ХАБАРИ ДОҒ

Пробка барои масҷид ё масҷид барои пробка?...

  • Панҷшанбе, Янв 16 2020

03.01.2020. Соат ба вақти Душанбе 12:46 дақиқа. Шаҳраки Данғара… 

Сӯи Кӯлоб сафари корӣ доштаму аккурат дар ҳамин соат аз назди Масҷиди ҷомеъи ба номи Мавлоно Тоҷиддини Дашти Кӯлакӣ, ки ба эътирофи Шайх Нақшбанд ва ба шаҳодати Мавлонои Балхӣ «Аз авлиёулиллоҳ аст!», расидем. Чун рӯзи Одина буд, тасмим гирифтем, намози ҷумъаро гузорида, сипас роҳамонро давом диҳем. Пештоз мегӯям, ин масҷид ҳамагӣ 1 проблема дошт, вале чӣ МУШКИЛИЕ!!!

Эшони Сайид Муттаҳҳар, ки эмоматии масҷиди мазбурро бар дӯш дорад, хуш садое дошту хуб донишу ҷаҳонбинии ухравию муосире. Аз шунидани мавъизааш, ба вежа дар мавриди тарбийяти фарзанд, кайфийяти рӯҳ бардоштем. Мардуми Данғара онгуна бо муҳаббату самимият меҳмонони намозгузорро пешвоз гирифтаву зери пояшон, дар ин ҳавои сарди барфу боронӣ, шолу қолӣ меандохтанд, ки ту гӯӣ, Хонаи Худо неву хонаи ин мардум даромада бошӣ. Намозро бо кайфийяти билотасвир гузоридему берун шудем. Ва он чизе, ки дар кӯча дидем, кайфи на танҳо мо, ки ҳазорон-ҳазор намозгузору мусофиру равандаву чархандаву ронандаро парронд:

- Пробка!!! 

Неомусалмонони мо, ба вежа мусофиркашони самти Душанбе-Кӯлоб, Кӯлоб-Душанбе, Фархор-Душанбе, Ҳамадонӣ-Душанбе, Восеъ-Душанбе, Ховалинг-Душанбе, Шӯрообод-Душанбе, Дарвоз-Душанбе, Ванҷ-Душанбе (на беҳуда масири ҳаракатро мегирам, то хонанда бидонад, ки чӣ қиёмате ин ҷо барпо шуда буд!!!)…Шоҳроҳи Давлатро (оре, ин масир мақоми расмии давлатӣ ва стротегӣ дорад!) пурра баста буданд! Барои чӣ? Барои намози ҷумъа!!!

Ҳазорон-ҳазор мошин дар шоҳроҳ дармонда буд. Ба иллати чанд таксисте, ки худнамоӣ кардаву ба масҷид давида медаромаданду мошинҳои худро ҳар ҷое, ки рост меомад, мегузоштанд. Ба ҳисоби ман, ҳадди ақалл 7-8 рад мошин назди масҷид, дар тӯли 500-600 метри паҳноии шоҳроҳ саф зада буд. Ин мошинҳои неомусламононе буданд, ки намоишкорона, бо кибру ғурур, такаббур (хислатҳои иблис алайҳилаъна!) автоҳояшонро сари роҳ партофта, сӯи масҷид медавиданд.

Ҳой, буродарон! Намегӯям намоз нагузоред. Ин шояд бузургтарин савобест, ки дар номаи аъмолатон навишта мегардад. Вале оё медонед, ки бузургтарин ҷурм дар мазҳаби Эмоми Аъзам роҳбандист??? Шояд огаҳон ин қиссаро донанд, ки халифаи Бағдод хобе ваҳим дид ва таъбираш наёфтанд ва Эмоми Аъзам, ки он замон кӯдак буд, гуфт, ман таъбир хоҳам кард, вале ба 1 шарт: бояд аробаи ман аз роҳ бозпас нагардад ва бо самте ҳаракат намуд, ки яҳудии бадавлате дар сари роҳи мардуми мусалмон хона бино карда буд. Хуласи калом, ки ин ҷо ҷои ташреҳи  зиёд нест, ҳамин хона садди роҳи Эмоми Аъзам шуд ва бо амри шоҳ иҷборан хонаи яҳудиро хароб кардаву роҳи мусалмононро бикшоданд… Ва аммо, мо, ки даъвии мазҳаб дорем, ҳар рӯзи ҷумъа роҳи даҳҳо ҳазор мусофирро мебандем ва на танҳо дар масҷиди фавқуззикри н. Данғара, ки дар тамомии масоҷиди кишвар!

Мусалмонӣ пеш аз ҳама тамиз аст! Вале мо бетамизӣ карда, роҳҳоро баставу ба ҳазорон одам мушкил эҷод сохта, боз даъвии савобияти намози ҷумъа дорем? Борҳо шоҳид шудаем, ки дар пробкаҳои назди масоҷиди пойтахт, ба вежа Масҷиди 1-ум Советский, Сари Осиё, Яккачанор…умуман дар ҳама масоҷиди ҶТ, мошини ёрии таъҷилӣ-03, сӯхторхомӯшкунӣ-04, милиса-02, автобусу троллейбусҳо, мошинҳои боркаш дармондаанд. Дар интизори онҳо ҳатман маризе буд, ки ҷон медод, хонае буд, оташ мегирифт, мусофире буд, ҷое дер мекард, бечорае буд, ки мавриди тазйиқи дузду авбоше қарор дошт. Вале барои мо ин ҳама 2-пула гап! Ҳоло ҳам шояд бархе ин сутурро хондаву гӯяд, ки намоз аввалиндараҷа аст! Не, бародарон, дар оғози ҳар дину мазҳаб, ҳар ибодату намоз…мардумсолорӣ, дилнаёзорӣ, дастгирӣ ва муҳаббатфизоӣ қарор дорад. Боз ҳам мегӯям, зидди ягон намозе нестам, вале коре кунед, ки мушкил барои мардум эҷод насозед, то Ӯ намозатонро бипазирад. Исломро дини гуманӣ кунед, на ситамӣ!!! Агар ҳамингуна роҳбандӣ, фарзи мисол, дар Маккву Мадина шавад, пулиси исломӣ мошинҳоро пачақу маҷақ карда мепартояд, то минбаъд чунин номаъқулиро накунанд. Боқӣ ҳукм аз худи хонанда... 

PS: Шахсан ман қотеъона аз Вазири Корҳои Дохила, Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии ҶТ, раисони шаҳру навоҳӣ дархост дорам, ки ба мушкил расидагӣ кунанд ва дар навбати аввал рақами тамомии мошинҳоеро, ки дар тамомии гӯшаву канори кишвар дар рӯзҳои намози ҷумъа роҳҳоро мебанданд, кашида гиранд ва ронандагонро ҷаримаи сахт бубанданд. Бовар кун, хонанда, мо-мардуми табармусалмонро танҳо чунин сахтгирӣ ба ифоқа, тартиб, сомон ва виждон хоҳад овард. Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter