ХАБАРИ ДОҒ

ЦРУ СНГ-ро барҳам заданист??? (ГЕО-политика)

  • Чоршанбе, Окт 28 2020

 

 

Пролог

Моҳи октябри 2020 барои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, маъруфтар бар СНГ, ки аҳамият деҳ, хонанда, маҳсули тахайюли Шушкевич, Елтсин ва Кравчук-президентони Белорусия, Русия ва Украинаанд, бебарор ва сангин омад. Дар ҳаводиси сиёсӣ ягон чиз тасодуфӣ нест. Бинед, ки ин 3 президент дар Беловежская Пуша, соате, ки СССР-давлати бузургтарини олам ва рақиби асливу усулии НАТО-ро барҳам мерехтанд, бо «3 имзои муборак» СНГ-ро сохтанд. 1 иттиҳодияи ғайривоқеӣ, ки зери таъсири хадамоти ҷосусии Амрико ва Аврупо бунёд гашта буд. Ва имрӯз аз касе пӯшида нест, ки СССР-ро Елтсин Борис маҳз бо дастгирии Амрико аз байн бардошт ва чанде ба баъд дар Конгресс баромад кардаву гуфт:

-Худоё, Амрикоро нигаҳ дор!-Боже храни Америку!!!

Киҳо аз СНГ фирор карданд?

Дар бораи Путин В.В. чӣ таҳқиру дашноме доред, бигӯед, вале ин мардак дубора Россияро сохт ва аз коми нестӣ, ки Елтсини алкаш бурда буд, наҷот бахшид. Елтсини бадмаст душмани асливу усулии Россия ва СССР буда, ба нисбат 1 Абдулло Раҳимбоев ё Фитрати сонист, ки мутаассуф, имрӯз ҳамшаҳриҳояшон аз ин 2 чеҳраи манфуртарини миллати тоҷик, ки барои кишвардории мо аз Чингизу Қутайба бадтаранд, симои мусбӣ тарошидан доранд. Хиёнат хиёнат мезояд. «СССР» сареҳатан мегӯяд, касе аз Раҳимбоеву Фитрат пуштибонӣ мекунад, агар номзаду доктору академику давлатмард низ бошад, худ хиёнаткор аст!!!

Вале баргардем сари ВВП. Путин ҳарчанд қудрати ҳарбии Россияро бақувват кард, аммо натавонист аз фирори республикаҳои собиқи СССР ҷилавгир шавад. Зеро аксарият замони бадмастии Елтсин рафта буданд. Амсоли Латвия, Литва, Эстония.

Ҷанги хирсонаи 08.08.08

Кӯшиши баргардонидани заминҳои СССР ба ФР дар даврони президентии Дмитрий Медведев-президенти вақти Россия ба вуқӯъ пайваст. Ҷангро, табиист, Саакашвилии ба ваъдаҳои НАТО боваркарда, шуруъ намуд. Вале ҳамагӣ дар 5 рӯз шикасте хӯрд, ки Гурҷистон шояд дар соли 1917 надида буд. Тифлис дар ин 5 рӯз, ки табиист, аз НАТО пуштигирие надид, Сухуми, Схинвал, Абхазия ва марзу буми бузургашро аз даст дод. Ин ҷанги Медведевӣ-Хирсона дар таърихи навини Россия аз ифтихороти Армияи он дарак медиҳад.

Қрим ва Донбасс

21.11.2013. Майдон. Ин рӯзро метавон рӯзи аз дасти Кремл раҳо шудани Украина хонд. Табиист, ки Россия Донбассу Днепру Донетскро аз Киев ҷудо кард. Зеро ин ҷо табъану зотан русҳо бештар ба сар мебурданд. Ҷанги гражданӣ миёни ин 3 ҷумҳурии худхоҳ, ки зери қаноти Кремланд ва Киеви расмӣ, ки пуштибонаш Аврупову Амрикост, 7 сол давом дораду гумон аст, дар солҳои наздик хатм гардад. Вале дар ҳоле, ки НАТО ба Кремл таҳдид мекард, Путин ҷазираи Қримро ишғол намуд ва қаноти Укранинаро буррид. Ин 2 аннексияи ахир маънои онро дошт, ки Украинаву Гурҷистон низ абадан аз Кремл дур гаштаанд!

Беларус ва Батко

10.08.2020. 1 рӯз баъди интихоботи президентӣ, оромтарин кишвари СНГ, ки онро «СССР №2» низ мегуфтанд, даст ба тазоҳурот зад. Ғалабаи 6-ум ва дар пай-пайи Батко Лукашенкоро халқ қабул накард. Светлана (Пилипчук) Тихоновская, ҳарифи усулии Батко, ки худи Лукашенко ӯро «1 беваи лави ов» мехонд, мардумро, тавассути дастгирии бевоситаи Амрико ва Аврупо тавонист ба майдон кашад. Литва ва Полша спонсорҳои асосии ин гирдиҳамоиянд. Ҳадафи Ғарб, албатта, на танҳо Минск, ки Кремл аст. Зеро бо аз даст додани Беларус штикҳои НАТО дар таки бинии Путин рост мегарданд. Ин шабу рӯз тақдири Лукашенкову Минск на, ки аз Путину Маскав дар ин сарзамин ҳаллу фасл мешавад.

Қарабоғ себи нифоқи СНГ

27.09.2020. Дар Қарабоғи Кӯҳӣ, ки сарзамини Озарбойҷон асту дар он 100% арманиҳо зиндагонӣ доранд (дар солҳои 90-и асри пор арманиҳо тамомии аҳолии озариро ё куштанд ё пеш карданд), ҷанги нав сар зад. Конфликт нишон дод, ки Боку дар тӯли 30-соли ахир ба Туркия наздиктар шудаву Армияашро сахт муҷаҳҳаз кардааст. Дар ҳоле, ки Ереван ба Сулҳпарастони Россия такя мезад. Вале сари қудрат омадани Пашинян, аз Кремл рӯ тофтану ба Ғарб умед бастанаш, дили Кремлро аз ӯ сард кард. Разведкаи Боку аз ин ҳодиса хабар дошт ва бо истифода аз фурсат, ки Пашиняни хомкалла ба Арманистон сарбозони НАТО-ро оварданӣ шуд, ба ҳуҷум гузашт. Россия бетараф шуд ва дабдалаи Армения баромад. Имрӯз Арманистон боз зери домани ВВП гузаштанист. Аммо Кремл пешниҳодҳои худро дорад. Ҳарчанд Ереван узви СНГ ва СПАД-ОДКБ ҳаст, Кремл барои кӯмакаш шитоб намекунад. Дар сурати пирӯзии Боку дар Қарабоғ Туркия ба Озарбойҷон ва Қафқози Ғарбӣ даст меёбаду дигар ҳаргиз аз он ҷо нахоҳад рафт ва Кремл бо Анқара, ки дуввумин қудрати бузург дар НАТО маҳсуб меравад, панҷа нарм кардан набитвонад. Вале то Пашинян ҳаст, Еревани расмӣ рӯ ба Аврупосту пушт бар Русия, ки низ дарди сар аст.

Эпилог: ОМ аз даст меравад?!

Ягона “рычаг” ё худ умеди Россия дар ОМ, ин муздурони бечораҳоли ин кишварҳост, ки нонтеи миллионҳо шаҳрвандонашон гаштаанд. Ёд доред, ҳар боре низоъи сиёсӣ ё калавиши дипломатие аз ҷониби Душанбеи расмӣ сӯи Чину Аврупо ё Амрико мешуд, Дима Медведев-сарвазир-президент-сарвазири Россия муздурони Тоҷикро тавҳину таҳқир мекард ва бо сарпарастии Кремл тоссарон-скинхедҳои фашист рӯи кор омада буданд, ки танҳо Тоҷик мекуштанд?!

Вале ба назар мерасад, ин “рычаг” низ раҳо шуд. Зеро Россия, дар бастагӣ бо коронавирус, низ ба бӯҳрон ғӯтид, муздурон бекор мондаву баргаштаниянд ва агар дармондаанд, пулу пайсае ба кишварҳои хеш равон намекунанд. Ин аст, ки дар дили ОМ-Қирғизистон инқилоби нав ва Сооронбой Ҷеенбеков пеш карда шуд (истеъфо маҷбурӣ буд!). Воқеан ҳам табаддулоти давлатӣ ҳамагӣ 7 рӯз баъди оне сурат гирифт, ки ВВП дар Кремл Ҷеенбековро қабул карда, ваъдаи дастгирӣ ва пуштибонӣ дод. Яъне чӣ? Яъне Ғарб паём дод, “на ҳар нафаре ба Кремл умед мебандад, аз чанги мо халосӣ дорад!”.

Аз СНГ чӣ ё кӣ монд?

4 кишвари ором-Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон. Воқеан ҳам Туркманистон худро нейтрол эълон кардаву аз ин созмон фирор кардааст. СРУ, НАТО, Иттиҳоди Аврупо ба ин 3 кишвари осиёӣ-охирон платсдарми СНГ ва иттифоқчиёни Россия бо...Давлати исломӣ, оппозитсияи евро-исломӣ ва Толибони афғонӣ таҳдид мекунад. 

PS:12 сол пеш “СССР” навишта буд, ин қадар пул-кӯпрукҳои тахрибнашаванда бо Афғонистони хатарзо ва моломол аз ҷангиёни муҷоҳиди зархарид барои чӣ лозиманд? Суол бе посух монд. Вале ҳанӯзам моҳияташро гум накардааст. Мо Метавонем!

 

М.Мубориз барои «СССР»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter