ХАБАРИ ДОҒ

Эмомалӣ Раҳмон-кафили ояндаи дурахшони Ватан!!!

  • Сешанбе, Окт 13 2020

 

Тоҷикистон дар соли  2020 ду маъракаи  тақдирсози сиёсӣ-интихобот ба   Маҷлиси Олӣ ва интихоби Президенти кишварро бомуваффақ ва дар сатҳи баланд гузаронид. Ширкати кулли шаҳрвандони  кишвар дар ин маъракаҳои сиёсӣ таҷассуми сатҳи олии маданияти сиёсии насли имрӯзаи ҳамватанони мо мебошад. Яке аз хусусиятҳои муҳими интихоби Президенти кишвар дар соли 2020 аз он иборат буд, ки шаҳрвандон дар раванди он,чи дар давраи пешазинтихоботӣ ва чи дар рузи интихобот хеле фаъолона иштирок намуданд. Хусусан иштироки фаъолонаи насли наврас, ки дастпарвари даврони Истиқлол мебошанд, дар равандҳои пешазинтихоботӣ ва овоздиҳӣ инъикоси меҳру муҳаббат ва садоқати онҳо нисбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пирӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти кишвар як падидаи табиӣ буда, эътирофи хизматҳои шабонарузии Пешвои миллат дар роҳи таъмини рӯзгори хуш барои ҳаммиллатон мебошад. Бо итминони комил метавон навишт, ки ғалабаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии  президентӣ самара  ва нишонаи барҷасти иттиҳоду сарҷамъии миллат дар атрофи Пешвои миллат мебошад.

Интихоботи президентӣ, ки 11 октябри 2020 дар Тоҷикистон гузаронида шуд, ҳам барои кишвар ва ҳам барои минтақаи Осиёи Марказӣ  дорои аҳамияти стратегӣ мебошад.

Аҳамияти интихобот барои сиёсати дохилии кишвар

Интихобшавии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён нишон дод, ки  миллати мо дорои иммунитети баланди сиёсӣ мебошад, ки меҳвари онро ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Минбаъд ягон омили хатарзо наметавонад ба сулҳу суботи Тоҷикистон таъсир намуда, кишварро ба самти ҷанги нави шаҳрвандӣ барад. Миллати тоҷик аз  низоъи гузаштаи шаҳрвандӣ сабақҳои зиёд гирифта, ба ягон гурӯҳи тахрибкор имкон намедиҳад, ки ба Истиқлоли давлатии мо хатар эҷод намояд. Ҳаммиллатони мо имрӯз ҳамдилӣ ва ҳамраъйи худро бо сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат баръало нишон доданд. Хусусан дар даврае, ки буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хусусияти фарогирро дар ҷаҳони муосир ба худ касб кардаанд, мавҷудияти чунин Лидери қавии миллӣ ба мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамватанони мо эҳсоси эътимод ба фардои нек ва дурахшони кишварро медиҳад. Дар навбати худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қудрати созандаи ҳаммиллатони худ эътимоди қавӣ  дошта, дар  амалисозии барномаҳои  рушд Тоҷикистон маҳз ба неруи сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳамватанони  худ такя мекунанд. Мо тоҷикон бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён неруи ваҳдати миллиамонро муаррифӣ намудем ва исбот кардем, ки агар миллат фарҳанги ташаккулёфтаи сиёсӣ, ҳувияти миллӣ, неруи ободкор, сиёсати неки хориҷӣ, шаҳрвандони дар атрофи Пешвои миллат муттаҳидро дошта бошем, ягон қудрат ва идеологияи тахрибкори сиёсӣ  наметавонад дар  равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон таъсиргузор бошад ва ба ваҳдати миллии мо хатар эҷод кунад. Таҷрибаи эъмори давлатдории миллии Тоҷикистон як ҳақиқати куллро исбот менамояд, ки  агар дар  дилхоҳ ҷомеа  омилҳои зерини дохилӣ, ба мисли  ризоияти миллӣ, зираки сиёсии аҳолӣ, иттиҳоди нерӯҳои пешрафта ва созанда дар атрофи Пешвои миллат мавҷуд бошанд, пас дилхоҳ миллат метавонад манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд ва ҳаёту рузгори хушро барои наслҳои ояндаи худ  таъмин  кунад. Пешвои миллат бо  иродаи қавии сиёсии худ барои эҷоди омилҳои дар болозикргардида ҳама заминаҳоро гузоштанд.

Интихоби тоҷикон, ки  11 октябри 2020 раъйи худро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доданд-интихоби ояндаи дурахшони Тоҷикистон, давоми мантиқи эъмори давлати миллии дунявӣ, ҳифзи тарзи ҳаёти тоҷикона, ҳифзи забон ва фарҳанги миллӣ, ҳифзи институти оилаи анъанавӣ, гиромидошти анаъана ва маросимҳои миллӣ, ҳифзи фазои мазҳаби ҳанафӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии миллӣ, рушди низоми маориф ва тандурустӣ, парвариши кадрҳои болаёқати миллӣ, татбиқи минбаъдаи принсипи тоҷикмеҳварӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, давом додани  сиёсати “дарҳои боз” дар сиёсати хориҷии кишвар  мебошад.

 

Аҳамияти геополитикӣ ва геостратегии интихоботи президентии Тоҷикистон барои сиёсати хориҷӣ ва дар минтақа

Пас  аз интихоботи  Президенти Беларус ва интихоботи Парламенти Қирғизистон, ки бо буҳрони сиёсӣ анҷом ёфт, таваҷҷуҳи ҷаҳониён хусусан дар фазои ИДМ ба интихоботи Президенти Тоҷикистон нигаронида шуда буд. Дар шароити тезу тунд шудани рақобати геополитикии абарқудратҳо, афзудани таъсири амалҳои  гурӯҳҳои гуногуни байналмилалӣ, ки аз дахолати бевосита ба сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишварҳои ИДМ иборат мебошад, коршиносони гуногун барои кишвари мо ҳам сенарияҳи гуногуни сиёсиро пешгуӣ мекарданд. Воқеаҳои охир, хусусан бӯҳрони амиқи сиёсӣ дар Қирғизистон боиси нигаронии тамоми давлатҳои Осиёи  Марказӣ гашт, зеро ки хавфи сар задани ҷангӣ шаҳрвандӣ дар ҳамсоякишвар хеле калон буда, метавонад ба амнияти Осиёи Марказӣ таъсири давомноки манфӣ дошта бошад. Аз ин рӯ Президенти Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги геополитикӣ ва геостратегӣ дошта, яке аз омилҳои таъмини суботи сиёсӣ дар минтақа аст. Тоҷикистон як ҷузъи таркибӣ ва калидии Осиёи Марказӣ аст ва дилхоҳ рӯйдоди сиёсӣ дар кишвари мо,  метавонанд ба амният, иқтисодиёт ва геополитикаи Осиёи Марказӣ низ таъсир расонанд. Интихоб шудани  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Тоҷикистон кафили давом ёфтани сиёсати хориҷии сулҳпарварони  кишвари мо,  омили муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад

Имрӯз Пешвои муаззами тоҷикон ба ҳайси Лидери минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, зеро роҳбари тоҷикон дорои ҷаҳонбинии васеъ, мавқеи устувори сиёсӣ, масъулият барои таъмини амният дар минтақа буда, ба обрую нуфузи худ ба сиёсати байналмилалии Осиёи Марказӣ таъсиргузор мебошад. Нозирони байнамилалӣ пас аз анҷоми  маъракаи интихоби Президенти кишвар расман изҳор доштанд, ки мамлакатҳои ИДМ баргузории маъракаҳои сиёсиро бояд аз тоҷикон биомузанд. Дар ҳақиқат дар соли 2020 ду чорабинии бузурги сиёсӣ дар Тоҷикистон хеле муташшакил ва бо ҳисси  баланди масъулият барои тақдири кишвар гузашт. Шаҳрвандон, хусусан ҷавонони ватандӯсти мо, шабакаҳои иҷтимоии Интернет на барои  тарғиби  афкори  тахрибкор, чуноне  ки дар баъзе кишварҳои ИДМ мушоҳида гашт, балки барои муаррифии барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле оқилона истифода намуданд. Дар ҳақиқат шаҳрвандони мо, ба ҷаҳониён нишон доданд, ки  технологияиҳои муосири  коммуникатсионӣ  бояд  на барои ташкили “инқилобҳои ранга”, балки барои ҳадафҳои созанда истифода  бурд. Ҳатто флешмобҳои сиёсии ҳамватанони мо, хусусан ҷавонон, ки барои дастгирии номзад ба мансаби Президенти кишвар баргузор гардиданд, бори дигар  собит сохтанд, ки  сатҳи  маданияти сиёсии ҳамватанони мо хеле баланд рафта, намуна барои пайравӣ барои давлатҳои ИДМ шуда метавонанд.

 

Аҳамияти геоиқтисодии интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 

Президенти  Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  кафили  амалишавии лоиҳаҳои бузурги иқтисодии дохилӣ  ва байналмилалӣ  аст.  Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон  барои амалӣ шудани лоиҳои иқтисодии трансмиллӣ аҳамияти бузурги геоиқтисодӣ доро аст.  Дар  шароити идома ёфтани бӯҳрони  иқтисоди ҷаҳонӣ, ки хусусан  таҳти таъсири  пандемияи  вируси тоҷдор боз ҳам амиқтар ва давомнок бошад, зарур аст давлатҳои  Осиёи Марказӣ чораҳои иловагӣ баҳри кам намудани таъсири ин буҳрон андешанд. Буҳрони амиқи дар болозикршуда набояд барои мубодили  мол, тиҷорати байналмилалӣ ва трансфери технологияҳо  монеа  эҷод намояд. Барои ҳамин давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар чанд лоиҳаҳои фаромиллии иқтисодӣ дар минтақа ширкат меварзанд бояд барои татбиқи он саъйу кушиш намоянд. Президенти  тозаинтихоби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори ривоҷи тиҷорати байналмилалӣ, ҳамигироии минтақавӣ, иштироки фаъоли Тоҷикистон дар  иқтисодӣ ҷаҳонӣ ва ҷалби технологияҳои муосир аз хориҷи кишвар ба иқтисоди Ватан мебошанд.

Барномаи  пешазинтихоботии  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусияти прагматикӣ дошта, дар он бештар  ба рушди иҷтимоиёт ва  иқтисодиёти  миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Президенти Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бешубҳа  боиси  паст  гардидани таъсири падидаҳои манфии  буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти ватанӣ мегарданд. 

Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо назардошти  буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ тартиб додашуда, дар сурати татбиқи он рушди боз ҳам устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ барои 7 соли оянда дар кишвари мо таъмин мегардад. 

Дар доираи барномаи зикргардида маҷмӯан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рушди таҳкими самти ҳаётан муҳими ҷомеаи тоҷик,  хусусан  иқтисодиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуғл,  фарҳанг, маориф ва илм,  маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ,  таъмини волояти қонун ва такмили қонунгузорӣ, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, амният, мудофиа,  ҳамчун афзалияти стратегӣ  хоҳанд дод.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҳар кору амале, ки Пешвои миллат барои таъмини саодати ҳамватанони худ карданд ва хоҳанд кард, аз меҳру муҳаббати самимии роҳбари кишвари мо нисбати  ҳар як ҳамватанони худ шаҳодат медиҳад.

Имруз мо бо итминони комил  навишта метавонем, ки  ҳар як шаҳрванди ватандори тоҷик  дар интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти кишвар саҳми  муҳими худро гузошт  ва бо  ин амали худ  масъулияти баланди шаҳрвандӣ, сатҳои олии фарҳанги сиёси худро муаррифӣ кард.  Дастболо гаштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интхоботи Президенти кишвар  намунаи олии Ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди ватандорони асили тоҷик дар атрофи Пешвои миллат мебошад ва бояд  ҳамин тавр ҳам бошад. Чуноне ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: “ Ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошед, ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки мо як Ватан-модар дорем”.

Рустам Ҳайдаров,

доктори илмҳои фалсафа,

муовини Директори Институти

фалсафа,сиёсатшиносӣ ва

ҳуқуқи  ба номи

А.Баҳоваддинови АМИТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter