӣ гардад. Чигуна?

Масалан, зиёд сари фасод дар БДА мегӯянд. Намегӯянд? Мегӯянд, мегӯянд! Пас, бигзор хидмати афсарони БДА-ро замистону тобистону барфу лойу борон… ба назар гирифта, ҳар мошинсаворе, болосарии ҷарима, агар карда бошад, Ширинкомае ба нозир диҳад. Надиҳӣ ҳам мегиранд-ку?! Ширинкома метавонад, ҷаримаро поинтар бубарад.

Ё хидмати духтур. Духтуре, ки моро 10 рӯз табобат мебахшад, чаро аз пеши худ пуле бароварда надиҳем? Агар пурсид, ки те, фасод ва ҷарима, вале агар чанде додиву гирифт, Ширинкома. Ҳалолаш бод!

«Дальше-больше»-гуфти русҳо. Муаллимини макотиби олӣ, ки имрӯз мавриди ҳамлаи коррусионерҳо ва журналистон қарор гирифтаанд, низ бояд Ширинкома гиранд, на ришва. Бигзор донишҷӯ ба муаллиме, ки ӯро 1 семинар дарс додаву омода кардааст, аз рӯи тавони худ, Ширинкома диҳад! О, бе ин ҳам медиҳанд-ку?! Вале Ширинкома набояд маҷбурӣ бошад ва ё бешу кам. Чӣ қадаре, ки дод, Ширинкома аст. Зиёдтар талаб кард-пора! Дар они воҳид фасод аз соҳаи маориф гум мешавад.

Ва ё бигирем журналистикаро. Фикр доред, дар мо фасод нест? «Ещё как» ҳаст! Вале чун гурӯҳи журналистон аз роҳи дур омадаву 1 гузориши телевизионӣ ва радиоӣ ва ё газетӣ омода месозанд, бояд Ширинкома гиранд. Чанде аз кисаи корафтода барояд. Ва олам гулистон!!!

Суду прокурорҳо низ бояд Ширинкома гиранд. Албатта, на аз онҳое, ки мешинонанд. Фарзи мисол, фасодкоре дастгиру ҷурми расонидааш ба корхона ё давлат ҷуброн шуд, пас чаро корхона ё давлат фоизи андаке аз ҳамон ҷуброн ба унҳо надиҳанд? Бовар кунед, фасод дар ин соҳот низ худ гум мешавад!

Ё милисае дуздро, ки ҳамёнатонро бо 500 сомонӣ рабудааст, дастгир намуд. Пас чаро 10% аз ин боздошту бозёфт, расмии ғайрирасмӣ, яъне Ширинкома ба ӯ надиҳем?

Назди чиновнике медароему ӯ, ки бечора ҳамагӣ 700-800 сомонӣ маош дорад, ним рӯз бо асноди мо побанд. Пас, чаро ба ӯ Ширинкома надиҳем? Бе ин ҳам надиҳем, корамон тӯл мекашад-ку?

Тамомии соҳаҳоро метавон мисол овард, ки метавон Ширинкома доду фасодро аз байн бурд. Вале Ширинкомагир, ки мизоҷ ихтиёрӣ медиҳад, набояд боздошт ва ё ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Зеро Ширинкома худ ҳарбу мубориза бо фасод аст, чун дар олами мутамаддин ва басо назаррастар аз кори агентии мубориза бо фасод.

Воқеан мо чунин Ширинкомаи расмӣ дорем. Бонкҳо барои хизматрасонӣ % мегиранд-ку?! Ана ҳамин Ширинкома аст! 

…Бовар кун хонанда, шояд навиштаи ман бароят ғайриқобили қабул намояд, зеро нахустин бор аст, ки дар ин бора умуман менависанду ту мехонӣ, вале агар умқан биандешем, Ширинкома ҳатман фасодро аз миён мебардорад, ё ҳадди ақалл паст мекунад. Мо Метавонем!

Аз редаксия: Фикри аҷиб… Ҳммм, андешаи хонандаро дар ин маврид интизорем. Ту чӣ мегӯӣ, хонандаи СССР. Пешниҳод қобили дастгирист ва ё на? Нависед. Мечопем! Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter