ХАБАРИ ДОҒ

Ба иззати Худое, ки моро офардиааст, агар вазъро оҷилан тағйир надиҳем, миллат ба варта мепечад. Суҳбат сари эркатулфорҳои мост. Аз ман низу аз ту ҳам хонанда…

Мо бояд дарк кунем, ки насли бе ғоя, бе тавонмандӣ, бе парво ва бе ватану бе миллат тарбият кардан дорем. 1 бор ба писар ё духтарат таваҷҷуҳ кун! Кардӣ? Чашмони холӣ аз шарор, нигоҳи бетафовут, фикру андеша танҳову танҳо сари пулу молу манол...ин реалитӣ-шоуи даврони мост. 

Сарҷамъона ин насл бо сари хам гирифтори компутару мобилу интернету фейсбуканд. Миллате, ки ҳоло тарбият меёбад, миллати Фейс аст ва пешвову ҳодияшон Фейку Худояшон (наъузанбиллоҳ) Марк Суккерберг. Ҳоло ин насл онгуна сари гӯри падару модари хеш гиряву афғон намесозад, ки рӯзе суръати интернет суст гардаду мабодо Фейс дастнорас. Ин насл кайҳо омодаанд, мисли ҷавонони бодиву камхиради аъроб бо 1 даъвати суккербергҳо инқилоб кардаву падару модарро кушанду ватани хешро сӯзанд. А, шумо чӣ фикр карда будед? Оё бо инқилобҳои арабӣ кори хирс тамом шуд?! Зинҳор! Ба ҳар бало омода бошед, ки вақт аз даст меравад. Ва мутаассуф, ба назар мерасад, ки дастгоҳи идеологии мо ин ҳама моҷароро нодида мегирад, ки оқибати нек надорад. Ман нагуфтаам, классик гуфтааст:

-Душманат гар пашша бошад,

Камтар аз филаш мадон!!!

Имрӯз, дидем, Аврупои демократӣ исломистони ниқорталаберо дар бағал гарм карда, ки рӯирост шиори хунрезиву табаддулоти давлатӣ мезананд! Фикр доред, ки онҳо бе иҷозати спонсорҳо ин корро кардаанд? Дар Аврупо хасе бе иҷозати Бруссели расмӣ намеҷунбад, ҳатто агар бод ун сӯтар, тӯфон вазад ҳам. Пас, бояд ба печидагиҳои навбатӣ омода шуд. Ман медонем, ки чӣ мегӯям. Мо Метавонем!

Вале баргардем, сари Гейтсу Суккербергҳои яҳудӣ, ки бо ақлу тамиз аз кисаи ин насли камбизоату почаканда хамарӯза даҳҳо миллион сомонӣ мерабоянд (ҳалолашон бод, зеро метавонанд!). Онҳо имрӯз кадом сӯе хоҳанд ин наслро мечархонанду чи коре хоҳанд бо эшон мекунанд. Зеро ин насл зомбӣ шудааст, манқурт гардидааст, дур аз олами ҳастисту дар дунёи рӯъёҳо ва мутаассуф рӯъёи бегонагон дар гардиш. Гуфти Сафвати Бузурги мо ин «поколение» ҳатто «поколение пепси» ҳам нест. Ин насли шербачагони Суккербергу Гейтсанд, «потерянное поколение», ки Ватан, миллат, модар, иззат, ҳурмат, мазҳаб, дин барои эшон бегона аст.

Ҳоло, ки бар тибқи дархости созмонҳои фароҷаҳонӣ ва мубаллиғини суккербергҳо, ба вежа хабаргузории Озодӣ, давлати мо маҷбур шуд, карантин эълон кунад (басташавии макотиби миёнаву олӣ аллакай карантин аст! Афсонаро ҷои дигар хонед, ки дар мо карантин нест!!!), ин наслро комилан аз даст додем. Инҳо дигар дарсҳои он-лайн, виртуолӣ мехонанд. Он-лайн таҳсил, он-лайн кор, он-лайн суҳбат, он-лайн харид… Дар ин доду ситад мо ба 1 чиз аҳамият намедиҳем, ки суккербергҳо-худоёни интернетии ин насл, миллиардҳо доллар кор кардан доранд!

Салом дар мо дигар макруҳ эълон гардид! Яъне мо думболаи суккербергҳо гардида, аз кӯчактарин мунсиботи инсонӣ бадар рафтем. Ҷои салом «смайлик» асту ҷои алайк «лайк». 

Ва ҷумлагӣ ин насл газета намехонанд, радио гӯш намешнаванд, ТВ намебинанд, кино тамошо намесозанд, диск гӯш намекунанд. Ҳама бо интернет ва ғолибан бо саҳифаҳои Марк Суккерберг банданд, зеро Худояшон ба онҳо иҷозаи дигар намедиҳад. Пас роҳи раҳоӣ куҷост? Шояд нест? Ҳаст!

Ва онро дар Амрикову Аврупо, Русияву Чин кайҳо ёфтаанд. Фарзи мисол, дар Русия саҳифаи иҷтимоие, ки беш аз 1000 муштарӣ, хонанда, «посетитель» дорад, расман ба гурӯҳи ВАО дохил мешавад. Кори нағз, не? О, кӣ намехоҳад саҳифаи ҳарзагуфтораш расман Васоити ахбори омма ҳукм нагирад? Ҳама мехоҳад. Пас, фикр карда баромаданд, идеологҳои русу аврупоӣ, бояд ҳамингуна бошад, ки шумо мехоҳед, вале барои ҳарзаву ҳақорат, дашному сақат ва даъват ба инқилобу хунрезӣ, пастзании шаъну шараф, таҳқири миллату миллатбадбинӣ, фашизму ниқорталабӣ бояд ту ҷавоб гӯӣ? Ин ҳолост, ки ту мегӯи, Фейке чизе навиштаасту ту гуноҳ надорӣ. Вале чун мақомот гӯшатро кашиду мисли газетаи СССР ё Фараж, ё Ҷумҳурият, ё Садои Мардум ба ҳар сатри нашршудаат посух, ки додӣ, ҷавобгарӣ ҳис кардӣ, пеш аз оне, ки 1 Фейк ва ҳатто Фейсро ба саҳифаат замм кунӣ, 100 рӯз андеша мекунӣ.

Бе шаф-шаф гӯям? Ҳар корбари сайти иҷтимоӣ бояд барои сайташ, блогаш, саҳифааш, гурӯҳаш ҷавобгарӣ эҳсос кунад. Ин ҳоло маро душмани қаттоли озодии сухан мехонед, вале баъд дарк мекунед, ки ҳар озодӣ масъулият дорад ва ҳар ҳақорат посух! Барои нашри андеша ва проблемаатон дарҳои газетаи СССР ҳамеша кушода аст. Биёед, имзо гузоред, акси хушрӯятонро монед, мо масъаларо матраҳ карда, додатонро чоп мекунем ва бо ҳам дар назди қонун ҷавоб мегӯем. Мо метавонем!

Фейк будану мардум, ба вежа кӯдакону наврасонро фирефтан осон аст. Мардона ба майдон бароед. Слабо???

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter