ХАБАРИ ДОҒ

Суғд: Самараи пурфайзи заҳмати деҳқон

  • Чоршанбе, Июл 08 2020

 

 

Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз он мужда медиҳанд, ки ҳосили имсолаи киштукор новобаста аз эълони пандемия ва авҷу хуруҷи бемории коронавирус, ки ба соҳаҳои иқтисодӣ ва агросаноатии аксарияти давлатҳои дунё зарари манфии худро расонидааст, бобаракат омада, деҳқонон пас аз ҷамъоварии ҳосили якуму дуюм ба кишти ҳосили сеюм алакай сар кардаанд. Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд мо аз заминҳои деҳқонии шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан карда, худ шоҳиди самараи пурфайзи заҳмати деҳқонон гаштем. Ҷои зикри вежа аст, ки бо ба сари кор омадани Раҷаббой Аҳмадзода, раиси воқеан ҳам мардумӣ, ки ҳамеша миёни халқи заҳматкаш аст, ҳосил дар вилоят даҳчандон зиёд шуда истодааст. Халқро фиреб дода намешавад, мардум худ шоҳид аст, ки раиси нави вилоят ҳар сол худ аввал бо каланд ба киштукор баромада, сипас “фартук” дар доман ба пахтачинӣ меравад. Ва ин мардумро рӯҳбаланд месозад...

 “Тиллои сафед” дар навбати 1-ум!

   Ҳар боре, ки ба ш.Конибодом меравам, ҳатман аз колхози овозадори ба номи Энаҷон Бойматова дидан мекунам. Шояд имруз ин ягона колхозест дар минтақа, ки таҷдид нашуда, тавонистааст ҳам заминҳои худро аз тақсимот нигоҳ дошта, саҳмдорон-деҳқонони асилро дар назди худ ҷамъ оварад.

   Тавре дар суҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР Абдураҳим Шокиров, директори ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова гуфт, имсол кишоварзони ин хоҷагӣ дар 450 га пахта, 40 га ғалла, 10 га сабзавот, 10 га картошка ва дар 20 га шолӣ кошта, деҳқонон имрӯз дар баъзе қитъаҳо ба кишти 3-юм низ оғоз кардаанд.

   -Чуноне ки шумо медонед хоҷагии мо асосан бо тухмипараварӣ машғул буда, барои мо, албатта, кишти пахта ва ҳосилнокии он дар мадди аввал меистад. Новобаста аз он, ки саҳмдорон ё иҷоракорон бо замин кор мекунанд мо ҳатман тавсия медиҳем, ки ба кишти пахта таваҷҷуҳи бештар намоянд, зеро маҳз пахта асоси иқтисодиёти на танҳо кишвар, балки худи хоҷагии мост, - қайд менамояд Абдураҳим Шокиров.

  Заминҳои пахтаву шолӣ ва боғоти ин хоҷагӣ воқеан ҳам соли ҷорӣ ҳосили хеле хубе додаанду аз дидани дарахтони зардолуи пурбор кас кайфияти хосса мебарад. Аз фурсат истифода бурда, мо дар таги дарахт истода, шикамсерӣ зардолу хурдем, ки лаззаташ тамоман дигар буд. Бояд гуфт, ки ҳосили боғоти ш.Конибодом, алалхусус зардолу ҳамасола то 6000 тоннаро ташкил дода, қисмати бештари он ба хориҷ содирот мешавад.

Зафарбек Давлатзода: Мушкил танҳо об аст!

   Бо Зафарбек Давлатзода, раиси ш.Конибодом ғайричашмдошт дар сари заминҳои пахтаи Ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарипов, ки дар шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом ҷойгир аст, вохурдем. Эшон аз субҳи содиқ боздидро аз заминҳои кишоварзӣ оғоз карда, бонавбат ба ҳар ҷамоату хоҷагӣ рафта, бо вазъи дастрасии об ба қитъаҳои полезӣ ошно мешуданд.

   Зимни суҳбати сарироҳӣ Зафарбек Давлатзода афзуд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ дар ш.Конибодом дар 5 моҳи ахир 103%-ро ташкил намуда, муҳимтарин бахш-растанипарварӣ бошад 113,8% иҷро шудааст, ки ин нишондоди хеле ҳам хуб мебошад.

   -Замини кишоварзӣ кофӣ аст, деҳқонони соҳибкасб низ ҳастанд, саҳмдорон дар баробари зироатҳои мавриди назари худ супоришҳои давлатиро низ иҷро карда, пахтаву ғалла ва картошка мекоранд. Аз оғози фасли кишт рӯзе нашудааст, ки мардум бо баҳонаи пандемия дар хона нишаста, заминро ба ҳоли худ гузорад. Деҳконон заминро танҳо нагузоштанд ва ин аст, ки ҳосили имсола моро қаноат менамояд. Мушкил танҳо об аст, ки баъзан моро нигарон мекунад ва он ҳам оби дарёи Исфара, ки тавассути Исфара аз марзи Қирғизистон меояд. Айни замон ман ин мушкилро ба раиси ш.Исфара ҳаллу фасл дорам ва фикр мекунам, ки рӯзҳои наздик ин ҳам ҳалли худро меёбад, - таъкид медорад раиси ш.Конибодом.

  Ҷаббор Расулов: 4 ҳосил дар 1 сол!

   Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов соли ҷорӣ дар 590 га пахта ва 996 га ғалла кошта, ҳаҷми умумии заминҳои корами обӣ дар ноҳия бошад 14 609 га-ро ташкил медиҳад. Аз он 12 522 га заминҳои обӣ ва 2087 га заминҳои корами лалмӣ  мебошад ва деҳқонони ин ноҳия аз заминҳои хоҷагии худ дар 1 сол 4 маротиба ҳосил мегиранд ва инро муваффақияти худ меҳисобанд.

   Тавре дар суҳбат Икром Аҳмадзода, сардори Раёсати кишоварзии н.Ҷ.Расулов иброз дошт, мувофиқи оморҳои расмӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар 5 моҳи соли 2020 дар ноҳия ба маблағи 61 млн. 116,9 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,5 фоиз ё ин ки 2 млн. 655,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

   -Дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ кишти баҳорӣ ба майдони 3023,8 га ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 185,74  га ё ба 94,2 фоиз баробар мебошад. Тибқи маълумотҳо ба майдони 125,2 га картошка, 1900,1 га ғалладонагиҳо, 67 га зироатҳои техникӣ, аз он ҷумла 67 га пахта, 523,1 га сабзавот, 7,5 га полезиҳо, 144,6 га зироатҳои хӯроки чорво ва дигар зироатҳо кишт карда шудааст. Дар ин давра истеҳсоли гӯшт 1496,5 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,1 фоиз зиёд, шир, 5446,3 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,6 фоиз зиёд ва тухм 13 млн. 164 ҳазор дона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1866 дона зиёд, истеҳсол карда шуд. Худ шоҳидед, ки новобаста аз пандемия мардум ба саҳро баромада, киштукор кард. Агар деҳқон ба замин набарояд, мардуми шаҳр чӣ мехурад? Саҳро беҳтарин ҷой барои фосила гирифтан аз ҳамдигар аст, - мегуяд Икром Аҳмадзода.

Омори расмӣ: аз афзоиш то коҳиш

   Лозим ба ёдоварист, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилояти Суғд дар соли 2019 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 8091,7 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2018-ум 8,1 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 5728,5 млн. сомонӣ ё 6,7 фоиз ва чорводорӣ 2363,2 млн. сомонӣ ё 11,5 фоиз зиёд шудааст. Дар соли 2019 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 331690 тонна ғалладонагиҳо ё 21,8 фоиз, 450322 тонна картошка ё 8,3 фоиз, 126843,5 тонна пахта ё 15,0 фоиз, 150940,5 тонна меваҷот ё 8,3 фоиз, 127477,6 тонна полезӣ ё 12,0 фоиз, 61747,6 тонна ангур ё 0,6 фоиз зиёд, мутаносибан 494914,9 тонна ё 4,4 фоиз  сабзавот бештар истеҳсол карда шудааст.

   Бино ба иттилои аз шуъбаи иттилоотиву таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Суғд расида, то 1.01.2020 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз майдони 95,4 ҳазор гектар,  зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) дарав ва кӯфта шуд, ки ҳосили он 230,3 ҳазор тоннаро ташкил дода, ҳосилнокии он 24,1 сентнерро ташкил медиҳад. Аз майдони 16068,3 гектар замин 343,4 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он бошад 213,7 сентнериро ташкил додааст. Дар хоҷагиҳои вилоят аз майдони 7915,9 гектар замин 231,7 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 292,7 сентнериро ташкил медиҳад ва 758,8 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ карда шудааст. Зироатҳои полезӣ ҳамагӣ аз 5508,4 гектар 117,7 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 213,7 сентнериро ташкил медиҳад. Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 112,8 ҳазор тонна мева ва 44,5 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мева 18,0 фоиз зиёд шудааст.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР, 

Аксҳо аз Исмоилҷон Маликов, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter