ХАБАРИ ДОҒ

Эмомалӣ Раҳмон бо таҷлили 5500 солагии Саразм - рӯҳи тамаддуни мардуми ориёаслро зинда кард!

  • Ҷумъа, Сен 11 2020

 

12 сентябри 2020  Тоҷикистон 5500 солагии Саразмро ҷашн мегирад. Бояд тазаккур дод, ки таҷлили ин ҷашн барои на танҳо тоҷикон ва мардуми ориёасл, балки  кулли аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ  ва геополитикӣ дорад. Ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сентябри соли 2000-ум мақоми ҳуқуқии "Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ"-ро соҳиб гардида, ба яке аз марказҳои муҳими ҳафриётии олами муосир табдил ёфт.

Ёдгории бостонии Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна – Зарафшон-15 километр дуртар аз маркази шаҳри Панҷакенти имрӯза ҷойгир аст ва ёдгориҳои он муаррифгари таърихи ҳазорсолаи IV-II то милод маҳсуб меёбанд. Дар ин ҷо кишоварзӣ, меъморӣ ва ҳунарҳои нафисаи ниёгон, ҳамчунин коркарди фулузот ва рехтагарӣ равнақ доштаанд. Саразм соли 1976 кашф шуда, масоҳати умумии ёдгорӣ аз 130 гектар иборат мебошад. Имрӯз 37,34 гектари он боқӣ мондааст, ки аз он 17 гектараш ҳамчун мамнуъгоҳ ба харитаи ЮНЕСКО ворид гардидааст.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ далел бар он мекунанд, ки  Саразм дар ҳазораи чаҳорум то дувуми қабл аз мелод аз шаҳрҳои санъатӣ ва рушдёфтаи Суғди қадим буда,  дар водии Зарафшон ва маркази тавлидоти филизоти қалъаӣ ва биринҷ ҷойгир  будааст. Саразм нишонае аз тамадуни 5500-солаи кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии тоҷикон аст. Дар ин шаҳр колоҳо аз мис, қалъаӣ, пашм ва сангҳои қиматӣ тавлид шуда ва аз тариқи корвонҳо ба шаҳрҳои соҳили дарёи Хазар, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна содир мешуданд. Сохтмонҳои Саразмшаҳр аз хишт бунёд шуда ва кӯчаҳои он танг ва печдарпеч будаанд.

Пешвои миллати мо бо дарназардошти муҳимияти ин ёдгории таърихии гузаштагони миллати мо ба таҷлили  5500 солагии Саразм афзалияти стратегӣ доданд.

Дар давоми солҳои сипаригашта  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз Саразм дидан намудаанд. Бевосита бо ташаббуси тамаддунпарварона ва дастурҳои фарҳангдустонаи Роҳбари давлат солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм болопӯш шуданд. Аҳамияти муҳими Саразмро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгирии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон намуданд, ки ин боз як аломати бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад. 

Саразми Панҷакент на танҳо маркази савдо ва муносибаҳои иқтисодӣ, балки  маркази табодули фарҳанг буд.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  эҳёи анаънаҳои миллӣ, ҳифзи забон ва фарҳанги тоҷик корнамоии фавқуллода  кардаанд.

Бо ибтикори Пешвои миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо, эҳё гардиданд.

Бо талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисме аз онҳо, аз ҷумла, Шашмақом ва Наврӯз, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо аз як тараф эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ бошад, аз тарафи дигар натиҷаи босамари   талошҳои Пешвои миллатанд. 

Инак, пагоҳ, 12 сентябри соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон — шаҳри қадимаи Саразмро доир менамоем. Мо ин ҷашнро, албатта, бо дарназардошти тамоми  чораҳои зиддиэпидемиявӣ таҷлил хоҳем кард. Имрӯз басо кам роҳбаре дар ҷаҳон ёфт мешавад, ки мисли Президенти кишварамон ба таърихи миллат ва худи миллат арҷгузорӣ мекунад ва чунин чорабинии муҳими фарҳангӣ -сиёсиро таҷлил мекунад.   Ин маъракаи муҳими фарҳангӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.  

Бояд тазаккур дод, ки  нақши Пешвои миллат  дар ҳифзи ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик, ободгардонии онҳо, муносибати Пешвои миллатро  ба ин ёдгориҳои таърихӣ ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон нишон медиҳад. Пешвои миллат мутмаин аст, ки  ҳифзи ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик   қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад. 

Ман фикр мекунам, ки бо назардошти  хизматҳои Пешвои миллат  оид ба ҳифз намудани ёдгориҳои таърихии миллатҳои ориёасл  ва кӯшишҳои роҳбари давлат дар эҳёи анаъанаҳои миллии тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориси  қадршинос  ва  ҳақиқии дурдонаҳои тамаддуни ориёӣ мебошад.  

Фаъолияте, ки  роҳбарият  ва мардуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи меъроси маънавӣ  ва моддии  мардуми ориёасл   дар солҳои охир ба анҷом расонид, дар ягон  кишвари бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг  амалӣ нагардидааст ва нахоҳад шуд. Зеро дар зеҳни роҳбарият ва аксарияти мардуми ин кишварҳо ҳувияти динӣ бартарӣ дорад. Ба ақидаи ман, сатҳи ҳувияти миллии  сокинони ин кишварҳо дар  зери   таъсири тафаккури динзада ва бартарияти ҳувияти динӣ, дар даҳсолаҳои оянда  хеле паст хоҳад шуд  ё худ пурра аз байн меравад. 

Имрӯз бо ибтикори Пешвои миллат маҳз Тоҷикистон ба муҳофизи  ягона  дастовардҳои тамаддуни мардуми ориёасл мубаддал гаштааст. 

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ  бо кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат  сатҳи ҳувияти  миллии   мардуми тоҷик ба  маротиб баланд гашта, тоҷикон дар ҳифзи ёдгориҳои мардуми ориёасл саҳми асосӣ гузошта истодаанд. 

Мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки дар кишварҳое, ки  дар он мутаассибони динӣ ақидҳои  зиддимиллии худро  пиёда кардаанд, ёдгорҳои таърихӣ    бераҳмона несту нобуд карда мешаванд. Ин амалиётро ҷаҳолатпарастони динӣ махсус анҷом медиҳанд, яъне вақте   ёдгории таърихӣ аз хотираи миллат  нопадид мегардад, миллат дигар кӣ  будан  ва чӣ доштани худро аз хотир мебарорад. Баъдан ин гуна миллатҳо давлати миллии худро ҳам аз даст медиҳанд!!!

 

Чаро зарур аст, ки  5500 солагии Сарзамро мо тоҷикон имрӯз таҷлил намоем? 

Баъзе ҳамватанони  динзадаи мо, ки пурра ҳувияти миллиашонро аз даст додаанд, имрӯз бе ибо исбот карданӣ мешаванд, ки ташаккули миллати тоҷик маҳз аз замони ҷорӣ шудани ислом дар сарзамини аҷдодии мо сурат  гирифтааст, яъне тақрибан 1300 сол пеш. Аммо  Саразми бостонӣ ба ин гуна ақидаҳои беасоси душманони миллат зарбаи ҷонкоҳ мезанад, чунки ин ёдгории таърихӣ далели он аст, ки миллати тоҷик 5500 сол соҳиби ҳудуд, шаҳр, фарҳанг ва технологияҳои барои ҳамон давра муосири истеҳсолӣ дошт. Ин нуктаро Пешвои миллати мо хеле хуб дарк кардаанд. Ёдгориҳои таърихӣ  яке аз рукнҳои муҳими ҳувияти миллии мо мебошад. Ҳифзи   ёдгориҳои таърихии миллат ва  арзишҳои миллӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ,  тарғиб ва муаррифии фарҳанги башардӯстонаи тоҷикон барои ҷаҳониён, таҳкими рукнҳои ҳувияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ташаккул ва таҳкими фарҳанги ваҳдатгароӣ, муттаҳид намудани тоҷикони ҷаҳон ва дигару дигар фаолияти назаррас дар мавриди муаррифӣ, ҳифз ва рушди манофеи миллат, бешубҳа рисолати  Пешвои миллат мебошад, ки онро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле муваффақ иҷро карда истодаанд. 

 

Рустам Ҳайдаров 

доктори илмҳои фалсафа, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшинос

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter