ХАБАРИ ДОҒ

 

 Салом СССР-и дардошно! Мехоҳам ба воситаи газетаи Шумо аз Дилмурод Давлатзода, раиси Агентии суғурати иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар бораи кам шудани нафақаам бипурсам. Ман ҳамчун мутахассиси маълумотдор дар замони шӯравӣ 50 сол кор карда, ба Ватан ва ба Шумо барин шахсон, хизмати софдилона кардаам. Дар он вақт маоши  ман 235 рубли СССР буд. Ҳоло ба ман бо тамоми иловаҳо дар қиёс 31 рубли СССР нафақа медиҳед. Ба ин нарху наво, бо ин нафақапулиятон чӣ гуна зиндагӣ кунам? Ман ҳоло ба бемории фалаҷ мубтало шуда, тарафи рости баданам аз сар то дасту по кор накарда, ҷумбида наметавонам. Сиҳат будам дар бозорҳо гадоӣ карда, ризқамро меёфтам. Ҳоло чанд вақт аст, ки нон намеёбам. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба доди ман бирасед. Лутфан!

Шоир Хилвати Кӯлобӣ, 88-сола 

тел: 935 82 41 52 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter