ХАБАРИ ДОҒ

Б.Ғафуров: Беморхонаи марказӣ обод мешавад!

  • Чоршанбе, Фев 03 2021

Дар порсух ба мақолаи Мусабия Наимова дар рӯзномаи СССР №50 аз санаи 24.12.2020  таҳти унвони  «Бобоҷон Ғафуров: Беморхона дар интизори таъмир», метавон гуфт, ки солҳои охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ 1 қатор корҳои бунёдкориву созандагӣ бо суръат дар беморхонаи марказии ноҳия ба анҷом расида, ҳоло ҳам идома доранд. Дар мақола омадааст, ки гӯё бинои 3-ошёна ва шуъбаҳое, ки дар ин бино ҷойгиранд ҳоли табоҳ доранд. Ҳол он ки дар ин мавзеъҳои номбаршуда бо дастгирии раиси ноҳия ва маъмурияти беморхона якчанд ҷойҳои дамгирӣ, хоначаҳои баҳорӣ ва зимистонӣ барои аёдаткунандагон, майдончаҳои варзишӣ, сафолаккунии саҳни беморхона сохта ба истифода дода шуд, ки намуди берунаи беморхонаро хеле зебо ва форам гардонид. 

Ногуфта намонад, ки ба беморхонаи маркази  н.Бобоҷон Ғафуров нисбат ба дигар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят таҷҳизоти муосир зиёдтар ворид гаштанд. Танҳо дар 1 соли охир дастгоҳи эндоҷарроҳӣ ба шӯъбаи урология, осебшиносӣ, дастгоҳи рентгени рақамии сайёр, дастгоҳи нафаси сунъии замонавӣ 3- адад, дефибрилятор, катҳои функсионалӣ ва  ғайра дастрас гардиданд. 

Тӯли 5 соли охир аз буҷҷаи ноҳия суратҳисоби  махсус ва бо дастгирии саховатмандон барои таъмир, ободонӣ ва харидории таҷҳизот  5.993,346 сомонӣ ҷудо карда истифода бурда шуд. 

Зафарбек Давлатзода, 

И.в. раиси н.Бобоҷон Ғафуров 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter