ХАБАРИ ДОҒ

Ин ки Хуҷанди бостонӣ на танҳо маркази сиёсиву маъмурии 1 вилояти бузургтарини Тоҷикистони азиз, ки қалби шаҳрҳои Осиёи Марказист, ҳақиқати бидуни баҳс аст. Зеро Хуҷанд (суғ. kwc'nth (xučant(a) > Xuǰand)) таърихи бештар аз 3000-сола дорад ва дар олам бо номҳои гӯшнавози «Тирози ҷаҳон», «Арӯси даҳр» маъруфу машҳур буда, ҳанӯз дар асрҳои 6-4 то мелод (!) тавассути Роҳи абрешим Осиёро бо Аврупо мепайваст! Саразм низ яке аз шаҳрҳои антиқаи вилояти Суғд аст, ки бо ташаббус, маблағгузорӣ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шабу рӯз аз 5500 солагии ин «Модари шаҳрҳо» ва ҳамзамон 700 солагии Қутби Маърифат ва Қуввати илму ирфону адаб-Шайх Камоли Хуҷандӣ ҷашн мегирем, ки муборакамон бод!

Роҷеъ ба ҷавонмардонагии Суғди бостонӣ ҳамин ҳарф кофист, ки сокинонаш бо Искандар панҷа нарм кардаву Қутайба ибни Муслимро дар Фарғона қатл сохтаву Чингизхонро зӯри бозӯи Темурмаликона нишон додаву Императории Русияро бо шӯриши соли 1916-и хеш дучори бӯҳрон ва шикасти баъдӣ кардаанд. Вале бубояд гуфт, ки дар 2 марҳалаи ахири мавҷудияташ, вилояти Ленинобод, ки ҳоло аз он Суғд ном мебаранд, даврони тилоӣ ба сар дошт. СССР чун давлат Ленинободро хеле такмилу таҳрик ва ба авангардҳои РСС Тоҷикистон ва Осиёи советӣ табдил дод. Ҳамин 1 далел кофист, ки аз 1 корхонаи он, дар соли 1981 беш аз  53 млн қуттии консерв баровард, ки ин миқдор бо тамоми консерви корхонаҳои Россия (1913) баробар буд!

Дар солҳои Истиқлолият вилоят боз ҳам рушд карда, ба зеботарин ва бузургтарин минтақа дар Осиёи Миёна табдил ёфт. Ба вежа тайи 2 соли ахир Суғд бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад. Биёед ба омори 6 моҳи соли 2020 рӯ оварем:

-Ба буҷет 1 млрд. 84,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли гузашта 74,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷониби саноатчиёни вилоят ба маблағи 6,5 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбати соли 2019 афзоиш ба 114,4% баробар аст. Дар ин давра ба миқдори 571,8 ҳазор тонна семент ва 695,9 ҳазор тонна ангишт, 252,5 ҳазор тонна орд ва 2.740,2 тонна равғани растанӣ истеҳсол шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид. 

Шумораи фавқ-шумораи вежа аст ва пурра ба бурду бохти вилояти Суғд ва тамомии шаҳру навоҳии он бахшида шудааст. Дар оянда «спец-номер» ё худ шумораҳои вежаи мо дар бораи дигар шаҳру навоҳии кишвар низ нашр хоҳанд шуд. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter