ХАБАРИ ДОҒ

Реформа дар БДА шарт ва зарур аст!!!

  • Чоршанбе, Янв 13 2021

Мутаассифона, замони ахир дар журналистикаи Тоҷик 1 раванди хатарзо рӯи кор омадааст ва он ҳам адами танқид! 20 рӯз бештар, ки мариз будаму бистарӣ (ман ҳич гоҳ ҳини касалӣ инро фош намекунам), бо ҳампалатаам-Алии Беҳудуд тамоми барномаҳои ТВ-ҳои Тоҷикистонро дидем. Дар ягон барнома, бидуни барномаҳои ВКД ва БДА маводи танқидӣ нест, ки нест. Масъулин шояд фикр мекунанд, танқид, ки кардӣ, оппозитсияӣ, зидди ҳукумат сухан мегӯӣ, душманӣ. Аслан чунин нест! Журналистика барои ислоҳи ҷамъият ва инъикоси камбуду бурди шохаҳои ҳукумат аст. Ва агар чунин намешуд, имрӯз расонаҳои Амрикову Аврупо ва ҳатто ҳамсоякишварҳоямон моломол аз репортажу матолиби танқиди созанда намебуданд. Раванди таърифу тавсифи чиновникҳо, раисон ва вазирон ба касе хушоянд нест ва ҳатто худи Президенти ҶТ борҳо таъкид карда буданд, ки «Танқид кунед, ҳатто маро танқид кунед, вале ба Давлат ва Ватан хиёнат накунед!». Танқид аз хиёнат фарқ дорад ва дар бисёр маворид таърифи барзиёд наздиктар ба хиёнат аст, ки танқид буда бошад. Мо Метавонем! Ва мо сар мекунем!!!

Чанде пеш, дақиқан дар матлаби  "Максимализми Тоҷикӣ" (СССР, 26 ноябр, 2020) роҷеъ ба шикоят-навори интернетии «1 таксисти 5-сӯма» аз кормандони БДА пуштибонӣ кардам. Нафаре бо имзои Музаффар Айдаров, ба ман чунин навишт: "Таксист, агар ГАИ манъаш кард, ҳатман аз президент хафа аст"! - мегӯед Шумо? Тавре ман аз гуфтаи "таксист" фаҳмидам, " ГАИшник" барояш гуфтааст, бо фармони раиси шаҳр фаъолияти "таксиҳои панҷсомона" дар пойтахт манъ аст. Сабаби муроҷиати таксист дар ҳамин аст. Ин муроҷиатнома метавонад "2020 саволи беҷавоб"-и дигарро кушояд. Воқеан ҳам, раиси шаҳр чунин фармон додааст? Ё барои ГАИшникҳо аллакай одат шудааст, ки аз номи "калонҳо" гап зананд? Агар таксист ба ягон ҷойи дигар муроҷиат мекард, ман 121% боварӣ дорам, ки ягон нафъе намедошт...».

Борҳо гуфтаву боз ҳам менависам, нозирони БДА дар аксарияти маврид профессионал, психолог ва ҳатто одамшиносанду меҳрабон, вале мутаассуф ашхоси тасодуфӣ низ дар ин ниҳод ҳастанд, ки кори дастаҷамъии ин ниҳоди зери дурбини ҷамъиятро бо адами масъулият, набуди кӯчактарин одоби муошират ва беодобӣ ба сифр-0 баробар мекунанд:

1000х2-3=0…

Замони ахир, надонам барои чӣ, саф ва амали чунин нозирон, аз ҳисоби ҷавонон  афзудааст. Шояд дар поин дарак доранд, ки дар боло дигаргунӣ мешавад? Боло! Ҳамон нозирони андаке, ки дар бораашон чун бемасъулият ҳарф задем, ин вожаро хеле дӯст медоранд. Мошинро, ки боздоштанду сабаб пурсӣ, посух яктост:

-Аз Боло фармон шудааст!

Кист дар ҳамон Боло? Ва онҳо киро дар назар доранд? Маълум, ки мардуми оддӣ Боло гуфта киро дар назар дорад ва ин аст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба Боло шикоят мебаранд. Ва акнун пурсида мешавад, ки дар Раёсати БДА чанд шиква дохил шудаасту онҳо ба чанд шикояту арзи мардум посух гардонидаанд? Суол расмист ва бовар дорем РБДА ВКД ҶТ ба он посух мегӯяд! Мо интизорем. Мо метавонем! Зеро посух ба ин суол посух ба шикваи ҳамон таксисти 5-сомона ва Айдаров Музаффар низ ҳаст, ки гиребони сардабири СССР-ро сахт доштааст.

 Исти бесабаб (Бесцельная остановка)!

 Агар аҳамият додаед, дилхоҳ нозири БДА дар дилхоҳ нуқтаи кишвар метавонад роҳат шуморо боз дораду баъди тафтиши аснод ва ё шикояти ронандаву ҷанҷолу хархаша ҳамту, зери лаб, бо виқоре, ки гӯё шуморо аз зиндон раҳо кардаасту 100 сомонӣ низ ба дастатон қаппондааст, амри лутфомез кунад:

-Ҷавоб! Роҳи сафед!!!

Ва ин ки ин нозир вақти гаронбаҳои шуморо гирифтаву 5-10 дақиқа асабиятон кардааст, гӯё боке нест-в порядке вещей…!

Исти Сиёҳнома ва Техосмотр!!

Ана ин тамоман «ҷиноят» аст. Чандин бор маро ист фармудаву ҳуҷҷат пурсидаанд. Сабаб пурсам, мегуфтанд, иҷозатномаи шишаҳои сиёҳ ва техосмотрро бояд ба тиреза ширеш мекардӣ! Дар куҷо, кадом қонунгузорӣ, кодекс, конститутсия омадааст, ки ронанда бояд ҳатман ин 2 варақаро дар тирезааш насб кунад?

 Исти Солинавӣ!!!

Воқеан ҳам кормандони БДА дар сартосари кишвар дар ин шабу рӯзҳои идонаи солинавӣ бо сабабҳои ба мо тамоман номаълум дар ҷодаҳо хеле зиёд ба чашм мехӯрданд. Дур намеравем, онҳо ҳамарӯза аз гардиши Бинои марказии Саррёсати БДА ҶТ то мавзеъи Балх ҳадди ақалл 4-5 посгоҳ таъсис додаву бо ва бе сабаб қариб тамомии нақлиётро манъ мекарданд. Дар гардиши шоҳроҳ, дар рӯбарӯи БДА, назди ДАРВОЗАИ ГАИ ҳамарӯза 3-4 сержант истода, бе ягон сабаб мошинро манъ мекунанд, ки аз рӯи қонун «таваққуфи бе сабаб (бесцельная остановка)» аслан дар кишвари мо мамнуст! Шояд рост мегуфт, ронандаи таксие, ки ба ҷон задаву менолид: «Охири сол асту планашонро иҷро накардаанд!». Пурсида мешавад, ки магар БДА низ плану нақшаву ӯҳдадорӣ дорад? Шахсан мошини сардабири СССР-ро дар ин шабу рӯзҳо 10 бор (!!!) манъ карданд ва ба ин сержантҳо фарқе надорад, ки ту газета мебарорӣ, сардабирӣ, кори давлат меравӣ ва ё маҷлиси ҳукуматӣ…

Ва аз ҳама муҳим аксари ин нозирон бе ниқоб сар дохили мошин карда, даҳонатонро бӯй мекашанд. Фарзи мисол, шумо маст нестед, вале нозире, ки дар шабу рӯзи коронавирусӣ даҳони чандин ронандаро бӯ кашидааст, магар сарчашмаи паҳншавии вирус намегардад? Ва ё бо дастони бидуни дастпӯшаки махсус ҳуҷҷатҳои садҳо нафарро варақ задаву аз шуморо низ варқгардон менамояд, низ боиси паҳни маризиҳо намешавад?

Муҳими муҳими муҳимтар аз ин ҳама гуфтаҳо. Агар шумо, фарзи мисол, саросемаеду исти беҳадафи сержантеро игнор кардаву роҳатонро идома диҳед, бо ратсия хабар дар тамомии шаҳр паҳн мешавад: «Неподчинение!!!». Ва Худо зад, дар 10-12 ҷои дигар нозирон ҳатман шуморо манъ кардаву пурсупос менамоянд. Кӣ ба нозири БДА ҳақу ҳуққ додааст, ки мошинро ғайриқонунӣ манъ кунаду сипас ғайриқонунӣ автои шуморо дар ҷустуҷӯӣ ҷиноӣ қарор диҳад? 

Имрӯз бе шакку шубҳа соате расидааст, ки дар ин соҳа реформаи ҷиддӣ роҳандозӣ гардад. Ифтитоҳи Шаҳри Бехатар ва ҷаримаҳои воқеии он чанд солаке ронандагонро аз ситами гаишникҳо халос карда буд. Вале боз ҳам сафи онҳо афзудааст, ки боиси нигаронист. Шояд мисли Гурҷистон ин ниҳодро комилан аз миён бардорем???

Мавзуъро пайгир мемонем. Зеро ронандагон замони ахир воқеан ҳам аз ҷаври ГАИ-шникҳо ба дод омадаанд. Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter