Дар шумораи қаблӣ ҷое иктифо кардем, ки Шохи говро Махфӣ-лӯлӣ бар пушти Алӣ халида, аз бари нарангӯшт, аз шафати шикоф хунашро дам мекашиду хуни ба лабонаш расидаро бо пушти даст пок мекард...
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 09:24 дақиқа. Ҷӯгӣ, ба гуфти худи Алии Беҳудуд, хунашро покиза дам кашиду сӯҳбати мо ҳич не, ки қӯр гирад. 100 сомониро ба Махфӣ додаву дуои Ҳалима-бибиро гирифта, мо роҳ сӯи Кӯлоб пеш гирифтем.
Дар роҳ Алӣ шугуфт ва гуфт, тамоми дарду ғаму андӯҳи бадану сару гардану пушташ гум шудааст. Гуфтам, ё Алӣ шӯхӣ накун, ки боз худам ҳам хунсупорӣ наоям? Савганд хӯрд, ки худро аз пешина 100% хубтар эҳсос мекунад. Вале мурод аз ин хунсупорӣ гарм кардани дили ҷӯгӣ бар худ ва информатсия ҷамъ овардан буд ва хонанда агар фикр кардааст, ки мо таслим шудаву аз роҳамон гаштаем, хато мекунад. Мо Метавонем!
Ман-ку нек медонам, пагоҳ дар редаксия, агар аз тарс ба рӯям нагӯянд ҳам, аз пушт ҳатман хоҳанд гуфт:
-Шеф худаш наметавонаду аз мо талаб мекунад!!!
2 бор ҷастӣ малахак ё разведка боем!!!
26.03.2021. Соат ба вақти Кӯлоб 15:33 дақиқа. Агар мурғ забон медошт, Алӣ забони онро меёфт! Ӯ барои идомаи эксперимент, аз куҷое 1 бонуи нозанинро гирифта овард. Маълум шуд, ки Алӣ онгуна сеҳри хунгирии ҷӯгиҳоро дар бозори Кӯлоб ташвиқу таблиғу воҳима кардааст, ки ин бону, ки андаке дар рӯй доғи кунҷитак дошт, розӣ шудааст, ки ба лӯлӣ хун супорад.
Бонуро савор карда, ба Ҷӯгӣ-қишлоқ роҳ пеш гирифтем. Дар роҳ маслаҳат кардем, ки гӯиё ин бону “зани ман” аст ва хунгирӣ омада.
Ҳалима-бибӣ, Махфӣ, усто-Амриддин ин бор моро бо табассуми фаррох ва лабони то бехи гӯш аз ханда пур, пешвоз мегиранд. Акнун мо одами худием.
Ва то вақте, ки “зани ман” ба Махфӣ дар даруни хона хун месупорад (хуни Алиро дар берун рехта буданд), сӯҳбати мо бо ҷӯгиҳо қӯр мегирад. Мо Метавонем!
Ҷӯгӣ тоҷик нест!!!
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 16:17 дақиқа. Тибқи одат, ҷӯгиҳо, аккурат, соати 16:00 ба деҳа ҳозир мешаванду бозори стихиявӣ барпо. Тоҷикон меоянду аз лӯлӣ орд, гандум, майда-чуйда мехаранд. Хитоиҳо мӯйи сар. Ронандагон ҳаққи корашонро талаб мекунанд. Говхар гову гӯсфанддор гӯсфанд мегирад. Дегу табақу косаву карсон дар савдову садо. Доду вой дар ҳаво...
Вале мо ба кори худ бандем. Ҷӯгиҳо ин бор ба мо унс гирифтаанд. Паспорт талаб мекунем. Медиҳанд. Айнан паспорти Алӣ барин (ман то ҳанӯз паспорти СССР дорам!!!). Дар паспорташон мансубияти миллӣ TJK зада шудааст. Яъне Тоҷик.
Амриддин мегӯяд, ин хуб аст, мо низ Тоҷикем. Вале қаблан дар шиносномаҳои мо мӯҳри ЛӮЛӢ зада шуда буд.
Ман ба онҳо моҳияти корро мефаҳмонам, ки дар 100 сол шумо худро чун Тоҷику тоҷикон шуморо чун худӣ қабул нахоҳанд кард. Розӣ мешаванд, ки чунин аст.
Гапам асар мекунад ва Амриддину бародаронаш ба шӯр меоянд. Мӯҳтавои сӯҳбаташон ин аст:
-Мо, ки Тоҷик нестем, пас чаро дар шиносномаи мо мӯҳри Тоҷик гузоштаанд? Мо ҷӯгием, афроди бешаҳрвандӣ (лицо без гражданства), чаро моро маскунӣ кардаанд? Мо мехоҳем Лӯлӣ боқӣ монем ва ба паспорти мо тамғаи ҷӯгӣ зананд!!!
Адвокати лӯлӣ
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 16:43 дақиқа. Амриддин ин дам ба ман пешниҳоди олиҷанобе мекунад. Ӯ мегӯяд:
-Братан, намешавад, худут адвокати мо шавӣ, мо ба суд муроҷиат кунем, то дар паспортҳои мо мисли қабл «лӯлӣ ё афроди бешаҳрвандӣ» нависанд?
Ба суоли ман, ки чаро чунин мехоҳанд, ӯ гуфт:
-Зеро авлоди мо дар Панҷакенту Ваҳдату Колхозобод ва Ӯзбекистон ба сар мебаранд. Мо мехоҳем тез-тез рафта, аз ҳамдигарӣ хабар гирем. Бо ин паспорти тоҷикӣ моро роҳ намедиҳанд.
Ростӣ, ман намедонам чӣ посух диҳам, танҳо мегӯям, ки “мутаассуф, ҳуқуқшинос нестам” ва ба дил мегузаронам, ки “агар ҳуқуқшиноси саршинос, ҷонфидои миллат, Варқа Зайниддинов ин масъулиятро бар дӯш гиранд, ҳам хидмати ин мардуми бечораро мекунанду ҳам миллати Тоҷикро аз азияти таҳқири “миллати талабанда” раҳо мебахшанд”. Чаро не? Шояд полковники адлия Варқа Зайниддинов ба ин кор камар мебандад? Ман бовар дорам, тоҷиконе сарбаланд ёфт мешаванд, ки барои хараҷу мараҷаш дар ин роҳи раҳоӣ аз шармандагии миллӣ, маблағ ҳам мепардозанд. Мо Метавонем!
Дар хонаи ҷӯгӣ
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 17:01 дақиқа. Тибқи маслаҳати пешакӣ “зани ман” бояд маро ба пешаш мехонд. “Занак” дили ҷӯгиро ёфтааст, ки “мардакам омада хуни гирифтаро бинад, пули бештар медиҳад” ва Махфӣ маро ба дохил мехонад. Медароям: 1 хонаи бузурги 6Х4 метр, бо таъмири “евроремонт”, кӯрпаву палосу таксариҳои пари қӯи наппа-нав. Қандилҳои фурӯзон. Чанде бонувони ҷӯгии хеле зебо атрофи “зани ман нишаста” дар бораи атру упо ва косметикаву ҳуснпардозӣ чақ-чақ доранд. Ба онҳо дида дӯхта, боварам намеояд, ҷӯгиянд. Бовар кун хонанда, ҳатто “зани худамро” аз лӯлӣ фарқ накардам. Аз яке аз лӯлизанон, ки мисли Тоҷикон зебост мепурсам, “ҳамин ту ҳам ҷӯгиӣ?”.
-Ҳа, ҷугӣ, вале Тоҷик-ҷӯгӣ. 2-рага мо-мегӯяд зебосанам ва меафзояд-ман ҷӯгии панҷакентӣ, ин ҷо пеши авлод меҳмонӣ омадаам.
Махфии хунхор шарҳ медиҳад:
-Мо авлод, ҳамдигариро хабаргирӣ меравем. Байни мо фосила ва маҳалла вуҷуд надорад. Ҷӯгии кӯлобӣ, панҷакентӣ, самарқандӣ, ваҳдатӣ...ҳама 1 авлодем!
Ба дил мегӯям, “валлоҳ шумо аз мо Тоҷикон дида миллатдӯсторед. Мо, ки панҷакентиву кӯлобиву ваҳдатӣ умре боқӣ мемонем...”...
Ҷаноза ва мазори ҷӯгӣ
26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 17:18 дақиқа. Ҳаққи хуни “занакро” дода, берун мебароям. Аз Амриддину ҷавонмардони бӯзбалаи атрофаш ҷамъшуда, акнун мисли дӯсти наздик, бебок мепурсам:
-Ҷанозаи шумо чигуна аст ва мазор оё доред?
Маълум, ки онҳо низ дар бораи овозаҳои “мурдахӯрии ҷӯгӣ” афсонаҳо шунидаанд. Ин аст, ки бо ханда мегӯяд:
-Брат, ҷӯгиҳои моро муллоҳои Тоҷик ҷаноза мехонанд. Мо махсус эмом-хатибони масоҷиди авлоди туро меорем, то ҷаноза хонанд (маълум, ки барои радди ун афсонаи мурдахуришон-СМ).
Мазорамон дар деҳаи Ҷангалбошии Кӯлоб аст. Тамоми ҷӯгиҳоро аз водии Кӯлоб мо ба он ҷо бурда дафн мекунем...
Воқеан ҳам ин мазор садсолаҳо оромгоҳи ҷӯгист ва ҳич не, ки пур шавад. Ва шояд лӯлӣ қисмате аз мурдагонашро дар раҳу роҳи сафар гӯр мекунанд ё чӣ сабабе, ки мазор холист ва зимнан ин ягона мазор ва он ҳам нопура ба осиёби душманони авлод, ки онҳоро ба каннибализм (антропофагия) муттаҳам мекунанд, об мерезад.
Ба ҷои хулоса
1.Аз ҷӯгӣ бояд эҳтиром гузошт;
2.Ҷугӣ ҳам инсони комилҳуқуқи ҶТ аст ва;
3.Ба паспорти онҳо тамғаи лӯлӣ БОЯД гузошт то;
4.Фардо созмонҳои ҳуқуқдифоъ давлати моро муттаҳам накунанд, ки майдамиллатҳоро Тоҷик кардаву маҳв месозад;
5.Ва аз ҳама муҳим, танҳо дар ин сурат ҷӯгӣ хурсанд мешаваду тамғаи талбандагӣ аз номи миллати тоҷик дар Русия шуста мегардад!
Тамом вассалом. Мо Метавонем!
PS: Вақте матлабро тамом кардам, хабар расид, ки аз ҳамин деҳаи Заркорон 12 лӯлибачча аз талбандагиву гадоӣ ба дод омада, гурехта, бо аризаи худ ба Армия рафтаанд, то фардо афроди комилҳуқуқи ин кишвар буда бошанд ва шояд аз ин қавм худро барои ҳамешагӣ дур созанд. Офарин бар ҷӯгиҳои шердил, ки ҷои тоҷикон ба ҳимояти Ватан мераванд. Мо Метавонем!
С.Мизроб
Душанбе-Восеъ-Кӯлоб-Душанбе