ХАБАРИ ДОҒ

«Виждони пионерӣ» ва «Ба номи Аллоҳҳҳҳ»…

  • Чоршанбе, Сен 08 2021

28.08.2021. Соат ба вақти Душанбе 11:06 дақиқа. Мубориз, писари 14 солаам аз ман суол кард, ки «дар даврони Шумо, падар, бо чӣ қасам мехӯрданд?». Суолро баъди оне дод, ки 3-4 навраси ҳамсолаш аз барамон мегузаштанду бо нидои «Ба номи Аллоҳҳҳ» кӯчаро ба сар вардошта, ба ҳамдигарӣ дурӯғ мегуфтанд. Посухи суол маро ба гузаштаи на чандон дури таърихӣ бурд. Ва нест бод он касе, ки мегӯяд, «Дар даврони шӯравӣ эмон надоштанд!». Доштанд. Ещё как доштанд…

Сахттарин қасами мо дар синфҳои ибтидоӣ «Виждони октябратӣ!» буд. Муаллим, агар гуноҳе мекардем, аз синф мепурсид, ки кӣ кардааст ва агар касе иқрор намекард, савганд медод, «ку, бигӯ виждони октябратим»?! Ана ҳамин амр, аз муаллими воқеан ҳам поквиждон, поккор, тозапӯш ва нафаре, ки ҳаргиз «пули бӯру қаламу доскаву ремонт» ҷамъ намекарду ба мо беҳтарин дастгоҳи аёнии рӯзгордорӣ буд, ба қалбҳои кӯчаки мо оташи муҳаббат ба «октябрбачча»-ро  меафрӯхт. Сурати зебои Ленини кӯчакро кӣ ёд надорад, ки бо фахр харидаву сари синаамон роҳбари синф, директори мактаб, «завуч» дар ҳузури 2-3 ҳазор талабаи дар «Линейка»-Ленинка саф зада, мехалониданду шаб хобу рӯз хӯр аз шодиву фараҳ моро тарк мекард?!

Дар синфҳои 5-8 савганди мо «Виждони пионерӣ» шуд. 

Аз ин дида қасами сахттар барои 1 навраси шӯравӣ вуҷуд надошт. На «ба номи Аллоҳҳҳҳ!!!» савганд мехӯрдему на Очаву на 113 пайғамбари мурсал…Пионерони ҳамсоли мо таки дор мерафтанду савганди пионерӣ намешикастанд. Чунки гарданбанд, Галстуки мо аз хуни меҳнаткаш буд. «Дастатро каш аз хуни меҳнаткаш!»-бо ин нидо мо таки фуки дилхоҳ муддаӣ муште мефаровардем ва барои иззати ин галстук милисае, додситоне, суде моро ҷазо намедод. Воқеан ҳам, ягон мактаббача намедонист, прокурору судя кист! Зеро ҳамон 1 «участковый» 2-3 мактабро басанда буд…

Сар аз синфи 9 то студентӣ… қасамамон «Виждони комсомолӣ» буд. 

Ва ана ин қасамро касе намешикаст!!! Сари комсомолҳои даврони мо зеби дору расани Гитлер буданду душманони берунаву дохила, вале ҳаргиз хам намешуданд. Зеро виждон дошт, эмон дошт, комсомоли мо! 

Ин шумо-насли имрӯза ва 3-4 кулӯтариши воқеан ҳам беимон мегӯед, ки дар даврони советӣ бехудоӣ буду эмону эътиқод вуҷуд надошт. Мусалмони даврони шӯравиро агар зери дор мебурданд ҳам, аз тарси Худо «ба номи Аллоҳҳҳҳ!» намегуфт! Ӯ мисли имрӯзиён набуд, ки 100 бор дурӯғ гуфтаву 300 бор «Ба номи Аллоҳҳҳ» мегӯянд ва фикр доранд, Худо намезанад. Мезанад, мезанад, ещё как мезанад! Олами ислом зеру забар шуда истодаасту неомусалмонони даҳрӣ фикр дорад, намезанад?!…

Ба номи Ватан танҳо 1 бор дар умр савганд мехӯрдем. 

Ва он ҳама афроде, ки Шарафи хизмати дар Армияи Советӣ муяссарашон мегардид ва бовар кун, писарам, ба 99% насли мо ин шараф даст додааст. Зеро хизмат накардан аз беимонӣ буд, чунки «Ҳуббул ватанӣ минал имон» буд дар даврони мо! Ҳозир фан-клуби исломӣ барои он ки ба Ватан хиёнат кунанд, ҳадиси шарифро такзиб мекунанд. Ҳарчанд Саъдӣ гуфтааст:

Ҳубби Ватан агарчӣ ҳадисест Шариф,

Натавон зист ба сахтӣ, ки ман ин ҷо зодам…

Солдат, қабл аз он ки автомат мегирифту ба ҳимояти ватан қомат алам мекард, савганд ба Ватан мехӯрд. Ва то болои амбразураи душман мерафту қасам намешикаст. Ана ҳамин Гулбиддину паштунҳои фашистиро мо дар синни 18-20 солагӣ шикаст додаем. Муттакоямон савганд ба номи Ватан буду бас!

Зеро дар «даврони советии бехудоӣ», ҳар сокини СССР, шаҳрванди РСС Тоҷикистон, аз Худо шарм мекард, аз Худо метарсид, Худоро дар дил мешинохт, на дар худнамоиву ришу фашу юбкаи паштуниву сатри арабӣ…

«Виждони коммунистӣ»-савганде буд-падари савгандҳо, ки коммунисте агар бо иттиҳоми 1001 ҷиноят онро ба лаб меовард, бовараш мекарданд, раҳош месохтанд, дигар пурсупосе вуҷуд надошт. Зеро аз «виждони коммунистӣ» бештару беҳтар аз «Ба номи Аллоҳҳҳ» метарсиданд.

Дуруст аст, ки баъди пошхӯрди шӯравӣ коммунистон виждону шарафашонро иваз карданд, вале инҳо тамоман дигар коммунистону пионерҳову комсомолҳову октябрятҳо буданд; Инҳо аллакай зери фалсафаи нео-мусалмонон мондаву бовар доштанд, ки Худо намезанад, қасам хӯрдан гир…

Ин ҳамаро ба писарам гуфтам ва ӯ умқан ба андеша рафт. Ба ту ҳам гуфтание дорам, хонандаи ин сутур, оре маҳз ба туе, ки фикр дорӣ, «СМ маро ҳаргиз дар назар надорад»:

-Ёд дорӣ, 1 магазинчӣ, дар даврони советӣ, «Ба номи Аллоҳ» савганд хӯрдаву моли бесифаташро ба шумо фурӯхта бошад? Коммунист буданд, комсомол буданд, атеист буданд, вале ин корро намекарданд, зеро эмон, шараф, виждон доштанд. Имрӯз дар дилхоҳ бозор, дилхоҳ дӯкон, дилхоҳ мағоза, дилхоҳ ҳоҷӣ, 2 миллион бор «Ба номи Аллоҳҳҳҳ!» савганду мехӯраду садҳо ҳазор нафарро фанд мезанад…

Қасамҳои роиҷи имрӯза «Ба номи Аллоҳ, Қуръон занад, 3-талоқ!!! Ба Каъбаву Маккаву Мадина, ба ришу фашу очаву хоҳар…очам ба ҷои… (наъузамбиллоҳ), ..» ва ғ. ва ҳ. 200% гувоҳи онанд, ки мо риш дорем, дастор дорем, юбкаи паштунӣ мепӯшем, тасбеҳ мезанем, зиёрати Хонаи Худо мекунем, намоз мехонем, саҷда мебарем, вале ба Ӯ бовар надорем. Зеро агар бовар медоштем, ҳаргиз ба номи Ӯ  фиреб намекардем, ба номи Ӯ одам намекуштем, ба номи Ӯ ҷинояту хиёнату зинову фасод наменамудем…

Сахт гуфтам? Хуб кардам! Мо Метавонем!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter