ХАБАРИ ДОҒ

Умре аз Убайдуллоев миннатдорам!

  • Чоршанбе, Фев 12 2020

Муродбахт Рустамбекова, 1 сокини ш.Душанбе ва хонандаи ҳамешагии газетаи СССР ба идора (тел: 93-33-76-01) занг зада, гуфт, ки соли 2013-ум маҷбур шудам, аз хонаҳои навсохти шаҳр ба воситаи кредит хона бихарам. Дар пардохти маблағи хона бисёр мушкилӣ мекашидам. Соли 2013 ба қабули Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки он солҳо ба ҳайси раиси ш.Душанбе фаъолият мекард, рафтам. Чун навбат ба ман расид, аз шунидани мушкилиҳоям ба андеша фурӯ рафту пурсид, ки дар кадом муассиса кор мекунеду чӣ қадар маош мегиред? Дар ҷавоб гуфтам, ки дар Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон фаъолият дораму маошам 850 сомонӣ аст. Раис аз шунидани ин дар ҳайрат монду боз саволам дод, ки бо ин маоши ночизатон чӣ гуна ба таври кредит хона мехаред ва кӣ ба шумо кӯмак мерасонад? Гуфтам, ки 2 духтари муҳоҷир дорам, онҳо дар ш.Москваи Федератсия Россия фаъолият доранд ва каму беш кӯмакам мекунанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳамон вохӯрӣ ба шахсони масъул супориш доданд, ки муҳлати шартномаи хонаи иҷора гирифтаи маро 5 сол зиёд намоянд ва нархи хона аз арзиши муқарраршуда 50 фоиз кам ва инчунин хонаи ман аз ҳисоби МИҲД ш.Душанбе пурра таъмир гардида, бо тамоми ашёи рӯзгордорӣ таъмин карда шавад. 

Санаи 1-уми феврал бародари гиромиам ходими намоёни давлатию-ҷамъиятию сиёӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷашни мавлуд дошт. Бо камоли эҳтиром ин шахсияти намоёни давлатиро ба муносибати ҷашни зебои мавлудашон самимона муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатию рӯзгори ободро орзумандам. Ҳамеша сиҳатманду фирӯзманд бошед Маҳмадсаид Убайдуллоеви арҷманд!

 

1 Паём

  • Шарҳр додан Маҳмадулло Сироҷӣ * Якшанбе, 16 Феврал 2020 14:19 Паём аз Маҳмадулло Сироҷӣ *

    Рӯзномаи хубу хонданӣ СССР,
    Хушрангу базебу диданӣ СССР.
    Дарди ҳамаро ба дида мебардорад,
    Бар дарди ҳама расиданӣ СССР.

    Як СССР аз бадани олам рафт,
    Гӯё зи ҷаҳон Таҳамтани олам рафт.
    Имрӯз чӣ хуш, Рӯинтане омад боз,
    Боке набувад, агар "ман"-и олам рафт.

    Дар СССР бародарӣ тарғиб аст,
    Дар СССР баробарӣ тарғиб аст.
    Марду зани неки Тоҷикистони азиз,
    Дар ҳар нафасаш саросарӣ тарғиб аст.

    М. Сироҷӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter