ХАБАРИ ДОҒ

Нафақаи маъюбон 6 гурӯҳ шуд!!!

  • Чоршанбе, Сен 01 2021

   

Бо дуруд ба СССР-и гиромӣ! Ман ҳар ҳафта тамоми матбуоти даврии кишварро, ки ба нашр мерасад, пурра хонда мебароям. Газетаи мардумии СССР шояд ягона нашрияест, ки дар бораи нафақа, проблемаҳои вобаста ба он менависад. Воқеан ҳам нафақа ва таъмину тақсимоти он имрӯз ба 1 проблемаи муҳим табдил ёфтааст. 

   Солҳои қаблӣ низ бо ташаббус ва дастури Сарвари давлат нафақа пайваста боло бардошта мешуд. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон қариб ҳар сол аз 1-уми январу сентябр нафақаро то 15-20 % боло мебардоранд ва ин амал ҳеҷ гоҳ дардисарсоз намегашт. Шояд роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа он замон дигар буданду мутахассисоне, ки нафақаи мардумро аз рӯи гурӯҳҳо муайян мекарданд, дар ҳақиқат кори худро медонистанд. Ман инҷо мехоҳам аз Сафаралӣ Наҷмиддинов ёд кунам, ки замони роҳбарии эшон чанд маротиба ба наздашон рафта будам-он вақт на нафақа дер меомаду на каму зиёд мешуд. Ҳоло бошад ин тавр нест!

    Дар оилаи мо 3 нафар нафақаи маъюбӣ мегиранд. Пештар маблағи нафақа муайян буд ва ҳар кас аз рӯи 1 меъёр нафақаи худро мегирифт. 2 сол пеш нафақаи маъюбон ба 3 гурӯҳ ҷудо мешуду мардум ба ҳисобаш мерафт. Имрӯз бошад бо ташаббуси бемаънии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ нафақаи маъюбон ба 6 гурӯҳ ҷудо, ба ҷойи афзун шудан, баръакс кам шудааст. Ба ин тақсимот кормандони Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо умуман сарфаҳм намераванд, ва ин аст, ки нафақаи фарзанди ман, ки бояд 180 сомонӣ бошад то ба 107 сомонӣ фаромаду аз они ман бошад ба ҷойи 320 сомонӣ шудан, то ба 207 сомонӣ поён шуд. Магар вақте Сарвари давлат фармон доданд, ки 15% зиёд шавад ин маънои онро надорад, ки БОЯД 15% зиёд шавад, на ин, ки ба қавли кормандони Агентӣ индексатсия шуда, ба хотири набудани маблағ ба ҷойи афзун, кам??? 

Ҳайдар Ҷумъаев, 

н.Панҷ 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter