ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Дар Қирғизистони ҳамсоя боз табаддулоти давлатӣ шуд. Ин бор президенти 5-умро сарнагун карданд. Ин дар ҳолест, ки анархияи про-Соросӣ дар ин кишвар давом дорад ва оқибаташ маълум нест…

 

Боби 1. Сарнагунсозии Акаев

Инқилобҳои лоларухи Қирғизистон-эътирозҳои оммавии сокинони ин кишвар дар муддати 15 соли ахир тавонистанд 3 маротиба ҳукуматро иваз намоянд. Инқилоби нахустин моҳи марти соли 2005 сурат гирифта, дар пайи он Аскар Акаев, президенти ин кишвар сарнагун ва ба ҷойи ӯ Қурманбек Боқиев президенти Ҷумҳурии Қирғизистон интихоб карда шуд. 

Моҳҳои феврал ва марти соли 2005 дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор гашт, ки нозирони байналмилалӣ онро ноҳақ хонданд ва ин боиси ба тазоҳурот даст задани мардум гашт. Президенти вақт Аскар Акаев натавонист монеи ин инқилоб гашта, бо аҳли оилааш кишварро тарк кард. Мавсуф пас аз 15 соли ҳукмронӣ 24.03.2005 аз Кирғизистон ба Россия фирор кард. Ӯ ҳанӯз ҳам дар ин мамлакат зиндагӣ намуда, бо кори муалимӣ машғул аст. 

 Боби 2. Сарнагунсозии Боқиев

Пас аз Аскар Акаев ҳукумат ба дасти оппозитсияи чандгуна афтод, ки ҳар яке мехост идораи давлатро ба дасти худ бигирад. Баъди танишҳои зиёд байни намояндагони оппозитсия-Қурманбек Боқиев ва Феликс Қулов, сарвазири кишвар  барои ҳукумат муборизаи пайваста идома дошту мардум қариб ҳар моҳ даст ба эътироз зада, ба кӯчаҳо мерехтанд. Ва ахиран Боқиев низ ба Минск, пеши Лукашенко фирор кард.

 Боби 3. Сарнагунсозии ҳама!!!

Дар 15 соли ахир дар Ҷумҳурии Қирғизистон 5 президент раҳбарӣ карданд: Аскар Акаев, Қурманбек Боқиев, Роза Отунбаева, Алмосбек Отамбоев ва Сооронбой Ҷеенбеков. Аз байни инҳо танҳо Роза Отунбаева мақоми собиқ-президентӣ дораду халос, ки аз 7.04.2010 то моҳи декабри соли 2011 ба ҳукумати муваққатӣ сарварӣ мекард. Президентони боқимонда аз мақоми экс-президентӣ ва дигар имтиёзҳои давлатӣ маҳрум карда шуданд. 

 Боби 4. Президентони ҷинояткор

Кори аҷиби дигар аст, ки дар ин кишвар алайҳи ҳамаи собиқ президентон ва аҳли хонаводаи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Яъне чӣ? Яъне ин миллат ва ин давлат куллан ҷинояткоранд? Воқеан ҳам, бархе, амсоли Қурманбек Боқиев аз олами ҷиноӣ ба ҳукумат расида буданд. Боқиев зимни ҳукуматдорӣ ба писарону бародарони хеш ва ҳампешаҳои ҷинояткораш, имконияти бештаре доду онҳо тавонистанд ба тиҷорати калон, савдо ва умури давлатӣ роҳ ёфта, дахолат ҳам намоянд. 

Қирғизҳои аз революция маззахӯракгардида, Қурманбек Боқиевро баъди 5 соли президентӣ, дар таърихи 7.04.2010 сарнагун  карда, ӯ, писару бародар ва зану фарзандашро низ ғойибона суд карданд. 

 Боби 5. Президентон сари якдигарро мехӯранд

Бояд гуфт, ки ҳини инқилоби анти-Боқиевӣ Роза Отунбаева ва Алмосбек Отамбоев пешвоёни оппозитсияи қирғиз буданд. Роза-оча 1 сол сарварӣ намуда, думро хода карда, ҷон ба саломат бурд. Вале Алмосбек Отамбоев 5 сол президентӣ намуда, шогирди содиқи худ-Сооронбой Ҷеенбековро ба ҷои худ пешбарӣ карда, барои президенти мамлакат интихоб шуданаш кӯшиши зиёде ҳам анҷом дод. Аммо пас аз Президент интихоб шудан Ҷеенбеков Отамбоевро дастгир намуда, барои 11 сол ба маҳбас кашид.

 Боби 6. Маҳалгароӣ ва табаддулот

3 омил аст, ки Қирғизистони ба ақидаи бархе коршиносони тоҷик «ҷазираи озодӣ» ҷазиртар мегардаду пайваста дар хун тар. 1. Паёмади инқилоби рангаи Сорос. 2. Камази Арақ. 3. Маҳалгаройии шимол ва ҷануб. Ин омил ҳамеша ҷой дошт ва ҳам дар соли 2010 ва ҳам дар соли 2020 нақши муҳим бозид. Зиддияти минтақавӣ дар ҳар интихоботу раъйпурсӣ, чӣ президентӣ ва чӣ парлумонӣ мавқе ва нақши хос дошта, сарварону ҳукуматдорон ба он такя мекунанд. Амсоли имрӯз, ки тарафдорони Ҷеенбеков, ки ҷанубӣ аст, бо тарафдорони Отамбоеви шимолӣ даст ба гиребонанд.

 Боби 7. Кӣ кӣ аст?

Акаев Аскар Акаевич, 10.11.1944 дар деҳаи Кизил-Байрақи вилояти Чуй таваллуд ёфтааст. Ӯ арбоби давлатии русу қирғиз ва ходими илмиву сиёсӣ мебошад. Мавсуф аз 27.10.1990 то 31.08.1991 дар маснади президенти РСС Қирғизия ва аз 31.08.1991 то 11.04.2005 президенти Ҷумҳурии Қирғизистон буда, 4 маротиба дар интихоботи президентии солҳои 1990, 1991, 1995 ва 2000 ғолиб омадааст. Ба ғайр аз ин 2 маротиба ваколатҳои президентии хешро ба воситаи раъйпурсии солҳои 1994 ва 2003 тамдид карда буд. Давраи президентии Акаев ҳамчун давраи ороми сиёсӣ ба шумор рафта, дар натиҷаи инқилоби моҳҳои феврал ва марти соли 2005, бо кӯмаки бевоситаи Ҷорҷ Сорос барканор гардид. Аскар Акаев профессор, доктори илмҳои физика ва математика, президенти Академияи илмҳои ҶҚ, узви Академияи илмҳои ФР ва узви фахрии Академияи байналмилалии муҳандисӣ мебошад.

 

Боқиев Қурманбек Солиевич, 1.08.1949 дар ш.Масадани вилояти Ҷалолобод таваллуд шудааст. Арбоби сиёсӣ, пешвои ҳизби «Ҳаракати миллии Қирғизистон», сарвазири ҶҚ (солҳои 2000-2002 ва 2005), Президенти ҶҚ солҳои 2005-2010). Соли 2009 дубора ба симмати Президенти ҶҚ интихоб гашт. Моҳи апрели соли 2010 дар натиҷаи инқилоби дуюм барканор шуда, пеши дӯсташ Лукашенко фирор кард.

 

Отунбаева Роза Исоқовна, 23.08.1950 дар ш.Фрунзе таваллуд ёфтааст. Собиқ-президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, арбоби сиёсӣ ва дипломат, раиси фраксияи парламентии Ҳизби Сотсиал-демократии Қирғизистон.

Дар пайи ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 сарварии Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Қирғизистонро бар дӯш гирифта, 19.05.2010 Президенти ҶҚ эълон гашт. Нахустин зан-президенти Қирғизистон ва то ба имрӯз ягона зане, ки дар миқёси кишварҳои ИДМ президент интихоб шудааст. Дар вазифаи президентӣ то 1.12.2011 то замони омадани Алмосбек Отамбоев кор кардааст.

 

Отамбоев Алмосбек Шаршенович, 17.09.1956 дар шаҳраки Аршани вилояти Фрунзе таваллуд ёфтааст. Арбоби сиёсӣ ва давлатӣ. Аз 1.12.2011 то 24.11.2017 президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, солҳои 2010-2011 сарвазири ҶҚ, раиси Хизби сотсиал-демократии Қирғизистон, Президенти фахрии Федератсияи самбои Қирғизистон. Бештари ҷанҷолу даъвоҳои сиёсӣ маҳз дар давраи президентии Отамбоев сурат гирифта, аксар вақт сабаби эътирозҳо ин ба мансабҳои калидии мамалакат, алалхусус дар мақомотии қудратӣ таъйин намудани хешовандон ва одамони наздики Отамбоев буданд.

Тобистони соли равон додгоҳ Алмосбек Отамбоевро аз тамоми имтиёзу унвонҳои давлатӣ маҳрум сохта, 11 солу 2 моҳи зиндонро барояш ҳукм кард. 6.10.2020 бо истифода аз вазъи бесарусомонӣ Алмосбек Отамбоев аз СИЗО озод карда шуда, пас аз чанд рӯз дубора боздошт гардид.

 

Ҷеенбеков Сооронбой Шарипович, 16.11.1958 дар деҳаи Қаро-кулҷаи ноҳияи Совети вилояти Ош таваллуд шудааст. Арбоби сиёсиву давлатӣ. Аз 24.11.2017 президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва Сарфармондеҳи Қувваҳои МУсаллаҳ. Аз 13.04.2016 то 21.08.2017 ба ҳайси Сарвазири кишвар кор кардааст. Аз 05.10.2020, ки кабинеташро ғасб кардаву оташ заданд, ҷои зисташ номаълум аст.

 

Ҷ. Ҳусейнова,

М.Мубориз,

Махсус барои аъзои Ихвон ал СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter