ХАБАРИ ДОҒ

Қимматфурӯшон душмананд!

  • Чоршанбе, Апр 28 2021

Саломат Шукруллоева, сокини ш. Душанбе ба мо занг зада (тел: 2385556) дар мавриди нархҳои маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои пойтахт шиква кард: 

   - Нархҳо мо хеле дандоншикананд. Дирӯз барои хариди маҳсулоти хӯрока ба бозори “Фаровон” рафта, қариб дасти холӣ баргаштам. Наход то ин ҳад нархҳоро боло баред? Он ҳам дар ин моҳи шариф. Охир бо ин нарху навои шумо, мардуми камбағал чизе харида наметавонад. Масъулини давлат куҷоро нигоҳ мекунанд? 

Албатта, баҳона меоранд, ки бозор озод асту мо наметавонем ба он дахолат кунем. Вале ман гумон мекунам, ин андеша ҳеҷ асосе надорад. Бале бозор озод аст, аммо агар касе аз ин озодӣ суистифода кард, бояд ниҳоди зидахл пешашро бигирад. Масъулини муҳтарами мо бояд бидонанд, ки қиматфурӯшони бозор аз душманони миллат ҳеҷ камӣ надоранд. Зарари инҳо ба ҳукумат шояд бештар ҳам бошад, чун бо ин кор обрӯи ҳукуматро дар назди халқ ба 1 тини сиёҳ баробар мекунанд.  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter