ХАБАРИ ДОҒ

 

Дин кеш аст, роҳ аст, барои расидан бар касе, чизе, коре, амале… Тамом вассалом! А. шумо чӣ фикр доштед, қатлу куштор аст барои Худо ва дар роҳи Худо??? Ҳаргиз на.

Ва ҳар дине, ки ҳаст, ба фикри сирф фардии ман роҳи ростест, барои ин ё он қавму миллат, барои расидан ба ҷое, рост шудан дар коре, амале иҷро кардан…ва бозгашт ба сӯи Ӯ ва усулан онҳое, ки ин ҳақиқати кӯчакро дарк кардаанд, ба дину кешу оин ниёз надоранд:

Эй писар дини қаландар гир,

Ки дар ӯ дину куфр яксон аст!

Барои навишти ин матлаб маро 2 сужаи 1 ТВ такон дод:

1.      Зиндагиномаи паштунҳои Покистон, ки тариқи барномаи «Мир на изнанку» аз шабакаи «Пятница» пахш шуд ва;

2.       Низ 1 барномаи дигар аз ҳамин канал бо номи «Орёл и Решка».

Сароғоз аз он шуруъ мекунем, ки бо қавми паштун аслан гап ҳайф будааст. Ин 1 миллати бе поя, бе роҳа, бе хона, бе ғоя, бе давлат, бе қонуну қоида будаст. Бархӯрд аз барномаи ТВ русист, на фикри индивидуалии ман. Ва ин ки ҷамоаи ҷаҳонӣ мехоҳад ин қавмро сари ифоқа овараду бо Толибон гуфтушунуфт кунад, ба ҳован об куфтан аст. Инҳо дигар намешаванд!!! Шояд шаванд. Вале батар-на беҳтар!!!

Дар «Орёл и Решка» ман бо Масҷиди Умумибашар ошно шудам-«Храм вселенной». Дар Тотористон, мусалмонони маҳаллӣ маҷмааи масоҷидро бунёд гузоштаанд. Ба комплекс масҷиди мусалмонӣ, калисои христианӣ, куништи яҳудӣ ва пагода шомил аст. «Пагода» чист, хонандаи гиромии ман? Ин масҷиди санампарастон, бутпарастон мебошад. Ва пеш аз оне, ки гиребон гирифта, тавба кунӣ, 1 бор биандеш, ки охир дайру куништу санамхонаҳо то бурузи пайғамбарони барҳаққ буданд ва одамон ба таври худ дар ин мавзеъҳо Худоро мепарастиданд, на касу чизи дигареро. Дуруст аст, ки ба таври примитив. Вале охир тасаввуоратшон низ ҳамин буд.

Ва агар Худое, ки моро офаридааст, мехост ин дайру куништ маҳв шаванд, пас маҳвашон намекард? Накард! Пас ин ҷо сирре ҳаст, ки мавҷудияташ ҳуқуқ бар будан дорад.

Худи ҳамин шаб, ки матлаб омода мешуд, Исроил дар Марс парчамашро зад! Киштии кайҳонии яҳудӣ (душмани ислом аз нуқтаи назари мулло-арабпарастон не?) ба Марс фаромад. Албатта, каме дертарак аз буддоиёни Хитой. Хитоиҳо чанд солаке пеш он ҷо рафта буданд. Ва низ хеле баъдтарак аз христианҳои русу амрикоиву фаронсавӣ. Инҳо ку Марсро хонаи падарӣ эълон кардаанд. Хуб, хонандаи закӣ, намояндаи кадом адёнро баршумурдем? Тарсоӣ, буддоӣ, яҳудӣ…

Акнун 1 бор бар худ суол те, хонандаи гиромии ман, ки пас мусалмонон дар куҷоянд? Мо то Марс чӣ, ки то Каъба бо самолетҳои христианиву яҳудиву буддоӣ мепарем. Намепарем? Мепарем, мепарем, ещё как мепарем!!! Ва моро 4 мулло ҳамарӯзаву ҳамасола фиреб медиҳанд, ки «Ъин даври Ъомӯзиш аст!». О, чанд ҳазор сол танҳо моро меомӯзад Ӯ?! 1 бор фикр кардаӣ, хонанда, ки воқеан ҳам бадбахтии мо, дар дигар ҷо ниҳон аст?

Бадбахтии мо ва дини мо ин аст, ки динро аз Тоҷик дур карданд. То вақте Тоҷик соҳиби дин буд, ин дин оламфарогир будӣ. Вале имрӯз динро, барои он ки ин дин бо худ ҳамеша дар ҳарбу мубориза бошад, аз дасти  тоҷик гирифтанд. Динро арабизатсия ва приватизатсия карданд. Акнун Тоҷик дигар соҳиби ин дин нест! Аз дилхоҳ мулло пурс, дар бораи дин чӣ мегӯяд? Гулӯро бо ъъъайн даронида, сипас боз ҳам тоб дода-тоб дода, сари Тоҷик бо мушти кайҳонӣ мезанад.

Динро акнун на танҳо арабҳо бар зидди Тоҷики ориёӣ корбаст мекунанд, ки ҳатто паштунҳои нимаурён, ки моҳияти намозро намедонанд, чӣ расад бар аркони дин, алайҳи Тоҷик корбаст кардаанд. Дини паштун ин аст, ки бубояд Тоҷик кушт. Узбак кушт. Ҳазора кушт. Эронӣ кушт…  Нотуғрӣ гуфтам мӣ?

  Оини миллии мо диндорӣ буд, на динпарастӣ. Зеро дар 1400 соли мусалмонимон дар Бухорои Шариф, Хуҷанди нозанин, Кобули заррез ва  Кӯлоби мардхез, яҳудиён зиндагонӣ доштанд. Паҳлӯи ман, ту, мо ва мо ягон мушкиле бо қавми яҳуд надоштем. Бутпарастони Чину Мочин тавассути Шоҳроҳи Абрешим равуо мекарданд. Ва мо-Тоҷикон бо ишон ягон хусумат надоштем. Христианҳо бародарони мо буданд, зеро мо-Тоҷикони мусалмон миёни тарсоиву ситорапарастиву яҳудияву ислом фарқе намегзоштем. Зеро ин амр аз Қуръон аст, на пиндору гуфтори мо.

Вале чун мо динпараст шудем, ҳама дастовардҳои аждодиро аз даст раҳо кардем. Мо-мусалмонон, ки биҳишт 1 сӯ, Худоро приватизатсия кардаем, дигар ақвому миллату дину мазоҳибро кофир хондаем, чиро бояд интизор мебудем? Омада бигӯянд, ки оре, шумо-мусалмонон биҳиштиеду мо 5 млрд нафари дигар кофар, дӯзахӣ, худозадаву лаънаткардаи Ҳақ?

Хотиррас мешавам, ки мо ҳамагӣ 1,9 млрд мусалмонем, чизе бешу камтар аз 24,5 %  сокинони кӯраи замин. Ва бояд 75,5% одамро кофиру дӯзахӣ бароварда, фикр кунем, мо Ҳақему онҳо ботил???

Эй он ки дини ту бихаридам ба ҷони хеш,

Аз ҷаври ин гурӯҳи харон бозхар маро…

Байти аввалӣ аз Анварӣ буд-маликушшуарои вақти хеш, байти 2 аз Носири Хусрави Қабодиёнист-Уқлидуси замони худ, ки аз Хатлон ронда будемаш то Дараи Юмгони Бадахшони Афғонистон…

Дарае, ки акнун толиби паштуни дур аз кешу мазҳабу Худову Расул худро ҳокими мутлақи ислом пиндошта, бо наслкушӣ банд аст…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter