ХАБАРИ ДОҒ

Пешниҳод ба Ш. Зуҳуров ва Ш. Мирзо

  • Чоршанбе, Дек 25 2019

   

Салом ба кулли кормандони СССР! Ба Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Шералӣ Мирзо-вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд пешниҳод дар мавриди даъвати ҳатмии ҳарбӣ дорам: 

1. Муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳо 1 сол карда шавад.

2. Донишҷӯён баъди хатми таҳсил ба муҳлати 6-моҳ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб шуда, баъд бо диплом таъмин гарданд.

3. Ба даъватшавандагон то анҷоми хидмати ҳарбӣ иҷозати гирифтани шиносномаи хориҷӣ дода нашавад.

4. 2 моҳ қабл аз шурӯи мавсими хидмат ба даъватшавандагон даъватнома (повестка) фиристода шавад. 

   Ин ҳама боис мегардад, ки низоми хидмати ҳарбӣ ба танзим даромада, бо зуроварӣ (облава) ба хидмат ҷалб кардани даъватшавандагон пешгирӣ шавад. 

Ҳомид Расулов, н.Мастчоҳ, 927293290

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter