ХАБАРИ ДОҒ

Ба сафари Чилдухтарон дастпӯшаку комбинезон пӯшед!

  • Чоршанбе, Март 04 2020

- Ҳа Раҳмон ако боз ин қадар серташвиш?

- Ба деҳаи Кӯндошаҳри ҷамоати деҳоти Чилдухтарон, ки аз толеи пастамон хонаю дар ва бачаю качаҳоямон он ҷо ҳастанд, рафта истодам.

- Хайр, ин комбинзону парашют, дастпушаку айнак барои чӣ лозим? Магар он ҷо ягон мусобиқаи варзишӣ барпо мегардад? 

- Эй, ҷураҷон не, маълум мешавад, ки ту пасту баландиҳои уштурмонанди даҳшатовари хатарноку мушкилгузари то ба манзил соқу саломат рафта расиданро, ки ҳафтоду ҳафт вагон ҷон лозим мешавад. Ва маълум мешавад, ки ту пасту баландиҳои роҳи байни ноҳия  ва ҷамоати Чилдухтаронро надидаӣ. Агар медидӣ, худат медонистӣ, ки дар ин роҳ аз рӯи даҳҳо намуди  варзиш имтиҳон супоридан лозим меояд. – А-а-а, Чӣ хел ? Кани фаҳмон!

Ҳамин ки мошин аз деҳаи Заркамар (Қулулӯ) гузашта ба ин роҳи ноҳамвори ниҳоят хатарноки  ҷамоати Чилдухтарон ҳаракат мекунад, пасту баландиҳои ин роҳ мошинро ба ҳар тараф  алвонҷ дода рӯдаҳоятро ба сарат сала мекунанд. Ва баъзан мошин шуморо чунон ба боло ҳаво медиҳад, ки барои сиҳат ва саломат ба замин фуромадан, албатта парашют лозим аст.

Дастпӯшак барои он лозим аст, ки мабодо парашют кушода нашуда монад, дар вақти ба замин задан дастонат аз кӯлуху сангпораҳо лат нахӯранд. Комбинезон барои он гирифтам, ки либосҳоямро  аз хоку чанг ҳифз намоям. Худат нағз медонӣ, ки чашм узви хеле нозук ва заруртарини инсон аст, агар айнак набошад аз дида маҳрум шудан ҳам мумкин аст. Ана, чунон ки мебинӣ барои сафари ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ин чизҳо лозим ва заруранд. Ҳа, воқеан гуфтагӣ барин саёҳон он роҳҳоро ҳанӯз намедонанд, огоҳ кунем, то ки қабл  аз ба роҳ баромаданаш ана ҳамин чизҳои ман гирифтаро ба худ ҳатман гиранд, - паси сарашро хорида ҷиддӣ таъкид дошт Раҳмон-ако.

Магар ин н.Муъминобод идораи роҳсозӣ надорад? Чаро роҳҳои ҷамоати Чилдухтаронро, ки маркази он манзараҳои дилфиреби зебои биҳиштосои нотакрор дорад ва барои сайёҳони хориҷиву дохилӣ мувофиқ аст, таъмир карда намешаванд. Аммо мутаассифона имрӯзҳо сайёҳӣ он тараф истад ба деҳаи Шаҳраки маркази ҷамоати Чилдухтарон сокинони маҳаллӣ ҷонашонро дар кафи даст гирифта рафту омад доранд ва чаро ин роҳҳоро дуруст карда, мардумро аз ранҷу азоб озод намекунанд?

- Эй ҷӯраҷон, ҷавоби ин саволатро аз каллаҷунбонҳои роҳсозони ноҳия пурс.

Р. Сафарзод, хабарнигори «Хорпуштак»

 

1 Паём

  • Шарҳр додан Маҳмадулло Сироҷӣ * Ҷумъа, 06 Март 2020 17:15 Паём аз Маҳмадулло Сироҷӣ *

    Номуси ватанпарастӣ
    Пешрафта кунун дар осмон саргардон,
    Ковиши замин тамом, кунун аз кайҳон.
    Мо дар хами кӯчаем - мегуфт яке,
    То ҳол нахестаем аз хоби гарон.

    Эй он ки ба сина мезанӣ мушт зиёд,
    Хасро сари хас намондаву кори ту дод.
    Номуси ватанпарастӣ дар ҳосили кор,
    Он мушт бизан ба каллаи бебунёд.

    Ҳабси хиҷилам зи мардуми нопӯхта,
    Аз мардуми нопӯхта даҳан нодӯхта.
    Гӯянд сухан фақат з-андоза бурун,
    Шамъи гапи пӯхта то кунун н-афрӯхта.

    Як бор асои эҳтиёт гум кардем,
    Дар хун тапидему ҳаёт гум кардем.
    Имрӯз агарчи ваҳдатием ҳама,
    Афсӯсу дареғ эътимод гум кардем.
    М. Сироҷӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter