ХАБАРИ ДОҒ

Онҳо барои Сулҳ кушта шуданд!

  • Чоршанбе, Янв 13 2021

 

 

Ватанпарваронро Ватан парварад,

Чуноне, ки рӯҳе бадан парварад…

Дар солҳои 1992-97 садҳо тан фарзандони ҷавонмарди Тоҷик барои барқарории Ҳукумати Конститутсионӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон террор, ваҳшиёна кушта ва иддае маъюбу маҷруҳ гардиданд… Ин матлаб дар бораи ҷавонмарде қисса мекунад, ки баҳри поси хотираи муборизони роҳи озодиву ободӣ ва амнияту ваҳдати миллии мо нақши калидӣ гузоштааст!

Аллеяи патриотизм дар Кангурт!

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дақиқан кам ашхосе иттилоъ доранд, ки дар 1 гӯшаи дурдаст - рустои Кангурти гурдофар – ватани Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва албатта ноҳияи Темурмалик (собиқ н.Совет) бюст-нимпайкараи лидерҳо ва ҷанговарони Фронти Халқӣ мавҷуд аст. Ва низ ҳич кас намедонад, ки асосгузору муаллифи ин корнома кист? Барои ин 2 суол посух ҷустан чанде пеш аз Кангурти бостонӣ (тибқи фолу ривоятҳо, Канди гурдон!!!) дидан кардам. Дар сафар бароям маълум гардид, ки поягузор ва маҳсулу идеяи хиёбони бюстҳо Шариф Давлатови номист, маъруф бо тахаллуси Шариф-«псих». Аммо Ӯ кист, ки аксарият дар Тоҷикистон аз исму амалу мартабаву лақабаш дарак доранду аз ҳолномаву корномааш не?!

Шариф Қурбонович Давлатов (мулаққаб бар «Шариф-псих») 5.04.1957 дар деҳаи Деҳқонобод, ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ)-ро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Аспиранти кафедраи «Назарияи иқтисодӣ»-и Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (собиқ УДТ ба номи В.Ленин), полковники хидмати гумрукӣ, Устоди варзиш, Довари дараҷаи байналмилалӣ, фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи савдои ш.Душанбе (1975) ва ДДТ (1998). Фурӯшандаи мағозаи №14-и ширкати «Нури нав»-и ш.Душанбе (1974-75), хизмат дар сафи Артиши СССР (1975-77), фурӯшанда, мудири мағозаи Ҷамъияти матлуботи н.Совет (1977-88), мудири анбори Маркази ҷумҳуриявии тиҷорати қисмҳои эҳтиётии мошинҳои сабукрав дар ш.Душанбе ва н.Данғара (1988-92), сардори Ҷамъияти матлуботи ҷамоати Кангурти н.Совет (1992-96), президенти консерни «Шӯҳрат» (феврал-октябри 1996), раиси н.Балҷувон (1996-98), сардори Раёсати гумруки вил.Хатлон (1998-2002), муовини сардори Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ (2004-07), Депутати халқ дар Маҷлиси Олии ҶТ (1995-2000), вакили Маҷлиси вакилони вил.Хатлон, вакили Маҷлиси намояндагони навоҳии Совет ва Балҷувон, вакили Маҷлиси намояндагони ҷамоатҳои Кангурт ва Қарақамиш (солҳои 1990-2000). Курси омӯзиши забони англисӣ дар ш.Душанбе (2003), семинарҳо дар мавзӯи «Муҳоҷират» ТБМ ш.Душанбе (2004), «Шуғл ва касбомӯзӣ» ТБМ ш.Турини Италия (2005), «Асосҳои идоракунии муҳоҷират» ТБМ ш.Душанбе (2006), «Маркази таълимии байналхалқӣ оид ба омода намудани раҳбарон» ш.Қоҳираи Миср (2006), «Касбомӯзӣ, бозори меҳнат ва шуғл» ш.Бишкеки Қирғизистон (2006). Бо медалу унвонҳои «Аълочии матлуботи Иттиҳоди Шӯравӣ», «5-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ», «Аълочии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ» қадр гардидааст.

Ҳотами Тойи маҳаллӣ

Мавсуф дар қаламрави вилояти Хатлон ҳамчун «Ҳотами Той»-и сонӣ маъруф буда, солҳои 1992 то 2000-ум ба хонаи маъюбони Кангурт, хонаи бачагони Танобчӣ, барои чопи нашрияи «Пайғом», студияи ТВ «Кӯлоб», донишҷӯёни макотиби олӣ, мударрисону мактаббачагони Кангурт, беморони н.Фархор, беморхонаи қитъавии Кангурт, ба маҷруҳони ҶБВ, сохтмону тармиму азнавсозии роҳҳо, кашидани хатҳои барқу радио, стансияи ТВ Кангурт, кашидани хатти оби нӯшокӣ… аз ҳисоби худ садҳо ҳазор сомонӣ сарф кардааст.

Аммо бузургтарин ва мондагортарин заҳмати ӯ дар тамомии умраш ин бунёди хиёбони нимпайкараҳои лидерон ва муборизон-барпокунандагони Ҳокимияти конститутсионӣ дар деҳаи Кангурти н.Совет аст ва бо ин поси хотирдориаш албатта, исми худро дар авроқи зарҳалини таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоштааст, ки ҳалолаш бод!!! 

Тоҷикистон чунин ҷавонмардони некпиндоре, ки барои 100-солаҳо фикр ва амал кунад, хело кам дорад ва Шариф Давлатов яке аз онҳост! Ба қавли огоҳону ровиёни авзоъ, шабу рӯзи пардабардорӣ аз рӯйи бюстҳо тибқи супоришу раҳбарии мавсуф 1 шумораи вежаи «Пайғом» (собиқ «Ба роҳи коммунизм»)-и нашрияи н.Совет ба хотираи ҷавонмардони шаҳиди роҳи озодӣ-барпокунандагони Ҳокимияти қонунӣ ва раҳбарони ФХТ нашр шуда буд…

 

Чаро Шариф «псих»?

Ҳамин ҳоло, ҳини хондани ҳолномаи ин марди Шариф аксарияти мутолеъини СССР, албатта сари тахаллус ё лақаби Шариф Давлатов хоҳанд андешид, ки ӯро кӣ ва чаро «псих» ном кард? Ва ё пайдоиши лақабдории ӯ аз куҷост? Зеро дар асл, ӯ 1 марди ҳалим, пурбардошт, вазнин ва хеле адабпарварда аст. 

1 нафари хело огоҳ аз шахсияти Давлатов аз ноҳияи Темурмалик дар сӯҳбати телефонӣ ба муаллифи ин сутур гуфт, ки дар асл Шариф ба инсони асабӣ, гизала ва ё «псих» ҳич монанд нест: 

«Акаи Шариф бисёр ҷавонмарди кордону коргар ва дар заҳмату амал одилу якрӯ, якгапу ҳақгӯст. Аслан гизалагиро ҳама дорад ва ӯ ҳини раҳбарӣ ноҳақиро медид, сахт асабонӣ мешуд мешуд ва «псих» лақаб гирифтанаш низ шояд ҳамин аст. Яъне номардиву ноадолатиро аслан чашми дидан надошт. Дурӯғ, фанду фиребу риёкорӣ ва дурӯягиро на танҳо намепазируфт, ки ҳатто гапро дар рӯйи мухотабаш нотарсона мегуфт. Барои ҳамин бо тахаллуси «псих» шинохта шуд ва аксарият ӯро ҳоло низ бо ҳамин унвон мешиносанд. Бисёр марди сахӣ ва ҷасуру сиёсатдор низ ҳаст…».

Воқеан, дар саросари шаҳру минтақаи Кӯлоб нафареро ёфтан хело мушкил аст, ки лақаб ё худ «кличка» надошта бошад, ба мисли: Ҳикмати рикошет, Олим-желез (собиқ сардори РВКД дар ш.Қурғонтеппа ва аз ҷанговарони ФХТ. Воқеан, перомуни шахсияту корномаи ӯ ният ҳаст, ки матлабе омода кунам!), Маҷид-кудрявый, Ҳикмати афганец, Талаб-кузнетс, Нуралӣ-кишка, Алӣ Беспредел, Нусрати бетарс, Эмом хубак, Сафар пещера…

Бюсти Ҳувайдуллоев дар Кангурт!

Хулласи калом, «Аллеяи бюст»-ҳо соли 1994 дар ҷойи намоён - канори раҳи мошингузари Кангурт-Совет-Балҷувон-Данғара, дар 2 саф ва бо харҷи 770 миллион рубли русӣ аз ҷониби Шариф Давлатов сохта шуда, арвоҳи шаҳидон-муборизони роҳи озодии миллату давлатро барои абад шоду поянда нигоҳ дошт! Атрофаш арчазор ва бо дарахтони сояафкан оро ёфтааст. Дар ин хиёбони поси хотираҳо бюст – нимпайкараҳои раҳбарон ва ҷанговарони Фронти халқӣ гузошта шудаанд, ки атрофи ҳар яки онҳо мухтасар маълумот медиҳем (аз сафи боло):

1.Сангак Сафаров - поягузори Фронти халқӣ дар ҷануби Тоҷикистон;

2.Файзалӣ Саидов - писархонди бобои Сангак, яке аз лидерони ФХТ дар шаҳру минтақаи собиқ вил.Қурғонтеппа. Дар ҳавлиаш, дар гузари Совхози ш.Қурғонтеппа 1 шаби баҳории с.1993 ҳамроҳ бо «падархондаш» бобои Сангак ба таври мармуз кушта шуд;

3.Лангарӣ Лангариев - дар айни авҷи ҷанги гражданӣ, дар ағбаи Чормағзаки ш.Норак аз сӯйи нерӯҳои исломӣ бераҳмона бо чанд узви дастааш тавассути гранатомёт террор шуд;

4.Рустами Абдураҳим - дуторнавоз, муаллими фанни забони англисӣ, «пресс-сентр»-и Сафаралӣ Кенҷаеви юрист дар 1 рӯзи президентиаш, ки баъдан дар Душанбе аз ҷониби силаҳдорони оппозитсия ваҳшиёна (тибқи овозаҳо дар 3-ум базаи ш.Душанбе) ба қатл расид;

5.Нусратулло Тӯрахонов, маъруф бо номи Исматча, яке аз ун афродест, ки ҳанӯз аз овони ташкили «Озодӣ» ва «Шаҳидон» дар Душанбешаҳр-пойтахти Тоҷикистон дар байни 2 майдон хаймаи худро кӯфт ва зидди ҷанги гражданӣ садо дод. Дар авҷи набардҳо, дар маҳаллаи 103-уми пойтахт аз ҷониби гуруҳи Исмати Авулӣ тирборон шудааст;

6.Аҷобати хело диданӣ (воқеан, боварнокарданист!!!) ин аст, ки дар ин қатор бюсти Нурулло Ҳувайдуллоев (собиқ Додситони кулли Тоҷикистон, дар аввалҳои ҷанги бародаркуш аз ҷониби неруҳои мухолифин дар назди хонааш террор шуд!!!) низ гузошта шуда, далолат аз муҳаббати бузургу олии кангуртиён ба ин марди адолатпеша-Пири Додситонҳои Тоҷикистони мустақил аст! Аҷиб ва ҷолиб ҳам ҳаст, ки шояд чунин нимҳайкали ӯ дар зодгоҳаш-Ашт вуҷуд надошта бошад. Тибқи иттилои сокинон, дар рӯзи кушоиши нимпайкараҳо табори Ҳувайдуллев низ ҳузур доштаанд…

Чанде ному нишон шудаанд!

1.Амонулло Саъдуллоевич Давлатов (с.тав.1965 – с.ваф.1992), зодаи Деҳаи Чинори ҷамоати деҳоти Қарақамиши н.Совет. Донишҷӯйи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов. Тану тӯши варзишӣ дошту хеле хоксору меҳрубон буд. Соли 1992 дар ш.Душанбе якбора бе ному нишон шуд ва ҷасадаш то ҳол номаълум, ки дар куҷост. Дар майдони «Озодӣ» низ ҳузур дошт ва ҳамроҳи Исматча барои баровардани донишҷӯёни кӯлобӣ аз пойтахт ва гусели эшон ба вилояти онвақтаи Кӯлоб нақши калидӣ дорад;

2.Аҳлиддин Қурбонович Гулов (с.тав.1968 – с.ваф.ноябри 1992) зодаи рустои Савдаи н.Совет. Корманди совхоз. Шабу рӯзи ҳуҷуми неруҳои Сафаралӣ Кенҷаев аз ғарби пойтахт ба Душанбе, дар қабристони маҳаллаи маъруф ба «9-ум км» аз ҷониби оппозитсияи исломӣ бо 1 гуруҳ ҷанговарон дар муҳосира афтида, аз тири снайпер кушта шуд. Ҷасадашро баъдан дар Кангурт ба хок супурданд;

3.Бӯрихон Набиевич Маҳмадалиев (с.тав.1963 – с.ваф. октябри 1992), зодаи Гузари Тор, дар ҳамсоягии Шерхон Салимзода (собиқ Прокурори генералӣ) ва Лутфулло Давлатов (ҳунарманди шинохта) мезист. Хатмкардаи ДМТ бо ихтисоси таърихшинос. Ҳамсараш ҳуқуқшинос ва замоне дар Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ кор мекарду ҳисорӣ аст. Бӯрихон дар гардиши Шоҳамбари (дар назди макети самолет)-и н.Ҳисор, ҳангоми ҳуҷуми С.Кенҷаев аз ғарби кишвар ба ш.Душанбе, аз тири снайпер кушта шудааст. Ҷасади ӯро хешовандони ҳамсараш дар Ҳисор гӯрониданд. Додараш - Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ҳоло ректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар ш.Чкаловск (имрӯз ш.Гулистон)-и вил.Суғд аст;

4.Қурбоналӣ Сабурович Расулов (с.тав.1962 – с.ваф.октябри 1992) зодаи деҳаи Қарақамиши н.Совет. Ҷанговари ФХТ ва дар водии Вахш кушта шудааст…;

5.Маҳмадалӣ Камолович Ҳакимов (с.тав.1964 – с.ваф.1992) зодаи рустои Чинори н.Совет ва яке аз ёварону ҳамраҳони Лангарӣ Лангариев. Бори нахуст дар набард бо гуруҳҳои мухолифини исломӣ рӯи пули н.Қубодиён захм бардошт ва табобат гирифта ба по хест. Дувумбора дар ағбаи Чормағзаки ш.Норак, ҳини амалиёти ҷангии Лангарӣ бо оппозитсияи исломӣ ҷароҳати вазнин бардошт ва ҷон дод…;

6.Аҳлиддин Ғуриевич Ҷабборов (с.тав.1967 – с.ваф. октябр-ноябри 1992) зодаи рустои Гузари Тори н.Совет. Ронандаи БТРи Файзалӣ Саид ва яке аз ёварони наздики ӯ буд. Тибқи ривояти шоҳидон-ҳамяроқонаш, ҷасорат ва ғайрати қавӣ дошт: Дар вақти ҳарби шадид дар водии Қӯрғонтеппа 1 БТРи оппозитсияи исломиро бо чанд тан экипажи мусаллаҳаш зинда асир гирифт. Дар Ҷиликӯл (имрӯз н.Дӯстӣ) замони амалиёти ҷангӣ кушта ва ҳамон ҷо хок шуд. Баъдан қабри ӯро канда, ҷасадашро ба Кангурт оварда, аз нав гӯронданд;

7.Нуриддин Раҳматович Қодиров (с.тав.1960 – с.ваф.октябри 1992) зодаи деҳаи Қарақамиши н.Совет. Шомили гуруҳи ҷанговарони Сайидалӣ Кенҷаеви кангуртӣ (маъруф бо лақаби Афанас, сокини н.Вахш, корманди соҳаи савдо, баъдан раиси Ҷамъияти матлуботи н.Вахш ва солҳои 1992 командир) буд. Ба дасти гуруҳҳои исломии Вахшонзамин асир уфтода, ваҳшиёна кушта шуда, баъдан тибқи нақли шоҳидон, дар қабристони Қӯрғонтеппа дафн гардидааст;

8.Нуриддин Бӯриевич Тӯхтаев (с.тав.1965 – с.ваф.октябри 1992) дар деҳаи Давлатшоёни ҷамоати деҳоти Кангурт таваллуд шуда, фориғуттаҳсили Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов. Омӯзгор аз ҳамин ихтисос дар мактаби миёнаи №9-и н.Совет буд. Дар озодкунии ш.Душанбе аз дасти оппозитсияи исломӣ, дар маҳаллаи «7-ум км» захмӣ шуд ва ҷасадаш то ҳол бе ному нишон аст. Дар ҷавонӣ ва то даврони оғози ҷанги гражданӣ авторитет буду хело бачаи варзишӣ. Ӯ вақте вориди набард шуд, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш оила барпо карда, чиланишин буд ва насиҳати касеро гӯш накарду ба ҳимояи Ҳокимияти конститутсионӣ рафт…;

9.Сулаймон Сайфуллоевич Қурбонов (с.тав.1965 – с.ваф.27.09.1992) зодаи рустои Оби Ширини н.Совет. Корманди ШКД дар н.Данғара. Дар ағбаи Чормағзак ҳангоми навбатдорӣ дар пост-отряди милитсияҳои ФХТ кушта ва бенишон шудааст…; 

10.Ҳотамшо Азизуллоевич Қурбонов (с.тав.октябри 1959 – с.ваф.октябри 1992) зодаи деҳаи Оби Ширин. Дар водии Вахш аснои амалиёти ҷангӣ бо неруҳои оппозитсияи исломӣ ба қатл расидааст;

11.Ҷунайдулло Маҳмадаминович Қувватов (с.тав.1962 – с.ваф.27.09.1992), капитани милитсия. Кадри Донишкадаи олии милитсияи ш.Киеви Украина. Солҳои 1989-1990 мутахассисони полиси афғонро дар ш.Маскав дарси такмили ихтисос медод. Дар н.Данғара муовини сардори Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ (сардораш Раҳимзода Рамазон Ҳамро-имрӯз вазири ВКД ҶТ) буд. Дар айни авҷи ҷанги бародаркуш роҳбарии Отряди милитсияи Фронти Халқӣ дар пости ағбаи Чормағзакро бар дӯш дошт. Дар ҳамон ҷо, ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ ҳини ҳамла аз пояш тир хӯрда, ҷароҳати вазнин бардошт. Ҷасадаш то ҳол номаълум. Маврид ба зикр аст, ки Қувватов амакбачаи Кароматуллои Қурбон (хунёгари номӣ, ки дар авҷи шуҳрат, солҳои 1992 дар н.Ёвон аз ҷониби Восит Самадови лақай кушта шуд) буд;

12.Ҳамчунин аз бари боло бюсти Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ-Шариф Қурбонов (тав.1905 – ваф.1977) – муборизи роҳи озодӣ бар зидди босмачиҳо дар солҳои 1927-1933 низ барқаду зебо гузошта шудааст!

 

Шаҳрзоди Амин

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter