ХАБАРИ ДОҒ

«Облава» ба ҳадди ифрод расид!

  • Панҷшанбе, Янв 16 2020

 

 Банда хизмати Ватан-Модарро солҳои 1972-1974 дар ш.Одессаи Ҷумҳурии Украина дар қисми танкӣ бо сари баланд адо намудам. 2 маротиба рухсатӣ доданд. 56 кг будам, 70 кг шуда омадам. Дар он замон калимаи «облава» набуд. Мутаассифона, вақтҳои охир нисбати гусели наваскарон ба Артиш афкори мухталиф ба назар мерасад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳарчанд шароити хизмат сол аз сол беҳ шуда бошад ҳам, ҳамоно калимаи «иҷборӣ» ва «Облава» нигаронкунанда боқӣ монда, то ба ҳадди ифрот расидааст. Дар ҳама чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ чунин шиор садо медод: «Ҷавонон фаромӯш насозед, ки хизмати аскарӣ қарз аст!». Аммо ин шиор рафта-рафта камтаъсир шуда истодааст. Чаро? Ин сабабҳои мушаххаси худро дорад: 

   1) Вақте, ки ба ҳама раисону роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо супориши шавад, ки 1 нафарӣ «солдат» қапида биёранд, боз фарзандони ҳамон фаррош, қаровул ё бечораеро меқапанд! Вале бачаи бойҳоро, ки пул доранд, на ба хизмат даъват мекунанд, на «облава» мешаванд. Ҳол он ки дар назди қонун ҳама баробар аст-ку.

    2) Вақте даъватшаванда аз хизмат саркашӣ мекунаду мегурезад, муҷозот намешавад. Бигзор саркашу гуреза муҷозот шавад ва баъд рафта хизмат кунад. Ана дар он сурат барои иҷро нашудани нақшаи наваскарон ҳамаи роҳбарони идораву муассисаҳоро сарсону саргардон намекунанд, ҳам хариду фурӯши «солдат» барҳам мехӯрад ва ҳам роҳбарони идораҳо аз таҳдиду таҳқир ва фишор халос мешаванд ва ҳам роҳбарони муассисаҳо аз зердастонашон барои «солдат» гуфта шояд дигар маблағ ҷамъ накунанд. Масъулони Вазорати мудофиаи мамлакат дар ин маврид чӣ мегуфта бошанд? 

Табаралӣ Авсақолов, узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор    

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter