ХАБАРИ ДОҒ

Чаканро сиёсӣ накунед(м)…

  • Чоршанбе, Фев 05 2020

Проблемаи миллӣ-6

 Барои навишти ин матлаб маро ҳамин шеъри Хайрандеш таккон дод. Онро бишнавем (хонем) ва сипас сӯҳбатро давом диҳем.

Хайриддин Хайрандеш: ТОҚИИ КӮЛОБӢ

Эй мардуми Кӯлоб, чи бофазлу баҳисед,

Дар заргарию дар чакану нақш нафисед.

Доред аҷаб тоқии хушранги баҳорӣ,

Дар гирдаву шерозаи тоқӣ нанависед!

Ҳарчанд навиштед калимоти муқаддас,

Ҳусне наву қубҳест ба ҳар чашм, дигар бас!

Зинҳор надӯзед саросема, ки зишт аст,

К - ин тоқии мо нусхаҳаки боғи биҳишт аст…

 Воқеан ҳам агар аҳамият додаӣ, хонанда, ҳоло дар рӯи тоқии чакан чизе хоҳанд менависанд: Шиор! Шеър!! Маҳалл!!! Ном! Насаб… О, тоқии чаканро сиёсӣ накунед, мардум. 

Ҳамин ҳоло латифае ёдам омад, ки рӯи тоқии чакани 2700 навишташударо хонда, муллое, ки дар собиқ ГАИшник будааст, сафро рост карданӣ шуда, бонг мезанад:

-Бисту ҳафту нол нол!!! Сафро рост кунед!

 Ҳунари мардумие, ки умри пурбаракоти 6-700 сола дорад, набояд сиёсӣ гардад. Тарсимҳое, ки дар чакани Кӯлоб, чакани Помир, чакани Хуҷанд, чакани Раштонзаминанд худ атиқааанд, антиквариатанд. Роҷеъ ба чакани миллӣ, 15-20 сол пеш таҳқиқоти журналистӣ гузаронида будам ва то ҳанӯз кайфийяти кашфиёташ маро тарк накардааст. Зеро дар тарсимҳои чакани миллӣ, намое аз Зардуштия, Ситорапарстӣ, Хуршеду Моҳ ва сайёраҳо маҳфуз будаанд. Тоқии чакани мардонаро ҳаргиз бояд бонувон бар сар накунанду домани чакани пургулро ҳаргиз раққоса-мардон ба бар, ки рамзҳо доштаанд. Аввалӣ ишора бар сарфарозии ҷавонмардисту дуввумӣ бар маънии бокирагиву покдомании бонувон (фарзи мисол фатаро марде мепӯшад? Чакан низ рамзҳо дорад!!!). Ва акнун ба ёд оред, горе-моделерҳои навинро, ки чаканро чигуна масхара мекунанду мо каф куфтаву шодмонӣ месозем…

Фанатизми беақлонаи исломгароӣ бошад, душмани №1 барои чакан шудааст. Ин мардум тӯпичаҳои сафеду сурхаки чиноиро, ки рамзи бутпарастианд, кайҳо бар чакан тарҷеҳ додаанд. Ин камхирадаон фикр доранд, ки агар тарсимҳои атиқаи чакан фош шаванд, муртад кофир мегарданд. Эй, мардум! О, чанд бор гӯем, ки маданияти мо, ҷаҳонбинии ҷадди мо, фарҳанги ориёии мо, чандин ҳазор сол пеш аз зуҳури на танҳо Ислом, ки яҳудияву насрония-динҳои Яктопарастӣ зуҳур кардааст ва зотану табиатан 1 Тоҷик наметавонист, 7000 сол пеш Қуръон хонаду Инҷилу Тавротро дар чакан дӯзад…зеро онҳо он вақт на-бу-данд!!!

Имрӯз ҳатто дар мутаассибтарин давлати исломӣ-Эрон рӯ ба Зардушту маданияти атиқаашон овардаанд, илло мо, ки думболдаи чанд ришдарозаки кӯтаҳақлак ин ҳамаро радду инкор мекунем. Саҳифаи фейсбукии Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков), ки 200% мусалмон асту танҳо ба ин хотир, ки ба мо-ноқисулимонони фанатик расониданист, ки Зардушту маданияти Ориёно қадимтар аз фарҳанги худошиносии аъроб аст, чӣ таҳқиру дашному дуоҳое, ки намехонем. Бархе бехирадон ҳатто фикр доранд, ки Абдуқодир оини Маздаясноиро зинда мекунаду кори Ислом хароб мешавад!...Э, мусалмонак! Зардуҳуштия бебозгашт аз мо рафтааст ва он ҳарбу зарбе, ки ту мекунӣ, арабҳо дар даврони зуҳури Ислом зидди Авасто доштанд. Зеро воқеан ҳам он вақт ин дин дунёгир буду бояд ҷояшро ба Ислом медод. Дигар тамом! Капут! Нест Зардуштия! Ва онро, агар тамомии дунё камар низ бубанданд, зиндаву эҳё карда наметавонанд. Вале ту, мӯҳтарам фанат, инро намефаҳмӣ…

Ва ана ҳамин фанатҳои мутаассиб буданд, ки нигораву тарсимҳои чаканро маҳв мекарданд. Вале агар онҳо танҳо мебуданд, 1 дарди бахайре. Имрӯз, горе-идеологҳои мо, ки ба фикри худашон миллату ватану халқи воҳид сохтаниянд, чаканро шиорбор кардаву аз асолат дур месозанд. Ба пиндори инҳо, агар чакан бе шиор бошад, маҳалчигист, кӯлобипарастист, бадахшону раштонпарастист. Ва бо шиору овезаҳои барғалат моҳияти чаканро ба нестӣ мекашанд. Инҳо коре кардан доранд, ки ҳатто фанатҳои арабу муғулу руспараст дар тӯли 2000 соли ахир дар ҳаққи чакан кардан натавонистаанд.

Имрӯз бояд шиори даврони советиро ба чакан корбаст намуд:

-Руки проч от чакана!!! 

-Ба тоқии чакан, куртаи чакан, шерозаи чакан, камарбанди чакан нарасед. Онро сиёсӣ ва шиорӣ накуне(м)д.

Гап зиёд аст. Вале бо ҳамин иктифо мекунам, ки чакани 7000 солаи мо набояд дастгоҳи дилхушии ину он чиновник бошад: Рӯзҳои ҷашнвораҳои миллӣ, бар сар тоқии чакан гузоред, вале бе ишора ба маҳаллеву шиоре... Мо Метавонем!

 

1 Паём

  • Шарҳр додан Хусейн Панҷшанбе, 06 Феврал 2020 11:42 Паём аз Хусейн

    Ин фикр муҷиби дастгирист. Бале дар токии чакани кулобиву раштони, хуҷандиву бадахшонӣ навиштани солу шаҳр рӯзи таваллуд, чи қадар чашмхарош дар назар мерасад. Ин инъикоскунандаи маданият не, балки барҳамзании маданияти садҳазорсолаи мост. Ва бояд сари роҳи онро гирифт. Бениҳоят муташакирам ва бо Сайеф бо дудаст ҳамфикр ҳастам.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter