ХАБАРИ ДОҒ

Тафтиши шикоят идома дорад

  • Чоршанбе, Янв 29 2020

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 07.02.2009, № 622, мақолаи Б. Ғайбуллоева, ки дар рӯзномаи «СССР» 31.10.2019, № 44 (581) таҳти унвони «Ин ҷо нафс ҳоким аст: дар байн 100.000 доллар меистад», дар Суди Олӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Тавре муайян гардид, Ғайбуллоева Бибикалон Ҳафизовна ба ҷавобгарии бахши САҲШ н.Айнӣ ва Бобоева Мавҷуда Валиевна дар бораи муқаррар намудани ҳолати бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва беэътибор донистани ақди никоҳ ба суд муроҷиат намуда, даъвояшро бо он асоснок кардааст, ки шавҳараш Шоисматов Мулоҳасан санаи 18.02.2018 вафот кардааст. Ӯ бо марҳум  Шоисматов М. аз соли 1976 ақди никоҳ баста, онро соли 1980 дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ, н. Айнӣ ба қайди давлатӣ гирифтаанд. Аз зиндагии якҷояашон соҳиби 1 фарзанд-Шоисматов Умедҷон Муллоҳасанович, санаи таваллудаш 23.07.1983 гашта, бо Шоисматов М. то вафоташ якҷоя зиндагӣ кардаанд. Бинобар гум шудани шаҳодатномаи ақди никоҳ таҳти силсилаи 1-ҒҶ 464149 ӯ ба бахши САҲШ н.Айнӣ барои барқарор кардан ва такроран гирифтани шаҳодатнома муроҷиат кардааст. Аммо бо сабаби дар Бахши мазкур сабти ақди никоҳи онҳо вуҷуд надоштан, ба аз такроран додани шаҳодатномаи ақди никоҳ рад кардаанд. Аз ин рӯ ба суд муроҷиат кардааст, чунки муқаррар намудани ҳолати бақайдгирии давлатии ақди никоҳ, ба ӯ барои қабули мероси Шоисматов М. зарур мебошад.

 Пас аз вафоти Шоисматов М. муайян намудааст, ки дар бахши САҲШ н.Айнӣ ақди никоҳи Шоисматов М. ва Бобоева М. ба қайди давлатӣ  гирифта шуда, шаҳодатномаи ақди никоҳ, таҳти силсилаи 1-ДС № 33199962 аз 31.12.1988 дода шудааст. Ақди никоҳи Шоисматов М. ва Бобоева М.-ро ғайриқонунӣ меҳисобад, зеро ақди никоҳи ӯ ва марҳум Шоисматов М. дар соли 1980 дар қайди давлатӣ буда, бекор нашудааст. Бинобар ин аз суд хоҳиш кардааст, ки ҳолати бақайдгирии давлатии ақди никоҳ байни марҳум Шоисматов М. ва ӯ муқаррар карда шуда, шаҳодатномаи ақди никоҳ байни марҳум Шоисматов М. ва Бобоева М.В. беэътибор дониста шавад. 

Бо ҳалномаи суди ш.Истаравшан аз 18 октябри соли 2018 аризаи даъвогии Ғайбуллоева Б.Ҳ. бинобар беасос буданаш рад карда шудааст. Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди вилояти Суғд аз 8.01.2018 ҳалномаи мазкур бетағйир, шикояти кассатсионии намояндаи ваколатдори Ғайбуллоева Б.Ҳ.-Бегматов Н. беқаноат мононда шудааст. Бо таъиноти судяи суди вил.Суғд аз 3.04.2019 шикояти назорати намояндаи ваколатдори Ғайбуллоева Б.Ҳ.-Бегматов Н. ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ рад карда шудааст. Тибқи талаботи қисми 3 моддаи 1 Кодекси оилаи ҶТ танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.

Тавре, суди ш.Истаравшан муайян намуда, дар ҳалнома дарҷ кардааст, Ғайбуллоева Б.Ҳ. бо марҳум Шоисматов М. соли 1976 бо расму оини динӣ никоҳ баста, соҳиби 1 фарзанд-Шоисматов У. М. санаи таваллудаш 23.07.1983 гардида бошанд ҳам, аммо ақди никоҳашонро дар мақомоти давлатӣ ба расмият надаровардаанд. Ин ҳолатро суд бо маълумотномаи бахши САҲШ н.Айнӣ аз 27.04.2018, таҳти № 471 ва мактубҳои шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вил.Суғд аз 16.08.2018, таҳти № 814 ва аз 27.09.2018, таҳти № 946 ва дигар ҳолатҳои кор асоснок намудааст.

Ҳоло шикояти назоратии Ғайбуллоева Б.Ҳ. нисбат ба санадҳои судии дар боло номбаршуда дар Суди Олӣ мавриди омӯзиш қарор дорад ва аз натиҷаи омӯзиши шикоят дар якҷоягӣ бо парвандаи оилавӣ ба муаллиф ҷавоби муфассал фиристода мешавад.

А.Исҳоқӣ, 

муовини Раис

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter