ХАБАРИ ДОҒ

Айнӣ: толори варзишӣ зарур ё боғи кӯҳна?

  • Чоршанбе, Июл 07 2021

Муаллими муҳтарам Қудратов А. дар мақолаи худ аз бунёди толори варзишӣ кандани 4 бех дарахти солхӯрда ва 2 синфхонаи солҳои 50-60-ум сохташуда изҳори нигаронӣ намудаанд. Албатта будани боғ хуб аст, вале агар он манфиат орад. Аммо бунёди 1 толори замонавӣ дар даврони омодагиҳо ба ҷашни Истиқлол ба манфиати кор нест? 

Зикр кардан бамаврид аст, ки набудани майдончаи варзишӣ ё толори замонавӣ садди роҳи гузаронидани дарсҳои варзишӣ дар мактаб мегардад. Дар ин майдонча агар 1 синф дарси варзиш гузаронад, синфи дигар маҷбур аст, ки бишинаду онҳоро тамошо кунад. Дар зимистон бошад бо сабаби сармо дарси варзиш дар синфхонаҳо гузаронида мешавад. Хонандагон ва ҷавонони деҳа аз набудани шароити мусоид дар мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои охиронро ишғол мекунанд. Чанде пештар 1 гурӯҳ ҷавонони саховатманди деҳа тасмим гирифтанд, ки 1 толори варзиширо бо шароити муосир баҳри ободии диёрамон сохта ба истифода диҳанд. Агар аз муассиса берун сохта шавад, то он ҷо бурдани хонандагон ғайриимкон аст. Бинобар набудани макони мувофиқ ба талаботи толори варзишӣ, ҳам ташаббускорон, ҳам омӯзгорон ва ҳам ҷавонони деҳа ба хулосае омаданд, ки дар дохили муассиса толор бунёд гардад. Масъалаи бунёди сохтмони толори варзишӣ ҳамчун иншооти ҷашнӣ бо аҳли омӯзгорон, раиси ҷамоат ва масъулини ноҳияи Айнӣ мувофиқа карда шудааст. Кор дар иншоот оғоз гардида, бо маром идома дорад .

Т.Камолов, директори МТМУ №17, деҳаи Шамтуч, 

Вакили маҷлиси вакилони халқии н.Айнӣ, 

тел: 92 600 17 03 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter