ХАБАРИ ДОҒ

СУДИ ХУРОСОН ПОСБОНИ ТАЪРИХРО ҶАЗО ДОД

  • Чоршанбе, Авг 12 2020

 

 

Рубрикаи Human Story

Қиссаи ҳукми 1 посбон, ки ҷазои сахт ҳам нагирифтааст, бори дигар собит месозад, ки дар кишвари мо кайҳо фурсати реформаи судӣ фаро раисдааст...

Шаҳраки қадимаи  Сайёд, воқеъ дар н.Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ба эҳтимоли зиёд дар аҳди Кӯшониён арзи ҳастӣ кардааст, аз ҷониби давлат ҳифз мешавад. Посбони ин мавзеъи таърихӣ Манонов Холмаҳмад барои тоза намудани даромадгоҳи қалъа аз ҷониби Суди ноҳияи Хуросон ҷазои ҷиноятӣ гирифт ва ба қавли ӯ ин кор дар заминаи ғаразҳои шахсӣ бо ҷангалбон Мирзоалӣ Ҳасанов сурат гирифтааст. Аммо мақомоти судӣ мегӯяд, посбон буттазорро нобуд кардааст.

Айни ҳол зинапояҳои хокӣ, роҳи рафтан ба шаҳраки қадимаи Сайёд аст. Аввал ҷои он хору хас мерӯидаст. Посбони ин мавзеъи таърихӣ алафҳои худрӯй ва бутаҳои даромадгоҳи қалъаро, ки ба қавли ӯ зери ҳар кадоми он пур аз партову пасмондаҳои маишӣ буд, тоза кард, то ба ин васила дар ҷалби сайёҳон мусоидат кунад. Аммо ин амалкард барои ӯ дарди сар овард ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Гулбаҳор Манонова-модари посбон мегӯяд: “Чанд вақт пеш Ҳасанов Мирзоалӣ ном ҷангалбон хост, ки буттаҳои атрофи қалъаро бибурад. Ман ба ӯ иҷоза надодам, ки дар натиҷа гуфт, шумо археологҳо-заминканак ҳастед ва акнун ман кори хостаамро дар ҳаққатон мекунам. Баъди ин таҳдид муфаттиш ба хона омаду ким- чӣ навишт. Бо далели хуруҷи коронавирус моро ба худ наздикшавӣ намонд ва гуфт он қадар масъалаи муҳим нест, имзо кунед, баъд мефаҳмед. Бо ҳамин нисбати фарзанди ман парвандаи ҷиноятӣ боз карданд”.

 Дар шартномаи меҳнатӣ, ки байни корфармо-Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дар назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корманд-посбон Манонов Холмаҳмад, аз 3 сентябри соли 2019  баста шудааст, дар яке аз бандҳои он гуфта мешавад, посбон уҳдадор аст: “Бо мақсади муаррифии бештари мавзеъи таърихии Сайёд роҳи баромад ва фаромади онро доим дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, бехатарию тозагии онро таъмин кунад”. Барои анҷоми ин амал кормандони бахши фарҳанги ноҳия ҳам бо роҳи ҳашари дастаҷамъӣ кӯмак намудаанд.

  Сайёд-шаҳри андҳазорсоаи Ориён

Шаҳраки кушонии Сайёд дар подомани қисмати офтобшини куҳи Хоҷамастон, канори рости дарёи Вахш ҷойгир аст. Ёдгории таърихии мазкур соли 1947 аз мадди назари гуруҳи бостоншиносон бо роҳбарии Белинский дур монд ва соли 1959 аз ҷониби таърихшиноси санктпетурбургӣ Зеймал ба таври пурра кашф шуд. Ҳоло ин ҷо макони таҷриба ва пажӯҳишҳои илмии таърихнигорони тоҷик аст. Солҳои пеш ҳудуди мавзеъи таърихӣ ба заминҳои хоҷагии ҷангали н.Хуросон тааллуқ дошт. Ҳоло бошад, аз мувозинат бароварда шуда, масоҳати он 1 гектару 95 сотихро дар бар мегирад.

  Дар ин миён як мушкил он аст, ки то ҳол даромадгоҳи қалъа ва роҳи рафтан ба он дар масофаи тахмин 60 метр дар мувозинати заминҳои хоҷагии ҷангали н.Хуросон буда, мавзеъи таърихӣ дар муҳосираи заминҳои ҷангал дармондааст. Новобаста аз ин Манонов Холмаҳмад  мегӯяд, “Ман гунаҳкор нестам, чун мақсади ман аз буридани буттаҳои худрӯй, ки тибқи айбнома 65 навда ва буттаҳои гази тарро ташкил додааст, на манфиати шахсӣ  ва нобуд кардани ҷангалзор, балки тозакорӣ ва иҷрои он уҳдадориҳое буд, ки дар шартнома дарҷ шудааст ва ҷалби сайёҳон аз ҷумлаи таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар моддае, ки бо он маро гунаҳкор намуданд, калимаи “дарахт” омадааст, аммо дар ҳудуди қалъа ягон вақт дарахт набуд, ба ҷуз аз буттаҳои худрӯй”.

   Воқеан ҳам дар илми ҳуқуқшиносӣ мақсад ва ангезаи амал ва беамалии ҳар шахс дар бандубаст ва эътирофи ҷиноят чун аломати таркибӣ нақши муҳим дорад ва ба инобат гирифта мешавад. Сабаби он, ки чаро мақомот ин ҳолатҳоро ба инобат нагирифтааст, норӯшан боқӣ мемонад.

  Аз посбонӣ то зиндонӣ

Судяи Суди ноҳия Хуросон Икром Раҳмонзода дар як суҳбати телефонӣ гуфт: 

-Манонов Холмаҳмад бо моддаи 243, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо) гунаҳкор дониста шуда, нисбати ӯ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 200 соат берун аз вақти корҳои асосӣ таъин гардид ва иловатан барои пардохти 7 ҳазору 540  сомонӣ ҳамчун зарар уҳдадор шудааст. 

Маоши Маннонов ҳамагӣ 330 сомонӣ аст ва агар ӯ нахӯраду напӯшад, беш аз 2 сол интизор мешавад то чунин маблағро ҷамъ орад. Ҷазо бар ивази тозакорӣ, ки мақомот онро буттабурӣ мегӯянд. Ба ҳар хол ба ҷавобгарӣ кашидани посбони макони таърихӣ, ки дар як вақт корманди зерсохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба ҳисоб меравад, таҷрибаи нодир аст.

Вақте аз судя далели гунаҳкории судшавандаро пурсидем, чун аксар дигар ҳамтоҳои худ 1 ҷавоби дилбазан дод: “Агар гунаҳкор розӣ нест ба суди зинаи болоӣ шикоят кунад”. Бубинед суол чӣ буду посух чи шуд. Гӯё журналистон ба ин ҳад бесаводанд, ки дар бораи тартиби шикоят бурдан аз болои сандаҳои судӣ маълумот надоранд.

   Суд: Ба боло шикоят баред…

Таҷриба нишон медиҳад, ки бештар вақт судҳои болоӣ қарорҳои зерсохтори худро бетағийр гузошта, шикоятгарон 1 умр норизо боқӣ мемонанд. Воқеан ҳам оё дар менталитети мо, ки кормандони 1 сохтор ба ҳамдигар ҳаққи устодию шогирдӣ доранд, метавонанд манфиати кадом 1 шаҳрвандро, ки 7 пушташро намешиносанд, аз манфиати ҳамкасби худ, ки ҳар ҷамъомад бо ӯ вомехӯранд ва сари 1 дастурхон мешинанд, боло гузоранд? Бекоршавии қарори судя 1 минуси ҳамон мақомот аст. Кӣ ва кадом сохтор омода аст, ки камбудии худро ба маъраз гузорад? Аксар вақт ҳатто баррасии шикоят аз болои Суд ба Прокуратура сокинонро қонеъ намекунад, пас вобаста ба натиҷаи шикоят аз болои 1 суд ба суди дигар чӣ ҷои гила аст? Хоҳ ноҳоҳ бартаргузории манфиати ҳампеша ва “ҳамрайъии нозарури касбӣ” дар хуни инсонҳо ҷой дорад. Фикри ман ин аст, ки мақомоти давлатӣ бояд роҳҳо ва чораҳои нави шикояткуниро андешад, то мардум ба шаффофияти кор ва таъмини адолати судӣ бештар бовар дошта бошанд. Мо Метавонем!

Саидҷаъфар Сафарзода, 

журналист

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter