ХАБАРИ ДОҒ

 

 

 Мо ҷанговарони башардӯстем, ки солҳои 1979-1989 дар Ҷумҳурии Афғонистон хизмат кардаем. 10 соли хизмат  дар кишвари ҷангзада хеле вазнин гузашт, вале мо тамоми мушкилиро бар дӯш кашида, нотарсида, хизматро бо сари баланд адо карда, ба ватан баргаштем. Дар байни мо ҷавононе ҳам буданд, ки ҷони худро аз даст доданд.

1 порча коғаз сиёсат дошт

    Бо 1 порча коғаз, ки  “повестка” ном дошт, мо аз ҷой хеста, ба ҷанг рафтем. Қандата зану ба комиссариат ҳозир нашав, ба қавле очата дар чашмонат нишон медоданд он замон. Ҳозир бошад ягон кас ҳурмати “повестка”-ро намекунад. Бояд ба қадри давлату давлатдорӣ расид, ҷавонони азиз ва ватани худро ҳимоя кард! Аз Артишу хизмат набояд гурехт! Хизмат оини ҷавонмардист!

Интернатсионалист ба касе лозим нест?

   Мо ҳар сол рӯзи 15-феврал Рӯзи ҷанговарони интернатсионалистро ҷашн мегирем. Чанд соли ахир ҳамин тавр шудааст, ки дар ин рӯз бо ҳам ҷамъ омада, худамон худамонро табрику муборакбодӣ мекунему тамом. Ҳамеша орзу дорем, ки соҳибе пайдо шуда, моро ҷамъ карда, аз минбари баланд гӯяд:

 “Офарин, бачаҳо! Қанд занед, афғонбачаҳо, хизмати шоиста кардед!”. Ба фикрам, чунин суханонро дигар нахоҳем шунид... 

   Чунин ба назар мерасад, ки баъди пошхӯрии давлати советӣ, яъне, СССР мо ба касе лозим нестем. Ҳол он ки аксарияти мо дар солҳои 1991-93, авҷи даргириҳо, паҳлӯи Давлат қарор гирифтем, бо исломистони ғосиб ҷанг кардем, захмӣ шудем, фавтидем, вале ба Ватан ва савганди ҳарбии хеш, ки барои Ватан хизмат мекунем буд, содиқ мондем. 1 чиро набояд фаромӯш кард, ки ҳатто “афганец”-ҳои ғармиву бадахшонӣ низ бо оппозитсия наомехтанд. Тасаввур кунед, агар онҳо низ аз тарафи оппозитсия ба ҷанг мехестанд, олам хароб мешуд. Зеро таҷрибаи ҷангӣ доштанд. Вале наҷангиданд, зеро мо-афғонбаччаҳо худро фарзанди Ватан медонем!

 Дареғ, ки ҳоло аксарияти мо ба касалиҳои гуногун дучор шудаем: бехобӣ, фаромӯшхотирӣ, фишорбаландӣ, асабоният, контузия, дарди қалб, аммо касеро парвои ин нест... 

Мо ба Президент содиқем!

    Ҳоло ягона умеду муттакои мо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки метавонад моро соҳибӣ кунад. Мо боварӣ дорем, ки чунин хоҳад шуд. Мо 30-сол боз аксарони ҳамин диёрем ва чӣ супорише аз тарафи Ҷаноби Олӣ шавад, тайёрем содиқона иҷро карда, барои ин диёр ҷон фидо намоем. Ягон душманро намегузорем, ки зарари худашро ба ин миллату меҳан расонад, ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст намедиҳем ва содиқона ба Ватан хизмат мекунем. То нафаси охир барои ҳамин Ватан-Тоҷикистони азиз меҷангем! Ман чандин бор гуфтаам ва боз мегӯям, мо дар хизмат 1 тану 1 сар будем ва хоҳем монд! 

    Мехоҳем, ки ба мисли иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ соҳиб ёбем ва бо онҳо баробар бошем. Ба вежа дар ин шабу рӯз, ки дар Кӯлоб, чанд рӯз пеш охирин иштирокчии ҶБВ фавтид ва ҷои онҳо дар набарди идеологӣ холӣ мондааст. Шояд дар Тоҷикистон имрӯзу пагоҳ ягон фронтовик намонад. Пас, ҳукумат ба мо бояд такя кунад. Зеро Мо Метавонем!

Алихон Шарифов,

 ш.Кӯлоб, тел: 981-01-91-06

PS: Имрӯз афғонбаччаҳои бесоҳибмонда барои таҷлили Рӯзи ҷанговарони башардӯст (15 феврал) 100 дарро мезананд, то хайрхоҳе пуле пардозаду ин рӯзро таҷлил, зиндаҳоро ҷамъ, маризонро хабар ва фавтидагонро ёд кунанд. Ҳол он ки ҳар ҳукумати ноҳия метавонад, барои онҳо 1 дастурхоне орояду ҳамаашонро сарҷамъ созад. Бовар кунед, мо даркор мешавем…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter