ХАБАРИ ДОҒ

Ба кадом имло бовар кунем?

  • Чоршанбе, Окт 06 2021

   

 

 Баъзе вақт дар навиштани 2 ҷумла  гаранг мешавам, ки мабодо хато нанависам. Бо ҳамкорони худ дар бораи тарзи дуруст навиштани ҷумлаҳо баҳс мекунем. Фарзи мисол  калимаи содда, соли 1998 бо ду “д” навишта мешуд. Дар имлои соли 2011 бо 1 “д” навишта шудааст. Аммо дар баъзе ҳуҷҷатҳо то ҳол бо 2 ҳарфи д,  яъне аз  имлои пешина истифода мебаранд. Мо ба кадом имло бовар кунем?

Рафоати Зайниддин,

900 79 48 80

Аз СССР: Таҳрири нави имло, хонандаи азиз, ҳатто моро низ “бесавод” кард. Дигар наммедонем, ҳамин ҳарфи бечораи Ӯ-и дарозро куҷо нависему куҷо на ва ғ. ва ҳ. Посух ба суоли Шумо яктост: “Руки прочь от забони тоҷикӣ!” ва имло. Ба мо имлои С. Айниву Б. Ғафурову М.Турсунзодаро баргардонед ва дигар ба забон нарасед!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter