Номи Қосим Раҳбар, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор, дар гузашта раиси вилояти Суғд, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи рушди маҳали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи ахир дар сархати хабарҳост. Муҳаққиқони OCCRP-Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, ҳисоби бонкии Қосим Раҳбарро дар Бонки Швейтсария «кашф кардаанд». Тавре ин созмон менависад ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ, ба ҳисоби ҳозира, баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро то ба имрӯз нигоҳ дошта шудааст. То куҷо ин хабар асос дорад ва паси ин гуна интишорот чӣ пинҳон аст? Ва чаро ин хабар пас аз 1 ҳафтаи ба ҳайси раиси шаҳри Ҳисор таъин шудани мавсуф матбуотӣ шуд? Газетаи мардумии СССР тасмим гирифт бо Қосим Раҳбар вохӯрда сари ин масъала суҳбат намояд.
Чизе барои пинҳон кардан надорам!
24.02.2022. Соат бо вақти Ҳисор 16:25 дақиқа. Беш аз 30 дақиқа лозим шуд то ин ки кормандони МИҲД шаҳри Ҳисор аз омадани хабарнигори газетаи СССР раисро огоҳ намуда, иҷозати эшонро барои мулоқот бигиранд. Ғайричашмдошт Қосим Раҳбар моро пазируфтанд, бо хушӣ пешвоз гирифта, сари мизи корӣ даъват карданду сари 1 пиёла чой суҳбати мо оғоз шуд. Маълум, ки суоли мо аз ин сомона, хабар ва пул сар шуд…
- Барои ман хабари нашршудаи созмони OCCRP, ки ман ҳатто аз фаъолияташ огаҳ нестам, нав нест ва ин хабар ҳам наву доғ нест. Ҳанӯз 10 сол пеш дар ин бора дар хабаргузории «Центразия» низ матлабе айнан ба ҳамин маъно нашр шуда буду ҳамон замон ин масъала баррасӣ гашт. Дигар ин, ки ман аз дигарбора чоп шудани ин хабар дар моҳи феврал хабар доштам. Зеро 1 ҳафта пеш аз интишори он аз рақамҳои ношинос ба воситаи шабакаи Телеграмм ба аҳли хонавода, ба бародаронам дар Тоҷикистон, ҷияну бародарзодаам, ки дар Россия таҳсилу зиндагӣ мекунад, паёмҳои гуногун расида, тарафи номаълум пешниҳод медоданд, ки барои пешгирӣ аз нашри хабар ман ин қазияро ё шарҳ диҳам ё пешгирӣ намоям, вале ман ба ҳамаи ин аҳамият надодам, зеро чизе барои пинҳон кардан надораму аз касе ҳам наметарсам ва дар Швейтсария ҳам боре набудам, - гуфт дар оғози суҳбат Қосим Раҳбар.
Тавсия генерал-майор Шапошников
Дар идомаи суҳбат Қосим Раҳбар аз теракти моҳи апрели соли 1997 дар назди Театри ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ёдовар шуда, аз таърихи пайдоиши ҳамчунин 1 суратҳисобе дар Аврупо нақл кард.
- Мехоҳам 1 фактеро ба шумо нақл кунам, ки дар борааш бори нахуст мегӯям. Дар теракти моҳи апрели соли 1997, дар баробари Ҷаноби Олӣ, дар шаҳри Хуҷанд ман ҳам осеб дида, ҳам дастам захмӣ шуд ва ҳам ба танам тиккапораи маводи тарканда-граната расид. Пас аз ҷарроҳии якум 1 соли дигар дастам кор накарду тиккапораи дар тан монда ҳам хунамро сироят намуда, ҳам ба фаъолияти ҷигар зарар расонид. Тиккапораро нагирифтанд, гуфтанд ба функсияҳои организм халал намерасонад, вале абадӣ мемонад.
Вазири вақти тандурустии кишвар Аламхон Аҳмадов ва духтури шинохтаи Суғд Рабиҷонов, ки маро дар ин муддат табобат мекард, тавсия доданд, ки ба Маскав рафта, аз муоинаи профессор, генерал-майори хизмати тиббӣ, Юлий Шапошников гузарам. Юлий Шапошников шавҳари зан-кайҳонаварди машҳур Валентина Терешкова буда, дар Маркази миллии тадқиқотии травмотологӣ ва ортопедии ба номи Н.Приорови шаҳри Маскав кор мекард. Ман тӯли 3 сол-ҳар 6 моҳ 1 бор ба Маскав рафта омада, табобат гирифтам, вале на даст хуб шуду на ҷигар ва на хун тоза, - афзуд Қосим Раҳбар.
Клиникаи Вена ва ҳамсафари хатокор
- Профессор Юлий Шапошников тавсия дод, ки ба ягон клиникаи муосири аврупоӣ рафта, табобатро аз рӯи тавсияи духтурони аврупоӣ давом диҳам. Аз байни 3 кишвари пешниҳодшуда 1 клиникаи муосирро дар шаҳри Вена интихоб кардем. Соли 2001 буд, он замон на ман Аврупоро дида будаму на корти бонкӣ доштаму на суратҳисоб барои кафолат ва табобат дар Аврупо. Клиникаи аврупоӣ ҳам кафолати шахсеро талаб мекарду ҳам бояд ҳисоби бонкии аврупоӣ мешуд. Тавре маълум аст клиникаҳои аврупоӣ бидуни ҳисоби бонкӣ бемор қабул намекунанд. Он вақт ман чунин имкониятро надоштам ва ба кӯмакам 1 соҳибкори хориҷӣ омад, ки он солҳо дар вилояти Суғд ба сармоягузорӣ машғул буд. Муҳим аз ҳама ӯ шаҳрванди Австрия буду кафили ман шуд. Рафтем ба Вена, ташхиси пурраро гузашта ба Тоҷикистон баргаштем. Он замон ман дар вазифаи раиси вилояти Суғд кор мекардам ва наметавонистам корро як сӯ гузорам. Аммо дасту ҷигар ҳамоно маро азият дода, хуни сироятёфта ҳеҷ тоза намешуд. Маҷбур шудам соли 2003 бо 1 табиби дигар боз ба Вена сафар карда, ин маротиба муолиҷаро низ то ба охир бигирам. Соҳибкор дубора ба кумакам омада, боз кафили ман шуд. Дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштам, ки ӯ чанд ҳуҷҷатро барои имзо овард. Ҳуҷҷатҳо бо забони англисиву немисӣ буданду ман ба онҳо дуруст аҳамият надода, имзо гузоштам ва нусхаи шиносномаамро ҳам додам. То ҷойе огаҳ дорам ба номам дар ин клиника суратҳисоби бонкӣ кушода, харҷи табобатамро аз пули худам пардохт карда буд.
Ман 1 сол рафтаву омада дар Вена табобат гирифтам ва танҳо дар соли 2007 фаҳмидам, ки ин соҳибкор ба ман хизмати хирсона кардааст. Ошноӣ ва тамоми алоқаҳоро бо эшон қатъ кардам. Мавсуф, ки қаблан барои қаллобияш зери назорат будааст, тавассути суратҳисоби ба номи ман кушода пулҳои худро гузаронида, тиҷораташро дар Тоҷикистон давом дода, боз чанд нафари дигарро ҳам фиреб додаст. Чун пулашро гирифта наметавонад, ҳар гуна хабар паҳн мекунад. Ман боре тавассути ин суратҳисоб доду гирифти бонкӣ накардаам, на пул ворид кардаам ва на гирифтаву ба ҷойе гузаронидаам ва муайян кардани ин хеле осон аст. Ҳоло ин соҳибкор дар ҷӯстуҷуи байналмилалӣ қарор дорад. Ягона хатои ман дар он буд, ки ман ҳамсафар ва кафили хатокор интихоб кардам!,- таъкид дошт Қосим Раҳбар.
Хиёнат накардаам!
Дар идома Қосим Раҳбар афзуд, ки баъдан зери назорати мутахассис-духтури варзида ва забондони тоҷик аз соли 2007 то 2017 дар Олмон муолиҷа гирифта, сирояти хун ва ҷигар пурра шифо ёфт. Тамоми мадраки муолиҷа ва табобат дар бойгонии беморхонаи ҳукуматии кишвар маҳфуз аст. Вале дасти осебдида то ба имрӯз пурра сиҳат нашуда тиккапораи граната ҳанӯз ҳам дар тан ҳаст.
- Ман сарбози ин Ватану Миллату Давлат ҳастам ва лозим бошад барои ҳифзи марзу буми Ватан ҷонамро ҳам нисор мекунам. Дар кадом вазифае, ки кор кардам содиқ будаму содиқона меҳнат кардам, агар кори баде мекардам, маро ҳеҷ гоҳ ба вазифаҳои баланд намегузоштанд. Ба Миллату Давлат хиёнат накардаам ва нахоҳам кард!, - таъкид дошт Қосим Раҳбар.
Ҷамила Ҳусейнова, СССР, 24.02.2022
Дар ҳамин маврид:
Навбати Қосимҷомарт Тоқаев?
Пас аз нашри хабар дар бораи миллионҳои Қосим Раҳбар, созмони OCCRP Қосимҷомарт Тоқаев, президенти кунунии Ҷумҳурии Қазоқистонро дар доштани суратҳисобҳо дар бонкҳои Швейтсария, хонаҳои боҳашамат дар Женеваву Маскав ва миллионҳо доллари дигари оффшорӣ айбдор сохт. Ин суратҳисобҳо ҳам марбут ба солҳои 1998-2011 буда, гуфта мешавад, ки маротибаи охирин ба он соли 2015 пул ворид шудааст.
Берик Уяли, котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон мавҷудияти суратҳисобҳои бонкии ҷаноби Қосимҷомарт Тоқаевро дар бонкҳои Швейтсария инкор намуда, афзуд, ки ин хабар муболиғае беш нест ва танҳо барои латма задан ба имиҷи раҳбари кишвар, алалхусус баъди воқеоти моҳи январи соли 2022 аст.
Тавре сомонаи «Газета.ру» рӯзи 21.02.2022 дар пайи ин хабар навишт, созмони OCCRP тарҳи махсусеро бар зиди роҳбарон ва мансабдорони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кардааст. Ва ҳамчунин тактикаеро рӯи кор гирифтааст, ки ҳадафаш пеш аз ҳама латма задан ба обрӯву эътибори эшон аст.
Шояд дар мавриди Қосим Раҳбар ҳам пас аз 1 ҳафтаи интихоб шуданаш ба симати раиси шаҳри Ҳисор ҳамин тактика истифода шуда бошад, вале суоли матраҳ он аст, ки пас аз Қосим Раҳбар OCCRP кадом мансабдори тоҷикро интихоб хоҳад кард? Баъд аз ин навбати кист?