ХАБАРИ ДОҒ

Проблеми миллӣ-4

Ростӣ, дар ин бора кайҳо мехостам навистан, вале андеша мекардам, ки «Ба Кӣ мегӯӣ???»… Сӯҳбат сари имиҷ аст ва он ҳам имиҷи сарварони давлатҳо!

Дар илми сиёсат ва дипломатия самте ҳаст, ки онро ба забони содаву оммафаҳмтар «имиҷмейкер» мегӯянд (обрӯсоз). Машинаи бузурги идеологӣ имиҷи президентро месозад. Хоҳ вай раисиҷумҳури Амрикову Русия бошад ва ё Папуа-Гвинеяву Филиппин ва ғ. ва ҳ. Дар ин самт онҳое фаолият мебаранд, ки мактабҳои бузурги имиҷсозиро хатм кардаанд. Соҳа нав нест ва ягон зарфияту вежагии миллӣ ва нажодӣ надорад. Имиҷро бояд талқину ташвиқ намуд, сохт, банду баст намуд ва пешкаши раъият ва аҳли олам кард. Тамом ва-с-салом.

Шумо фикр доред, вақте Трамп, Макрон ё Ангела Меркел… баромад мекунанд,  пасашон мардуми тасодуфӣ саф задааст? Хестед, ки хобед. Ин сенария аст. Ягон нафари тасодуфӣ ба ҳадди 1 тиррас ба президентони абарқудрат наздик шуда наметавонад. 1001 тафтишу протседураро бояд паси сар кард, то дар ин саф қатор кашӣ. Аммо мардуми оддӣ бо шумули мо-Тоҷикон фикр мекунад, ки ана демократияву мана президенти мардумӣ… 

1 мисоли дигари ба баданамон наздиктар (своя рубашка ближе к телу-масали русӣ) меорам. Путинро. Дидаед, ки тамомии олами мутараққӣ зидди ҳокими Кремлин асту имиҷмейкерҳо аз ӯ чигуна Шахсияти барҷаста месозанд? Ин сенарияҳоро дида, фикр мекунӣ, ки баъди пайғамбар ягона шахсияти арзанда ва қобили парастиш ВВП асту бас. Ҳатто қатли Тоҷикони гастербайтер аз сӯи скинхедҳои зертобеи Кремл ба нақши 3 ва 4 мегузаранду дилҳомон саршор аз муҳаббат нисбат ба Ҳукумати Русия мегардад. 

  Чанде пеш Путин дар юбилейи Пахмутова-пианинонавози моҳир ва оҳангсози маъруфи собиқ давлати СССР ва ҳамакнун Русия ширкат дошт. Гулдастае худ бурда, ба Александра Николаевна тақдим намуд ва ҳатто шавҳараш-Николай Добронравов-шоири шӯридаро низ фаромӯш накард. Суханҳое гуфт, ки ҳатто Тоҷикон пасфардояш дар кӯчаҳо онҳоро такрор кардаву ашк мерехтанд…

Ва медонед маро чӣ ёд омад? Дидорҳои раисиҷумҳури ҶТ бо аҳли зиё. Охир Президенти мо аз Путин ҳам дида мардумитар, дилсӯзтар аст дар нисбат ба аҳли ҳунару фарҳанг. Фарзи мисол, дар ҳар чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон худаш микрофон гирифтаву бо сарояндагони маъруфу маҳбуб суруд мехонад, шеър мегӯяд, мерақсад, ҳар ҳунармандро алоҳида пурсупосу дилҷӯиву дилвардорӣ мекунад. Пас, пурсида мешавад, ки чаро имиҷмейкерҳои сарвари давлати мо ҳини пахши чунин барномаҳо тариқи ТВ ин ҳамаро қайчӣ мезананд? Охир бо мардум будан худ намои мардумӣ будани Президенти мост! Ҳар нафаре дар ин чорабиниҳо ширкат кардааст, медонад, ки толор ба ваҷд меояд, зеро ин ҳин воқеан дарк мекунӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон бархоста аз миёни мардум аст, фарзанди ҳамин миллат, халқ ва сарзамин аст. Боварнокарданист, вале ӯ тақрибан аз ҳоли дили ҳама фарҳангиён бохабар асту бо проблемаҳояшон ошно ва ҳине бо онҳо сухан мекунад, фикр мекунед, ки падар бо фарзандонаш сӯҳбат дорад. Ин гирудорро аҳли толо мебинаду медонад ва гуфтаҳои маро тасдиқ хоҳанд кард. Вале мутаассуф, қайчибадастони имиҷмейкер 9 млн аҳолии Тоҷикистонро аз сӯҳбату баҳсҳои офарандаи раисиҷумҳури хеш маҳрум мекунанд!      Шахсан ман намедонам барои чӣ? Шояд онҳо фикр доранд, танҳо ҷиддияти Президентро ба намоиш гузоранд, имиҷи ҳукумат боло меравад? Аслан на! Замона дигар шудааст. Барои имиҷи муосир сохтан кӯшишу талоше ҳам лозим нест, зеро рафтору гуфтору доду ситади Президенти мо худ намунаи олии демокротӣ ва мардумсолории ӯст! Вале ҳайҳот, ки ин ҳама аз назарҳо ғоиб мемонад…

Дар тӯли чанд соли ахир, танҳо бозовардани Бозор Собир-шоири шӯрида ва Тимур Зулфиқоров-бузургтарин адиби русзабони Тоҷиктабор ба Душанбе ва дар биноҳои навбунёд (новостройка) соҳиби манзили зисти барҳаво сохтани ишон, кофист, ки имиҷи Президенти мо дар олам муаррифӣ мешуд, вале албатта, дар сурати амалан фаол гардидани обрӯсозон, яъне имиҷмейкерҳо…

Борҳо бо устод Бозору Тимур Касимович сӯҳбат кардаам. Суханҳое, ки ишон дар бораи одамгарӣ ва мардумсолории Президент мегуфтанд, худ басанда буд, ки имиҷи ӯ бар осмони 7-ум такя занад. Бозор Собир дигар нест ва назари неки худро ба гӯр бурд. Вале хушбахтона Тимур Зулфиқоров сиҳату саломатанд ва телевизиону радиои мо бояд ҳатман назари ӯро сабт ва пешкаши омма кунанд, ки ин басо хубтар аз шеъру таронасаройии чанд ҳофизаки тасодуфист. Зеро ин ҷо Шахсият дар бораи Шахсият сухан мекунад!!!. Фарзи мисол, Тимур Касимович, ки ҷаҳондидаанд боре ба ман гуфт:

-Сайёфчик, ты знаешь, когда я впервые встретился с Эмомалӣ Рахмоном, то почувствовал, что от нее веет лёгким ветерком симпатии. Такие дуновения идут от Великих сынов отчизни… (ниёз ба тарҷума нест, ки аксарият русиро хуб медонем)…

Вале аммо лекин… ин ҳама назари Шахсиятҳо, рафтору кирдору гуфтори мардумии сарвари давлати мо пушти саҳнаҳое мемонанд, ки қайчибадастон бо миқрози беалам аз назари 9 млн тоҷикистонӣ пинҳон сохтаанд. Мо Метавонем!

PS: Имиджмейкер — это особая профессия. Прежде всего, потому, что он занимается созданием не образа, а облика...

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter