Вазири тандурустӣ: Беҳуда натарсед, ба воҳима дода нашавед, дору нахаред, зеро доруву дармон, кат, хизматрасонӣ, беморхона, хӯрокворӣ барои мубталоёни коронавирус 100% ройгон аст!!!
СССР: Мӯҳтарам, Ҷамолиддин Абдуллозода, биёед сӯҳбатро аз он шуруъ кунем, ки нуқтаи авҷи бемории COVID-19 дар кишвари мо ба кадом рӯз рост омад, ва оё он паси сар шуд ва чӣ гуна омодагиҳо буд то он вақте ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дарк кард, ки ба Тоҷикистон ҳам ин хатар таҳдид дорад?
- Тавре шумо хабар доред нахустин беморони гирифтори COVID-19 дар кишвари мо рӯзи 30.04.2020 ошкор ва ба қайд гирифта шуда, нуқтаи авҷи он аз рӯи таҳлилҳое, ки мо ҳамарӯза мегузаронем, ба 15 майи соли ҷорӣ рост омадааст. Яъне 15.05.2020 нуқтаест, ки аз ҳама бештар беморон мушоҳида ва ташхис гардидаанд-1118 нафар. Пас аз он раванди пастшавии авҷи беморӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон каму сиҳатёфтагон рӯ ба афзоиш ниҳод. Тавре мебинед рӯзҳои ахир фавт ҳам камтар ба қайд гирифта шуда, дар 2 рӯзи гузашта ягон ҳолати талаф ба вуқуъ напайвастааст.
Бояд таъкид намоям, ки на ҳамаи он бемороне, ки ба воситаи тест ташхис мешаванд, сироятёфтаи COVID-19 ҳастанд. Ҳаст ҳолатҳое, ки дар ҳақиқат бемории пневмания натиҷаи мусбат медиҳад ва ин моҷаро ҳамасола буду ҳаст. Минтақаҳое низ ҳаст, ки дар онҷо тамоми аъзои оила гирифтори пневмания мешаванд. Мисли зуком-грипп, ки он ҳам ҳамасола ҳасту гоҳе гирифторонаш зиёдтару гоҳе камтаранд, дар баъзе ҳолатҳо он сабук ва баъзан вазнин мегузарад. Имсол бо хуруҷ ва паҳни COVID-19 пневмания ва зуком вазнинтар омаданд. Зеро тарс аз Ковид-19 мардумро мубталотар мегардонид.
Имунитет бояд қавӣ бошад!
СССР: Мегӯянд, ки агар имунитети шахс мустаҳкам ва қавӣ бошад, COVID-19 ба он таъсир намекунад, то куҷо ин ақида дуруст аст?
- Барои сиҳатёбии на танҳо гирифтори COVID-19, балки ҳар беморие фактори асосӣ ин системаи имунитетии организм аст. Аз таҳлилҳое, ки мекунаму дар даст дорам, бар он назарам, ки маҳз тарсу воҳима сабаби асосии хуруҷи ин беморӣ дар кишвари мо шудааст. Ва мутаассуф, ин тарс беш аз ҳама аз сӯи корбарони сайтҳои иҷтимоӣ, ки фикр доранд, барои мардум кори хубе мекунанду дар асл чунин нест, мардумро фарогир мепечад.
Тарсу воҳима ба майнаи сари инсон фишор оварда, вазъияти стресӣ метавонад на танҳо боиси хуруҷи зукому пневмания, балки дигар бемориҳои ҳамрадиф, амсоли диабети қанду фишорбаландиву инсулту инфаркт гардад. Ин аст, ки баъзеҳо каме сармо хӯранд ё тавассути шабакаҳои ТВ воҳима дар дигар кишварҳоро бубинанд, «ман коронавирус шудам!» гуфта, дарҳол воҳима мекунанд. Тамоми нуқтаҳои марказии организми инсон дар майнаи сар аст ва агар ба майнаи сар фишор оварем, ҳатман системаи иммунитет ва фаъолият сусттар шуда, он метавонад гирифтори ҳар гуна беморӣ гардад. Буданд ашхосе, ки ба хулосаи манфии тестҳо, яъне гирифтор набудан ба COVID-19 бовар накарда, худро бемор эълон мекарданд. Ин фишор ба майнаи сар мешаваду дар организм ба қавли мо табибон ҷанги микро ва макроорганизм оғоз гашта, он ба баландшавии ҳарорати бадан оварда мерасонад.
Баъзе ҳолатҳои фавтро мо таҳлил карда баромадем ва исбот шуд, ки марги онҳо вобастагӣ ба COVID-19 нест, балки бемориҳои дигар будаанд. Масалан, ё қаблан ҷарроҳии дил, ё шунтпайванд ва ё диабети қанд доштанд. Маълум аст, ки диабети қанд системаи имунитетро аз байн мебарад ва камтарин тарсу ҳарос метавонад паёмадҳои нохуш биёрад. Маҳз ҳамин тарсу ҳарос буд, ки шумораи зиёди мардумро ба беморхонаҳо оварду навбатҳои дароз дар паси дари утоқҳои рентгену флюрография пайдо шуданд. Вазъият то он дараҷа иваз шуд, ки агар нохост нафаре, ки бронхити музмин дошту сулфае мекард, мардум аз ӯ ҳаросида худро дур мекарданд.
Беморхонаҳо холӣ мешаванд!
СССР: Беморхонаҳо, госпиталҳои мобилӣ ва саҳроие, ки дар муддати кӯтоҳ дар пойтахт бунёд ва омода карда шуданд, оё имрӯз бемор қабул мекунанд?
- На!!! Ин беморхонаву госпиталҳои мобилӣ, ки барои резерв тайёр карда шудаанд, ҳанӯз холианд. Хушбахтона, ин госпиталҳои мобилӣ то ба имрӯз ба мо лозим нашуданд ва Худо кунад, ки лозим наоянд. Вале хонандагони муҳтараму муътабари газетаи мардумии СССР бояд донанд, ки аз рӯи масали «илоҷои воқеа қабл аз вуқуъ!» мо ин госпиталҳои саҳроиро таъсис додаем ва бояд хизмататон арз кунам, ки дар роҳандозии лоиҳа, бунёди ин беморхонаҳои муваққатӣ саҳми бевоситаи Президенти кишвар бармалост.
Агар то оғози ин пандемия дар ш.Душанбе ҷой барои 2000 кат буд, ҳоло 3500 кати резерв дорем. Беморхонаҳои мо айни замон холӣ шуда истодаанду шумораи беморон кам. Ҳатто агар гӯям, ки ҳоло иҷроиши кат-рӯз, яъне истифодаи пурраи онҳо ҳам сурат намегирад, хато намекунам. Масалан, дар шӯъбаи травмотологияи Беморхонаи №3-и пойтахт, ки барои 165 кат пешбинӣ шудааст, имрӯз танҳо 45 кат банд асту халос, ҳоло ҳатто касалони нақшавӣ, ки ҳар сол 2-3 маротиба омада, табобат мегирифтанд, кам шудаанд. Дар беморхонаи шаҳраки «Шифобахш»-Қарияи боло низ беш аз 1000 кат омода буд, аммо дигар бахшҳо холӣ шуда истодаанду дар ягон нишондодҳо баландшавӣ нест.
Ман ба беморхонаҳое, ки беморонашон кам аст, аз он ҷумла бахшҳои урология ва нейрохирургия дастур додам, ки утоқҳоро холӣ карда, корҳои безараргардониро пурра анҷом ва дар ҳолати омодабош нигоҳ доранд. Аз ин ҳафта танҳо 2 беморхонаи сироятӣ, қисман шаҳраки «Шифобахш» ва 2 корпуси Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» беморони гирифтори COVID-19-ро барои табобат қабул мекунанду халос, дигар беморхонаҳоро бо назардошти беморхонаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мо пурра холӣ кардем. Ҳоло 14-15 муассисаи тандурустӣ барои қабули беморон омодаанд.
Айни замон гирифторони COVID-19 дар кишвар 3563 нафарро ташкил дода, аз ин теъдод 1674 нафар пас аз табобат ва сиҳат шудан ба хонаҳояшон мураххасӣ карда шудаанд. Аз шумораи 3563 наздики 400 нафар ба ВМБК 398 нафару ба вилояти Суғд рост омада, 929 нафар дар карантин ва аз оғоз 700 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд. Омори фавт 47 (1,3%) нафарро ташкил медиҳад.
Ноҳияҳое ҳаст, ки дар он танҳо 2 бемор мондаасту халос. Масалан, имрӯз дар беморхонаҳои ноҳияҳои Сангвор-4 бемор, Нуробод-1 бемор ва шаҳри Ваҳдат-9 бемор мондаасту халос, ки ин худ исботи коҳиши авҷи вирус аст.
Худо накарда, мавҷи дуюми хуруҷи коронавирус, ки баъзе коршиносони хориҷӣ дар бораи он тариқи матбуот бисёр ҳадс мезананд, ба вуқуъ биёяд, мо ба набард тайёрем. Мо ба чунин пешгӯӣ бовар надорем, вале ба ҳар гуна ҳолат бояд омода буд. Тавре, ки шиори шумост, Мо Метавонем!
Табобату дору ройгон аст!
СССР: Аксари сокинон ва бемороне, ки дар касалхонаҳо табобат гирифта баромаданд ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр мегӯянд, ки дар Тоҷикистон дорувории лозима барои зидди вирусҳо нест, намерасад ва дар дорухонаҳо хеле гарон аст…
- Тамоми таҷҳизот ва доруворие, ки барои табобат бар зидди вирсуҳо лозим асту дар ҳамаи ҷаҳон истифода карда мешавад, дар анборҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба миқдори кофӣ ва ҳатто бештар аз он захира шудааст. Бо дастури Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми доруворӣ оварда ва дар анборҳо захира карда шудааст. Ҳамаи доруҳое, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ дар муолиҷа бо COVID-19 лозим аст, мо дорему ман ҳамарӯза ба сардухтурони шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат супориш медиҳам, ки омада, тибқи дархост дорувории лозимаро гирифта, бурда дар анборҳои худ захира кунанд ва ба бемороне, ки бо чунин ташхис дар бемористон ва ҳатто хонаҳо табобат мегиранд, ройгон тақсим кунанд.
Дар анбори вазорат ва муассисаҳои тандурустии кишвар миқдори лозимии «Арбидол»-у «Эргоферон», «Иммунал», «Левофлакцин», «Амиксин», «Азитромицин», «Гидроксихлорохин», «Делагил», витаминҳо, маҳлулҳо-он доруҳое, ки дар тавсия ва протоколи Созмони ҷаҳонии тандурустии пешбинӣ шудааст, вуҷуд дорад. Ба ғайр аз ин, 2-3 миллион ниқоб захира карда, айни замон дар таъминоти сарулибоси духтурон низ набояд мушкил пеш ояд, зеро истеҳсоли сарулибосро хуб ба роҳ мондаем.
Таҷҳизоти дигари тиббӣ амсоли тестҳо ва ИВЛ- асбоби вентилятсияи механикии шушҳо низ ба қадри кофӣ мавҷуданду онҳоро ба табобати беморони вазнин истифода мебарем.
СССР: Маъзарат, мегӯянд ИВЛ гарон аст, ба вежа дар хориҷа ва ҳам зиён дорад ба шушҳои фарсудаи солхӯрдагон. Дар мо чанд пул аст?
-Не, мо ба шуш фишор намеорем, мо ҳавои мусоид равон мекунем. Ин 1 ва 2 ин ки дар мо ИВЛ ё худ ҳавогардиши сунъии шуш ройгон ба роҳ монда шудааст ва аз ягон нафар 1 дирам ҳам талаб карда намешавад.
СССР: Чаро сароғози пандемия дору хеле гарон шуд?
1 нуқтаро бояд зикр кунам, ки дар оғози ин пандемия, ки дар мо сироятшавӣ кам буду дар ҳамсоякишварҳо зиёд, буданд ҳолатҳое, ки аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя омада, доруворӣ мебурданд ва ин ҳам яке аз сабабҳои камчин шудани он гашта буд. Имрӯз ин дефитсит паси сар гардид. Хидмататон раз кунам, ки ҳоло тамоми доруворӣ ва табобати беморони гирифтори COVID-19 дар кишвар ройгон ва аз ҳисоби Ҳукумати ҶТ сурат мегирад, ҳатто агар бемор бо ин ташхис дар хона табобат бигирад ҳам. Ҳастанд ҳолатҳое, ки дар баробари коронавирус дигар бемориҳои ҳамрадиф низ хуруҷ мекунанд ва он гоҳ духтурон ба бемор доруи дигареро тавсия медиҳанд, ки бояд худаш харидорӣ намояд.
Фактори Шахсӣ
СССР: Мӯҳтарам вазир! Ба ҳар ҳол то шамол навазад шохи дарахт намеҷунбад! Овозаҳо ҳастанд, ки беморон доруворро мехаранд…
-Бори дигар мегӯям, ки дорувори коронавирус 100% ройгон аст, вале 1 чизи дигарро «Далели Шахсӣ» (человеческий фактор) мегӯянд. Дар ягон ҷамъият 5 ангушт баробар нест. Албатта ҳастанд духтурони бевиждон, ки аз бемор ё пули дорувор талаб мекунанд ва ё дорухат менависанд, ки аз фулон ҷо метавонад дору харад. Шахсан худам боре чунин дорухатро дар дасти хешовандони беморе дидаву онро ба духтури навиштагӣ нишон додаму гуфтамаш, «Шарм намекунед! Шумо бари табабон обрӯи духтурони Тоҷикро, ки воқеан ҳам дар хатти пеши ҷабҳаи ҷанг бо вирус меҷанганд, мерезонед!».
Дар сӯҳбатҳо бо табибон ҳамеша мегӯям, ки имрӯз аҳли ҷомеа ба мо-табибон ва ворисони Сино рӯ овардаву сано мехонад. Ҷамъият мову шуморо қаҳрамон медонад. Пас, кӯшиш кунед, ки ба ин обрӯи авлодони Сино халал ворид насозем. Воқеан ҳам аксарияти кулли табибон ҷонфидоянд, вале боз ҳам мегӯям. Фактори шахсӣ низ нақш мебозад ва агар корафтодае бо чунин ҳолат дучор шуд, метавонад бе восита ба Вазорат ва ё газетаи мардумиии СССР муроҷиат кунад. Мо муҷримро меёбем ва ҷазо медиҳем.
СССР: Муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода! Мегуфтед, ки доруи дақиқан шифобахш барои коронавирус ҳаст ё на? Зеро соат дар миён доруворе таблиғ мешаваду мардуми таҳлуказада ба он мечаспанд, нархашро ба осмони 7-ум мебароранду сипас овоза мешавад, ки не, ин дору на, ки дигараш шифобахшанда будааст ва авомуннос ба он дору мечаспанду ажиотаж мекунанд...
-Лозим ба таъкид аст, ки то ба ҳол ягон дорувории аниқ бар зидди COVID-19 пайдову ихтироъ нашудааст ва муолиҷаи беморон дар кишвари мо аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ, ки дар дигар кишварҳо гузаронида мешавад, сурат мегирад. Зимнан ба ягон таблиғу ташвиқ, овозаву дарвоза бовар накунед ва дорувор нахаред! Доруи дақиқ кашф шуд, пештар аз ҳама Вазорати тандурустӣ ба мардум онро тавсия хоҳад дод.
Дигар ин, ки муттаассифона, ҳолатҳое пеш меоянд, ки вобаста ба фактори инсонӣ аст. Масалан, чанд рӯз пеш ман шабона аз маркази саломатии яке аз ноҳияҳои наздики пойтахт боздид ба амал оварда, бо беморон сӯҳбат кардам. Дар дасти 1 бемор варақае бо номгӯи доруворӣ буд, гирифта бубинам ҳамаи ин доруҳо дар анбори беморхона ҳаст-духтур барои рафтан то анбор танбалӣ карда, беморро маҷбур кардааст худаш харидорӣ намояд. Дар чунин шабурӯз ин амал аз рӯи виҷдон нест ва ман нисбати маъмурияти ин маркази саломатӣ албатта чораандешӣ кардам.
Ҷасадҳои салафнпеч ва муаммои он
СССР: Аз таҳлилҳои шумо чанд нафар аз COVID-19 фавтидааст ва чаро мурдаҳоро салафанпеч карда, маҳлули хлор мепошанду рост ба гӯристон бурда, мегӯронанд? Оё ин амал бар ҳаросу изтироби мардум намеафзояд?
- Хидмататон арз кунам, ки хушбахтона, дар кишвари мо теъдоди фавтидагон аз вирус дар нисбат ба дигар кишварҳо хеле кам аст. Аз таҳлилҳое, ки ман дар даст дорам, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фавт аз COVID ҳамагӣ 1,3%-ро ташкил менамояд-ин аз шумораи умумии 3563 бемор. Бубинед вақте дар Федератсияи Россия ин беморӣ хуруҷ кард, фавт 28% нишон медод, ҳоло бошад аз 1% боло нарафтааст. Сабаби авҷи маргу мири маризон ин ҳам буд, ки дар оғоз табибон ин вирусро хуб намедонистанду дар табобату пешгирии он каме оҷиз монданд. Вале таҷрибаи кор дар чанд моҳи ахир боиси он шуд, ки шумораи беморон рӯ ба камшавӣ оварда, фавт низ ба маротиб коҳиш ёбад. Манзури ман на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳон аст, сар аз Ӯзбекистону Федерасияи Россияву Италия то Хитойу Амрико.
Дар мавриди бо сафалан печонида гӯронидани бархе аз беморон бошад танҳо инро мегӯям, ки ин ҳама барои пешгирӣ аз паҳншавии вабо аст. Чун бемори фавтида дар беморхона буду бо дигар беморон алоқа дошт ва ба хотири пешгирӣ аз гузаштани он ба дигарон, хосса аҳли оилаву пайвандон табибон ин усули гӯрониданро ба роҳ мондаанд, дигар ҳеҷ. Ба касе пӯшида нест, ки маросими ҷанозаи мо вежагӣ дорад ва тобутро чун ба хона баранд, ҳатман рӯяшро мекушоянду сару пойи мурдаро мебӯсанд, видоъ мекунанд, навҳа месозанд ва таҷаммуъи мардум баргузор мегардад. Ин таоруфи аждодии мост. Вале Худое накарда, ин ҷасад мубтало бошад, медонед, чанд касро асар мекунад? Зимнан, ба хотири ҳифзи худи пайвандони фавтидагон ин тасмим гирифта шудааст.
Аксарият рӯзҳои аввал касали ваҳмак буданд
СССР: Муддати муайян кардани COVID-19 тавассути тестҳо чанд вақту соат ё рӯзро дар бар мегирад?
- Анализҳо дар муддати аз 4 то 6 соат метавонанд бемор будан ё набудани шахсро бо коронавирус муайян намоянд. Ба ғайр аз ин факторҳои зиёди санҷидани дақиқ будани беморӣ низ ҳаст. Ба аксарияти нафароне, ки бо гумони ин беморӣ ба беморхонаҳо меоянд, пеш аз ҳама бояд ёрии аввалиндараҷа бояд расонем. Ҳолатҳое буданд, ки беморон бо инсулт ҳам омада, мехобонданду дар зеҳнашон танҳо як тарс-ҳароси коронавирус буд. Дар ин ҳолат вирус не, муолиҷаи ин асабу рӯҳияи онҳо пеш меомад.
Аз рӯи таҳлили шахсии ман дар оғоз ин беморӣ бӯҳрони гипертониро ба вуҷуд оварду сафи муроҷиаткунандагон ба беморхонаҳо бо ин сабаб афзуд. Дигар ин, ки бемории фарбеҳшавӣ низ боиси зиёд шудани беморон гашт, зеро бемории фарбеҳӣ бо диабети қанд ҳамқадам буда, нафаскаширо низ бад мекунад-оксигентаъминкунии хун суст гашта, алалхусус барои мардоне, ки аз синни 60 гузаштаанд, метавонад оқибатҳои нохуш биёрад. Бархе то охирин лаҳзаҳо дар хона ба худтабобаткунӣ машғул шуда, дар соатҳои ахир ба беморхона муроҷиат мекарданду наҷоти онҳо ғайримумкин буд.
Нархи дору ягона мешавад?
СССР: Айни замон кадом доруе, ки тавсия мешавад, нархи он дар дорухонаҳо ба маротиб боло меравад. Бубинед, нархи 1 дору-«Арбидол» дар Душанбе 300 сомонӣ, дар Хуҷанд 200 сомонӣ дар Хоруғ то ба 400-800 сомонӣ боло рафт. Ба пиндори мо боздошти 2-3 нафар доруфурӯш ин илоҷи кор нест ва масъала ҳалли худро намеёбад. Шумо худ сафардидаед ва медонед, ки дар Амрикову Аврупо ҳамин хел аст-1 дору 1 нарх дорад, чӣ дар шаҳри бузург ва чӣ дар иёлоти дурдаст. Оё шумо фикр намекунед, ки Тоҷикистон ҳоло ба он марҳилае расидааст, ки дар сартосари кишвар чӣ дар Душанбе, чӣ дар Кӯлоб ва чӣ дар Хоруғу Хуҷанд дар дорухонаҳо нархи ягонаи дору бояд бошад? Умуман чӣ бояд кард то дар дорухонаҳои кишвар нарх ягона бошад?
- Шояд таҷрибаи моҳҳои ахир ба ҳамин кор оварда расонад. Аммо бояд зикр намоям, ки маҳз ба хотири нигоҳ доштани нархи воқеӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вазорат ҳар шаб дар дорухонаҳои тамоми минтақаҳои кишвар рейдҳои махсус гузаронида шуда, то ҷое хабар дорам, вазъ дар ин самт каме ба эътидол омадааст.
Бархе дорухонаҳо ҳам ба фаъолияти шабона гузашта, доруворӣ ҳам пайдо шудаасту нарх ҳам поён рафтааст. Ман ба таври шабонарӯзӣ дар ин маврид ахборот мегирам ва метавонам гуфт, ки 70 дорухонае, ки дар назди беморхонаҳои пойтахт фаъолият доранд, шабона ҳам бозанд. Тамоми арзу шикоятҳо дар ин бора ба таври оперативӣ ҳал мешаванд. Нархҳо ба эътидол меоянд. Дар оянда ҳатман сари нархи ягонаи дорувор низ хулосабарорӣ хоҳем кард.
Хуни шифоёфта-позаҳри Ковид-19…
СССР: Имрӯз боз 1 овозаи дигар ба майдон рехтааст: Мегӯянд, ки хуни беморе, ки аз COVID-19 табобат ёфтааст, барои муолиҷаи бемори дигар доруст. То куҷо ин андеша асос дорад? Дар идомаи ин мехостем дар бораи аппаратҳои ИВЛ ҳам назари шуморо бифаҳмем, зеро боз ҳам мегӯянд, ки истифодаи он ба шахсони кӯҳансол зарар карда, метавонад шушҳоро пора кунад…
- Мо аз ин таҷриба, яъне аз хун истифода накардаем, ҳарчанд дар бархе кишварҳо хабар мерасад, ки чунин фарзияро низ варақ мезананд. Вале ба наздикӣ мо мехоҳем 1 роҳу усули дигарро таҷриба кунем ва дар ин бора ҳатман тавассути воситаҳои ахбори омма хабар хоҳем дод.
Дар мавриди аппаратҳои ИВЛ бошад танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки он асбоби вентилятсияи механикии шушҳо буда, мо аз навъи сабуктари он истифода мебарему хушбахтона ҳоло ягон ҳолати нохуш пас аз истифодаи он ба қайд гирифта нашудааст. Истифодаи ИВЛ дар кишвари мо барои беморон ройгон асту ин ҳам ба усули табобат ворид мешавад.
Дигар беморон дар чӣ ҳоланд?
СССР: Ба назар мерасад, ки COVID-19 боиси фаромӯш шудани дигар бемориҳо, ба мисли қалбу, диабети қанду, меъдаву рӯда ва гурда, таваллуду шикастабандӣ, дандонпизишкӣ, силу саратон ва даҳҳо касалии дигар шудааст. Ҳоли беморони дигар чӣ мешавад?
- Дар ин муддате, ки гузашт Беморхонаи ёрии таъҷилии пойтахт касалиҳои тамоми самтҳоро пурра қабул мекарду карда истодааст ва боре нашунидаам, ки нафаре гуфта бошад, ки ман барои ҷарроҳӣ омадаму маро ҷарроҳӣ накарданд. Кати озод инҷо кифоя аст. Таваллудхонаҳо мисли қабл фаъолият доранду ҷарроҳиҳои амрози занонаро гузаронида истодаанд, травмотологияву стоматологияҳо бозанд. Бовар кунед ҳатто ҷарроҳии ҷиддие нест, ки худам рафта ҷарроҳӣ кунам! Баъзе вақт супориш медиҳам, ки агар ҷарроҳие бошад, маро даъват кунанд, то рафта амалиёт гузаронам, зеро касби аслии ман ҷарроҳ аст, на вазирӣ! Хушбахтона, рӯзҳои ахир сафи беморон ба карат коста гардидааст.
СССР: Шояд аз тарси мубталдо нашудан ба коронавирус муроҷиат намекунанд?
- Ҳар чиз шуданаш мумкин, вале факт ин аст, ки беморон хеле кам шудаанд ва Худо кунад, ки ягон нафар мӯҳтоҷи беморхонаву табибе нагардад!
«Шахсан занг мезанам!»
СССР: Омин! Худо кунад, ки чунин бошад. Вале шахсан Шумо, ки ҳамаканун, бо тақозои вазифаи нав, аз вазъи беморон ва муассисаҳои тандурустии кишвар зуд-зуд хабар мегиред, аҳволи онҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Дуруст қайд кардед, ҳоло ман муваззафам аз ҳоли тамомии бемористонҳои кишвар бохабар бошаму дар ҷараён қарор гирам. Ман бо ба даст овардани фурсати холӣ саъю талош мекунам, ки аз аҳволи беморон шахсан хабар гирам. Ҳоло ман аз тамоми муассисаҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ талаб мекунам, ки рӯйхати бемороне, ки сабуктар буда, дар хона табобат мегиранд, бо рақами телефону суроға пешкаши ситоди марказӣ намоянд. Рӯзе шахсан худам, ба 10-12 нафар занг мезанаму аҳвол мепурсам, дар мавриди муносибату назорати духтурон, дастрас будани доруворӣ низ суол мекунам.
Масалан, то омадани шумо бо чанд бемор аз Ашту Мастчоҳ ва Ҳиссору н. Рӯдакӣ сӯҳбат кардаму аҳвол пурсидам. Хушбахтона, беморон рӯ ба беҳбудӣ рафта истодаанд. Ман рӯзе 3 маротиба омори беморонро мегирам ва дар ҷараёни вазъи саломатии ҳар 1 бемор ҳастам.
Дар баробари ин аз муссисаҳои тандурустӣ ва марказҳои саломатӣ низ боздид мекунам, алалхусус дар вақти шаб ва 100 дарсад гуфта метавонам, ки айни замон дар ҳар маркази саломативу поликлиника дар вақти шаб ҳадди ақалл 5-6 нафар мутахассис навбатдор аст ва мардум муроҷиат мекунанду онҳо хизмат мерасонанд. Новобаста ба касеву чизе, тамомии духтурон дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ҳатто дар навоҳие, ки ин вирус нест ё касалмандон 1-2 нафарро ташкил мекунанд, навбатдории шабонарӯзӣ роиҷ аст.
Ба минтақае, ки фурсат намешавад равам, муовинони худро мефиристам, масалан имрӯз яке аз муовинон дар минтақаи Рашту дигаре дар ноҳияҳои тобеи марказ аст. Хушбин аз онам, ки эътимоду боварӣ ба духтурон ба маротиб афзуда, эътибори духтур дубора боло меравад. Аз кӯмаки хайрхоҳону созмонҳои гуногуни башарӣ ҳам сипосгузорам, ки дар чунин рӯзҳои мушкил дар паҳлӯи табибони тоҷик буданду ҳастанд.
Дар сурати арзу шикоят сокинони кишвар метавонанд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ ва Раёсатҳои он дар вилоятҳову шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд, ман муроҷиаткунандагонро вобаста ба COVID-19 дар вазорат шахсан худам қабул карда истодаам.
Беҳдошт, Беҳдошт ва боз Беҳдошт!
СССР: Табибони тоҷик дар самти мубориза алайҳи COVID-19 чӣ пешниҳодҳо доранд? Оё дар консилиумҳое, ки шумо баргузор мекунед ягон намуди табобати а ля-тоҷикӣ ё худ шифои вежаи тоҷикистонии коронавирус пешниҳод мегардад?
- Табобати ин гуна беморӣ, алалахусус инфексияи вирусӣ ягон табобати хос надорад ва муҳимтарин даво барои ин қавӣ будани системаи имунитетӣ ва рияои қоидаҳои беҳдоштӣ-гигиенаи шахсӣ мебошад. Шаҳрвандони кишвар ба хотири ҳифзи саломатии худ ва фарзандону наздикон бояд талаботҳои беҳдоштиро ҷиддӣ риоя намуда, агар дар ҳолати карантини нарм ва ё худинзивоъ бошанд, бесабаб ба кӯча набароянд. Агар ҳам бо зарурат баромаданд, аз ҳамдигар фосила гирифта, пӯшидани ниқоби тиббиро фаромӯш накунанд. Ин аст тавсияи табибони тоҷик ба сокинони мамлакат.
Усули раштии табобати коронавирус
СССР: Муҳтарам вазир, наметавонем дар бораи табобати вежаи сардухтури Рашт суол нагузорем, ки ӯ бар оламиён овоза кардан дорад, ки бо сӯзандоруи зидди илтиҳоби шуши бузу бузғола тавони шифои коронавирусро гӯиё дарёфтааст…
- Медонед, ин гипотеза ё худ фарзияи илмӣ нест ва ман сари он сӯҳбат ҳам карданӣ нестам! Зеро барои илман собит кардани ин амалиёт бояд ин нафар, ки ман низ дар сайтҳои иҷтимоӣ ва бархе хабаргузориҳо овозаи табобати булаҷабашро хондаам, таҷрубаи илмӣ мегузаронид. Таҷрубаи илмӣ чист? Чанд маризро мегиранду бо ин усул ва ё дигар роҳҳо табобат мекунанд, дар озмоишгоҳҳо қарор медиҳанд ва сипас хулосаи илмӣ мебароранд. Шояд нафаре аз ин усул шифо ёфтааст, шояд не, вале ин фарзияи илмӣ нест ва наметавонем дар асоси овозаи 1 нафар ин методро чун шифои коронавирус ҷорӣ созем.
Чӣ бояд кард?
Духтурон айни замон дар ҷабҳаи мубориза қарор доранд, вале онҳо гарави саломатии мардум нестанд. Ба мардуми шарафманди кишвар муроҷиат карда гуфтаниям, агар солимии худ ва пайвандони хешро муҳим медонед, пас дар хона бимонед, ниқоб пӯшед, фосила гиред ва ҲАТМАН талаботи Беҳдоштӣ ва Гигиенаи фардиро риоя кунед ва шумо ҳич вақт бемор намешавед!
СССР: Сипос барои вақт ҷудо кардану дар ин шабу рӯзи серкорӣ бо газетаи мардумӣ сӯҳбат оростанатон.
-Сипос бар шумо, ки низ барои мо вақт ҷудо кардеду ба мардум роҳу усули шифо аз ваборо мерасонед. Саломат бошед ва бемор нашавед! Мо ҳам метавонем!
СССР: Мо низ!!!
Сӯҳбаторо:
Сайёфи Мизроб
Ҷамила Ҳусейнова,
СССР, 28.05.2020