ХАБАРИ ДОҒ

Қатли Никулин дар кӯчаи Путовский

  • Чоршанбе, Июн 16 2021

 

28.03.1996. Соат ба вақти Душанбе 16:20 дақиқа. Дари 1 хона дар кӯчаи Путовскийро тақ-тақ заданд. Соҳиб дарро боз карду ҳамсояҳо садои 2 тир шуниданд. Тири №2 “контрольный” буд. 

   28 марти соли 1996 журналист Виктор Никулин аз тарафи гуруҳи қотилони ТТЭ ҲНИ бо сардории Юнусов Нозим Юсупович (лақаби ҷиноятиаш “Эшони Нозим”) дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бераҳмона кушта шуд. Қотилони мазкур ин ҷинояти манфури худро бо супориши бевоситаи раҳбарияти ТТЭ ҲНИ содир кардаанд. 

Мувофиқи иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, тақрибан соати 1620 дақиқаи 28 марти соли 1996 қотилони наҳзатӣ ба назди бинои намояндагии шабакаи телевизионии ОРТ дар шаҳри Душанбе, ки дар кӯчаи И.Сомонӣ (собиқ Путовский) воқеъ буд, меоянду занги дарро пахш мекунанд. Ҳангоме ки Виктор Никулин дари коргоҳи худро мекушояд, террористони наҳзатӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон ӯро ноҷавонмардона ба қатл мерасонанд. 

 

Ӯ 1 айб дошт-журналист буд!

Никулин Виктор Михайлович яке аз журналистони ҳақиқатгӯй ва ҷасури тоҷик  буд, ки аз дасти ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар синни 27 солагӣ ба қатл расид. Аз ҳолномаи ин рӯзноманигор бармеояд, ки ӯ дар шаҳри Душанбе, дар хонадони корманди телевизион Михаил Викторович Никулин таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 9-и ба номи Низомӣ дар шаҳри Душанбе, соли 1986 ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил мешавад. Пас аз хатми донишкада муддате дар радиои ҷумҳурӣ кор мекунад, ки маҳсули фаъолияташ барномаи радиоии "Диалог" аст. Моҳи ноябри соли 1993  дар шабакаи телевизионии «Мир» ба фаъолияти рӯзноманигорӣ оғоз мекунад. Аз апрели соли 1994  мухбири махсуси ширкати телевизионии НТВ дар Тоҷикистон буд. Соли 1995 ӯ фаъолияти худро дар ширкати телевизионии OРT идома дод.

Виктор Никулин истеъдоду маҳорати баланди журналистӣ дошт. Дар давоми шаш соли фаъолияти журналистӣ ӯ тавонист, ҷоизаи махсуси Академияи миллии телевизионии Россия барои дастовардҳои баланд дар соҳаи телевизион-TЭФИ 1997 ва  ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ба даст оварад. 

 

Кушторе, ки журналистонро муттаҳид кард

Кушта шудани Виктор Никулин аз тарафи наҳзатиҳои табоҳкор зарбаи сахте ба журналистика буд ва он замон хашму ғазаби ҷомеаро ба миён овард. Соли 1996 «Ҳафтаи хотира» барои хабарнигори ОРТ, ки ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ фавтидааст, аз ҷониби Васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ баргузор шуда, моҳи апрели ҳамон сол гурӯҳи рӯзноманигорон изҳорот интишор карданд, ки дар он бо изҳори ғаму ғуссаи алайҳи қатли бераҳмонаи Виктор Никулин эътирози шадид баён гардид. Дар ин изҳорот омадааст: 

"Мо, рӯзноманигорон дар Тоҷикистон, аз марги хабарнигори ОРТ Виктор Никулин сахт андӯҳгинем... Мо умедворем, ки қотилони Виктор Никулин пайдо гардида ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.  Муроҷиаткунандагон ҳамчунин изҳори итминон карда буданд, ки дар ниҳоят сулҳ дар Тоҷикистон ҳукмфармо хоҳад шуд ва мардуми ин сарзамин  сулҳу шукуфоӣ хоҳанд ёфт.

Мо наметарсем!!!

Григорий Карасин, директори вақти Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия он замон изҳор доштааст, ки «Дар паси ин амали террористӣ қувваҳое мавҷуданд, ки мехоҳанд аҳолии Тоҷикистонро тарсонанд, оромии ҷомеаро барҳам зананд. Воқеият дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон, ки ҳамеша дар гузоришҳои Виктор Никулин шунида мешуд, чеҳраи аслии ин неруҳоро, ки ба террор ва зӯроварӣ такя мекунанд, равшан намуд».

Таври маълум, терроризми динӣ хашинтарин навъи терроризми байналмилалӣ аст ва наҳзатиёни худбохта ба хотири ба даст овардани аҳдофи касифашон дар ҷонибдорӣ ва корбурд аз ин навъи террор ба журналистони миллӣ ва минтақавӣ бархӯрд мекарданд. Дар ин раванд онҳо инсонҳоеро, ки ба ғояҳои пӯсидаву асримиёнагӣ ва зиддиинсонии ифротиёни наҳзатӣ розӣ набуданд ва вокунишу аксуламал нишон медоданд, террор мекарданд. 

Террористони наҳзатӣ журналисти варзида ва шуҷоъ Виктор Никулин ва даҳҳо ҳамкасбони ӯро куштанд ва гумон доштанд, ки бо чунин амали палидона ҳақиқатро рӯйпуш мекунанд ва чеҳраи хабиси худро пинҳон. Аммо тирашон хок хурд. Садҳо журналисти дигар дар кишвари мо корномаи ҳамкасбони фавтидаашонро идома доданд. Воқеънигорӣ ва ҳақиқатбаёнии журналистон буд, ки мардум чеҳраи аслии хашини наҳзатиҳоро шинохт ва аз ҳадафу нақшаҳои душманонаю зиддимиллиашон огоҳ шуд. Журналистони Тоҷикро метавон кушт, вале наметавон тарсонид. Зеро онҳо Метавонанд!

Хотираи неки Виктор Никулин ва журналистони дигари ҷонфидо дар қалбҳои мардум абадист! 

 

Субҳиддин Зиёев,

номзади илмҳои филология,

ходими пешбари илмии АМИТ

  

     

       

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter