ХАБАРИ ДОҒ

Игор Ротар: Писари муҷоҳид муҷоҳид мешавад? Пас аз фурӯпошии СССР дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ авҷ гирифт. Он чӣ пайомади даҳшатбор дошт?

  • Панҷшанбе, Дек 23 2021

Хондани ин матлаб саҳлу осон нест, хонандаи гиромӣ. Зеро муаллиф, ки солҳои тӯлонӣ миёни хоку хуни тоҷикони раҳгумзада, дар солҳои сахттарин барои ин миллат, ҷанги гражданӣ, кору фаолият дошт, роҷеъ ба қубҳу камбуду душманиву адовати мо ошкоро навиштааст. Сахт навиштааст. Вале хуб навиштааст. Мо бояд ҷанги граждании худро аз дурбини хориҷие медидем. Хонед ва хулоса кунед. Мо метавонем!

 

Расо 30 сол пеш, 24 ноябри соли 1991, дар ССР Тоҷикистон нахустин интихоботи президентӣ баргузор гашту он замон ғолибиятро котиби якуми компартияи республикавӣ Раҳмон Набиев ба даст овард. Вале оппозитсия, ки асосан аз исломистон иборат буд, ҳукуматро ба сохтакорӣ зимни ҳисоби овозҳо айбдор намуда, митингҳо ташкил намуд.

Митингҳои осоишта пасон ба задухӯри тарафдорону мухолифони ҳукумат табдил ёфта, бо мурури вақт ба яке аз ҷангҳои граждании хунин дар миқёси СССР-и пасошӯравӣ мубаддал гаштанд. Конфликт 5 сол идома ёфта, танҳо аз рӯи омори расмӣ беш аз 60 ҳазор нафар қурбонӣ шуд. Вале аз рӯи баҳогузории коршиносони мустақил, шумораи аслии кушташудагон 2 баробар аз ин рақам бештар аст.

Дар бораи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ваҳшонияту шиканҷае, ки ин ҷанг ба бор оварду он сари мардуми осоишта уфтод, хабарнигори «Лента.ру» Игор Ротар нақл мекунад.

   «- Ман аз рӯзи аввали шуруъи ҷанги шаҳрвандӣ то хотимаи он дар Тоҷикистон ба ҳайси журналист кор кардам. Хотироти инсон баъзан чизҳоеро наметавонад фаромӯш кунад ва он воқеоте, ки ман дидаму шоҳидаш будам, ҳеҷ гоҳ аз ёдам намераванд,»- мегӯяд Игор Ротар.

 

Боби 1. Ҷанги гражданӣ

 

Сурхҳо бар зидди сабзҳо

Дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ду тарафи муқобил-Фронти Халқии прокоммунистӣ ва Оппозитсияи Муттаҳиди Тоҷик, ки асосашро исломистону каме омехташудаҳои демократ ташкил менамуданд, иштирок доштанд.

 

Сангак Сафаров-авторитети ҷиноӣ бо қалби поки советӣ

Дар асл Сангак Сафаровро коммунист гуфтан дуруст набуд. Аз рӯи касб буфетчӣ, Сангак Сафаров, шахсе, ки 23 соли умрашро дар паси панҷара гузаронидааст, дар Тоҷикистон авторитети шинохтаи олами ҷиноӣ ба шумор мерафт. Посухи мушаххас дар мавриди чаро ҳамчунин 1 фард ҳаракати прокоммунистиро роҳбарӣ кард, нест. Вале тавре баъдан Владимир Квачков, собиқ полковники ҳангомаҷӯи Сарраёсати ҷустуҷӯӣ иқрор шуда буд, ҳукуматдорони Россия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба Сангак дастур дода буданд, ки дар Тоҷикистон ҳаракати зиддиисломӣ таъсис диҳад.

Тавре Квачков тасдиқ менамояд, барои ин мақсад дигар шахсиятро интихоб кардан ғайриимкон буд, зеро Сангак Сафаров дар баробари «уголовник»-и собиқадор, инчунин дар ботин 1 шахси сирф советӣ буда, ба вазифа ва мақсаду амали ба ӯ бовар намуда, бовафо монд. Пас аз ин ба ҳаракати Сангак ва Фронти Халқӣ теъдоди зиёди «уголовник»-ҳо пайвастанд.

 

Оппозитсияи «бешукӯҳ»

Дар ин маврид бояд гуфт, ки назар ба Фронти Халқӣ оппозитсия он қадар шукӯҳу обрӯ надошт.

«Тоҷики мусалмон мехоҳад аз рӯи эътиқодаш зиндагӣ кунад, лек кофирон ва Россия зидди ин ҳастанд. Ҷанг барои ин аст!»--гуфта буд ба ман бо лаҳҷаи шикастаи русӣ Саид Абдулло Нурӣ, раҳбари Оппозитсияи Муттаҳидаи Тоҷик, ки риши дарози бемаъно дошт.  

Ӯ ва атрофиёнаш таассуроти маро дигаргун сохтанд, 1 иддае, ки сарулибоси миллии муллоӣ пӯшида, бо забони русии хеле шикаста ҳарф мезаданду тавонистанд дар ин ҳама 70 соли давлатдории советӣ тарзи ҳаёти гузаштагони худро то колонизатсияи Империяи Россия (манзури муаллиф босмачигарист)  маҳфуз ва нигоҳ доранд.

Зимни суҳбат бо ман, онҳо, яъне исломистон пайваста таъкид медоштанд, ки мусалмонони тоҷик намехоҳанд аз рӯи қоидаву қавонини руссҳо зиндагӣ намоянд. Яъне, нишастани занҳо дар автобус паҳлӯи мардҳо, фурӯши машруботи алкоголӣ дар мағозаҳо, пахши ҳар гуна барномаҳои сабукпоӣ дар ТВ.

   «- Бифаҳмед, мо тоҷикон, тамоман дигарему аз русҳо фарқ мекунем. Рӯзе 1 журналисти амрикоӣ барои мусоҳиба назди ман омад, ки шортик пӯшида буд. Ман сидқан мехостам барояш барои омода сохтани мусоҳиба кӯмак кунам, вале либоси пӯшидааш ончунон маро дар ҳолати ногувор гузошт, ки натавонистем суҳбат кунем» - иброз дошта буд зимни суҳбат Муҳаммадшариф Ҳимматзода, муовини раиси ҳизби наҳзат.

 

Акбар Тӯраҷонзода ва ақидаҳои ӯ

Агар аз рӯи адолат бигӯям, дар байни оппозитсия нафарони босаводу дунявӣ ҳам буданд. На танҳо дар байни демократҳо шахсиятҳои ҷаҳонбинии васеъ дошта, балки дар байни исломистон низ чунин ашхос вомехӯрданд. Барои мисол метавонам аз Акбар Тураҷонзода, муовини раиси Оппозитсияи Муттаҳида, собиқ қозикалон ёд орам, ки дорои 2 сифати фавқуллода буд-метавонист дар дилхоҳ мавзуъ суҳбат кунад ва шунавандаи хуб ҳам буд. Ӯ зимни тақсимоти мансабҳо пас аз Оштии Миллӣ мансаби муовини аввали сарвазири кишвар дода шуда буд, ба Тоҷикистон баргашт.

Дар вақти баргузории яке аз гуфтушунидҳо байни ҳукумати расмии вақт ва оппозитсия дар шаҳри Исломобод, ман дар утоқи меҳмонхона бо эшон суҳбат доштам. Ногоҳ садои мусиқӣ баромаду мавсуф аз ҷой зуд бархоста ба тиреза нигоҳ кард. Вақте дид, ки ҷашни арӯсии покистонӣ баргузор шуда истодааст, табассум карду пасон ба мусоҳиба идома додем.

Ин шахс, ки донандаи хуби забони русӣ, зиндадил ва харизматик буд, бо журналистони хориҷӣ суҳбат карданро дӯст медошт. Мақсадаш муътақид сохтани ин «спикерҳо» ба он буд, ки оппозитсия-ин на фанатикҳои чаласаводи асримиёнагӣ, балки шахсиятҳои босаводу нисбат ба дарди дигарон ғамхор ҳастанд. Он замон собиқ қозикалон ва пайравонаш пинҳон намекарданд, ки мехоҳанд аз Россия дур ва ба Эрон-кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони худ наздиктар шаванд.

    - Тоҷикистон имрӯз ба таври расмӣ дигар зери сояи Россия набошад ҳам, дар асл колонияи Россия мондааст. Мухолифони мо он нафароне мебошанд, ки ба эҳёи СССР бовар доранд. Ин он тоҷиконанд, ки дар бораи гузаштагони худ, решаҳои авлодии худ фаромӯш кардаанду омодаанд бо русҳо ассимилятсия шаванд. Танҳо пас аз ғалабаи мо тоҷикон озод мешаванд, - гуфта буд Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, арбоби динӣ ва сиёсӣ, пешвои исломистони тоҷик дар замони ҷанги гражданӣ. 

 

Зарбулмасал

Аммо тавре мегӯянд Шарқ-кори саҳл нест (Восток дело тонкое!) ва дар ҷанги граждании Тоҷикистон на танҳо идеология муҳимият дошт. Гап сари он аст, ки тоҷикон натавонистанд миллати ягонаро таъсис диҳанд: ҳар 1 минтақа лаҳҷа ва расму оини худро дорад. Дар замони советӣ ҳатто дар ин бора 1 шӯхӣ ҳам буд, ки « Ленинобод роҳбарӣ мекунад, Ғарм савдо, Кӯлоб таъмини амниятро ба ҷо меорад ва Помир мерақсад».

Зимни ҷанги гражданӣ хуҷандиҳову кӯлобиҳо дар тарафи сурхҳо меҷангиданду ғармиву помириҳо пайрави сабзҳо буданд. Ин аст, ки ҳарду тараф ба маҳалбозӣ сар карда, мардуми зиёди маҳалҳои гуногунро несту нобуд карданд. Он солҳои ҷанг 1 зарбулмасал хеле машҳур буд-сокини ин ё он минтақаро аз рӯи зарбулмасали кӯдакона месанҷиданду бо ин роҳ аз кадом маҳал буданашро мефаҳмиданд. Агар мавсуф зарбулмасалро хато мегуфт ё лаҳҷаи помириву ғармиву кӯлобӣ ошкор мегардид, он шахсро ҳатман мекуштанд.

 

Ваҳшоният дар Ғарм

Пас аз ҷанги гражданӣ, дар оғози солҳои 2000-ум, дар яке аз қишлоқҳои Ғарми Тоҷикистон ман бо директори мактаби маҳаллӣ, ки Азиз ном дошт шинос шудам. Маро нигоҳи ин мард муаттаасир гардонид, гӯйё олами иҳотакардаи хешро мисли дар саҳнаи спектакл медид. Чанд сол то директорӣ Азиз яке аз командирони оппозитсия будааст.

Рӯзе ба қишлоқи онҳо, ки дар назди дарёи наздисарҳадии Панҷ ҷойгир аст, кӯлобиҳо ҳуҷум намуда, хонаҳоро сухтанд. Азиз аз он тарафи дарё ин амалро тавассути дурбин дида, чи гуна сухта хокистар шудани хонаи худро ҳам тамошо мекард. Шабона аз дарё гузашта ба хонаи хокистаршудаааш омад. Ҳамсояҳои ӯзбекаш (кӯлобиҳо ба ӯзбекҳо даст намерасониданд), асли воқеаро нақл мекунанд:

- Яке аз боевикҳо ба хона даромада, дарҳол ба рӯи кӯдаки 4 солаи Азиз 1 шаппотӣ мезанад. Боевики дигар ба ин кор аксуламал нишон медиҳад, вале шахси шаппотизада автоматро сӯи ҳамяроқаш карда, дод мезанад: «Падари ин муҷоҳид аст! Писари муҷоҳид муҷоҳид ба воя мерасад. Агар ту инҳоро ҳимоят кунӣ, ман худам туро мепаронам!».

Кӯдакро накуштанд, вале хонаро оташ зада, аҳли оилаи Азизро ба кӯча пеш карданд. Зани Азиз писари хурдсолашро гирифта, ба сӯи хонаи хешовандонаш медавад. Вале кӯдак ба тарс тоб наоварда, дар дасти модар дар роҳ ҷон медиҳад.

…Ман шоҳиди ҳақиқии ваҳшонияти боевикҳо набудам, вале медидам, ки чи гуна боевикҳо дар минтақаҳо рафтор мекарданд. Онҳо худро мисли ғосибон нишон дода, танҳо барои надоштани 1 дона сигарет 1 марди кӯлобиро чунон заданд, ки шояд пас аз он мурда бошад. Ман дидам, ки чи гуна 1 боевики Фронти Халқӣ бо зӯри автомат ронандаи автобусро маҷбур мекард, ки бо роҳӣ душвори кӯҳӣ ба деҳае биравад, дар бораи вайронкориҳои кӯчак, амсоли дуздӣ ман умуман чизе намегӯям…

 

Ҷазои асримиёнагӣ…

Оппозитсия низ бегуноҳ набуд. Вақте соли 1996 ба исломистон муяссар шуд артиши ҳукуматиро аз Ғарм берун кунанд, дар ин минтақа реҷаи асримиёнагӣ роҳандозӣ гардид. Ҳатто симо ва намуди зоҳирии ба ном партизанҳои аз кӯҳ фаромада мардумро талхакаф мекарданд-ришҳои дароз ва мӯйҳои то китф овезон. Зери таҳдид муҷоҳидон маҷбур мекарданд, ки мардум ба масҷид рафта намоз хонанду занҳо зимни баромад ба кӯча ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рӯмоли калон ба сар кунанд. Фурӯши машрубот, нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку қатъиян манъ буд. Гунаҳкоронро дар масҷид мезаданд, на бо чӯб, балки бо снаряди гранатаи дастӣ. Барои кашидани сигор 20 зарба, барои нӯшидани арақ-40 зарба ва барои зино 100 зарба. 1 роҳи дигари ҷазо ин шинонидани гунаҳкор ба систернаи маҳкам ва баъд сангандозӣ сӯи он буд. Пас аз ин пардаи гӯш ҳатман мекафид.

 

Гушнагӣ занҳоро фоҳиша кард…

Мардуми оддӣ дар пайи ин низоъҳо қашшоқ шудан гирифт. Зимистони соли 1993 хонаҳои Душанберо гарм намекарданд. Дар ҳар 1 хонаи баландошёна печкаҳои буржуйка меистод. Гази табиӣ ҳам набуду мардум дар берун дар дегҳо бо истифодаи ҳезум хӯрок тайёр мекарданд. Дар ин муддат дарахтони хеле зиёд бурида шуд, дар замони советӣ шаҳри Душанбе яке аз шаҳрҳои сабзтарини СССР ба шумор мерафт.

Нарху навои хона дар Душанбе он рӯзҳо баробари фиристодани 1 контейнер ба Россия буд. Дар бозорҳои «толкучка»-и Душанбе ҳама чизро дидану ёфтан мумкин буд, агар гӯям нархҳо хандаовар буданд, хато намешавад. Маро на фурӯши арзони тилло, балки бори соҳибкорон ва тоҷирони шинохта дар ин бозорҳо ба ҳайрат оварда буд. Ҳарчи буд мефурӯхтанд, аз соати шикаста то кафши дарида.

Танфурӯшӣ ҳам дар пойтахт рушд кард. Нархи 1 духтари хиёбонӣ ҳудудан 10 доллари ИМА меистод, баъзан барои гулдухтарон харидани маҳсулоти хӯрокворӣ ҳам бас буд. Хӯрока намерасид, мардуми деҳот ба шаҳр меомаданд, гоҳо занро бар ивази 1 банка тушенка ҳам истифода кардан мумкин буд.

Мизоҷони асосии духтарони хиёбонӣ сарбозони рус, ки он замон маошашон хеле зиёд буд, гаштанд. Газетаҳо пур аз эълони шиносоӣ буданд: «Ба шавҳар мебароям, бо сарбози рус шинос мешавам». Барои аксари духтарони Душанбе он солҳо сарбозони рус ягона воситаи берун рафтан аз кишвар, рафтан ба Россия шуда буд.

 

Боби 2: Русҳои Тоҷик дар Россия

 

Юрийи душанбегӣ

Дар замони советӣ зодаи Душанбе Юрий Петров шахси ниҳоят муваффақ буд. Ӯ 40 сол ба ҳайси муовини сармуҳаррири редаксияи русии радиои РСС Тоҷикистон кор карда, барномаи кӯдаконаи «Дӯсти навраси ман»-ро пеш мебурд. Ҳамчунин Юрий афсона ҳам менавишту ба таври худ хушбахт буд. Давраи бозсозиро Юрий мисли 1 фарди рушанфикр хеле хуш истиқбол намуд. Вале чанде нагузашта ҷанги гражданӣ сар зад. Пули хонаи дар Душанбе фурухташуда танҳо барои равон кардани 1 контейнер ба Россия расиду халос. Ин ҳам барои Юрий муваффақият буд, чунки агар вай дар Душанбе неву дар ягон минтақаи дур аз пойтахт зиндагӣ мекард, шояд ҳеҷ гоҳ наметавонист аз кишвар берун ояд. Нархи хонааш ҳам шояд аз 200 доллари амрикоӣ боло намерафт.

Барои Юрий дар Маскав кор ёфтан мушкил буд. Оилааш ҳам ӯро партофта, ба нигоҳубини 1 кампир машғул шуд. Юрий ба мардикорӣ рӯ оварду гоҳ-гоҳе кораш омад мекард. Пули ёфтаи Юрий барои пардохти пули хона, хизматҳои коммуналӣ ва хӯрока мерафт.

 

«Русҳои ғайриҳақиқӣ»

Русҳои осиёимарказӣ аз русҳои Россия фарқ мекарданд, онҳо мулоим, фурӯтан, меҳрубон ва меҳнатдӯст буданд. Шояд ин ба хотири он буд, ки дар байнашон фарзандону наберагони кулакҳои бадарғашуда буданд, ё баръакс романтикҳое, ки мехостанд Осиёи Марказиро эҳё намоянд. Харчӣ буду набуд баъдан дар Россия як мафҳуми нав пайдо шуд-«Русҳои осиёимиёнагӣ». Русҳои Тоҷик ба Россия омада тавонистанд дар деҳаҳои фаромушшуда манзил бунёд намуда, хоҷагии қишлоқро ба роҳ монанду кишоварзиро рушд диҳанд.

Албатта мардуми таҳҷоӣ нисбат ба мардуми омада, русҳои тоҷик, нигоҳи бад доштанд ва ҳар касе баъдан муҳоҷир шуд, «тоҷик» ном гирифтан гирифт. Русҳо ба инҳо «русҳои ғайриҳақиқӣ» ном ниҳода, ҳатто ба китобҳои овардаашон рашк менамуданд. Тоҷикон тайёр буданд 12 соат дар 1 рӯз кор кунанд ва аз ҳар гуна шабнишиниҳои русҳои маҳаллӣ гирди 1 бутил самогон парҳез мекарданд.

 

Хуррамабади русҳои тоҷик

Нависандаи шинохтаи рус, гуреза аз Тоҷикистон Андрей Волос дар романи хеле хуби худ «Хуррамобод» ин масъаларо чунин шарҳ додаст:

«Ӯ метавонист ба лейтенанти пулис дар бораи чаро мардуми қишлоқӣ аз онҳо шикоят доранд, бештар бигӯяд. Оре, омадагиҳо! Аслан рус, вале мисли чучмекҳо зиндагӣ мекунанд! Корубор ва ҳаёташон инсонӣ нест. Онҳо арақ наменӯшанд, агар нӯшанд хеле кам, мисли мардуми таҳҷоӣ не. Ғозҳояшон ҳам калону фарбеҳ, дар огород ҳама чи сабзидаву пухтаву расида, бузҳо шир медиҳанд, сабил! Ба қишлоқиҳои маҳаллӣ шир мефурӯшанд, хирагиро бинед! Худо накарда ҳоло боз ба нигоҳубини гов сар мекунанд! Ҳатто хона месозанд-е! Дар хонаҳои ғайриинсониашон ҳатто оби гарм мешавад! Бинед-а, фарзандонашон ба институтҳо дохил мешаванд, гӯйё дар ботинашон муҳаррике ҳамеша дар кор аст!...»

 Мутаассифона, дар асл барои бунёди манзил на ҳама пул дошту аксарияти «тоҷикҳо» дар вагончаҳои муваққатӣ умр ба сар бурда, «хонаҳои» худро бо печкаҳои буржуйкаи бобоӣ гарм мекарданд. Дар фасли зимистон ҳарорати ҳаво дар чунин хонаҳо то 0 дараҷа поин мефаромад ва на ҳама метавонист ба ин тоб оварад. Касе тавонист аз қишлоқ рафт, танҳо пиронсолон дар деҳот монданд.

 Анатолий Травкин, ки ӯ низ дар Тоҷикистон таваллуд шудаву ба воя расида аст, пас аз ҷанги гражданӣ ба Россия кӯч баст. Рӯзе зимни суҳбат бо ман, ӯ дар бораи воқеоти мудҳиши солҳои 1990 нақл карда, аз фашистони руси зидди русҳои тоҷик шӯрида, нолида, орзу мекард, ки мехоҳад Горбачев ва Елтсинро дар дор овехта бубинад.

 Назари чунин нафаронро фаҳмидан мумкин аст. Травкин дар ҳаёти гузаштаи худ дар Душанбе яке аз геофизикҳои муваффақ ба шумор мерафт. Мавсуф хонаи хуб, маоши муносиб (500 рубл аз рӯи ҳисоби советӣ пули калон буд!) ва обрӯю эътибор дошт. Дар Россия бошад собиқ геофизик рузгори хешро бо мардикорӣ ва кори соатакӣ пеш бурда, пайваста ба раҳбарияти ФР, ба Маскав, аризаҳои норизоӣ менавишт.

 

Эътиқоди дубора ба коммунизм

Идеяи дастаҷамъона муқимӣ намудани гурезаҳо ҷомаи амал напӯшид. Тоҷикистониёни камшумор дар қишлоқҳои рус монданд. Аксарият барои пайдо намудани бахт ба шаҳрҳои калон рафтанд, бархе комёб шуданд, қисмате баръакс бо шароити бадтар аз Ватандошта рӯбарӯ гардиданд.

Ҷанги граждании Тоҷикистон, нахустин конфликт дар ҳудуди давлати СССР буд, ки яке аз тарафҳо идеологияи исломситезиро дошту ҷониби дигар кофир-коммунисткуширо. Пасон ин ғояҳо дар Кавкази Шимолӣ, ки он ҷо сепаратистони чечен фаъол шуда, бар зидди кофирон ҷанг эълон карда буданд, рух дод.

Имрӯз дар аксарияти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сари ҳукумат раҳбарони дунявӣ истода, бо он нафароне, ки тарафдори зиндагӣ аз рӯи шариатанд, сахт мубориза мебаранд. Вале гуфта намешавад, ки вазъ дар раъси ин давлатҳо ҳамеша чунин мемонад ё тағйир мехӯрад. Назар ба Россия, ки пас аз фурӯпошии СССР хелеҳо ба зиндагии беҳтар расиданд, дар Осиёи Марказӣ ба ҷуз чанде ангуштшумор фардҳо, аксарият  аз барҳамхӯрии давлати абарқудрати СССР бохтанд. Қашшоқӣ, коррупсия ва рушди танфурӯшӣ-капитализми осиёимарказии пошхӯрдаи пасошӯравӣ шуд.

Дар ин ҳолат теъдоди зиёди мардум ба коммунизм дубора эътиқод пайдо намуда, онро ягона идеология бар зидди бунёди давлати исломӣ медонанд. Зеро ғалабаи қарибулвуқуъи «Толибон» (созмони дар Россия мамнуъ) дар Афғонистони ҳамсоя, хушбинии тарафдорони ислому шариат дар Осиёи Марказиро устувор менамояд…

Игор Ротар, журналист,

хабарнигори «Лента.ру»

ш.Москва

Тарҷумаи Ҷ.Мақсуд, СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter