ХАБАРИ ДОҒ

НАБАРДИ ИТТИЛООТӢ ВА ЗИЁИИ ТАРСОНЧАК

  • Чоршанбе, Март 30 2022

 

Воқеан, халқи тоҷик дар тӯли садсолаҳо соҳиби мулк буд, забон буд аммо соҳиби давлат набуд. Мо бояд аз хурдтарин имконият, ҳар восита истифода бурда, давлатамонро таҳким бахшем, Тоҷикистонро бисозем! Дар ин азм саҳми нависандагон, зиёиён, рӯзноманигорон ва хулоса ҳар фард назаррас бояд бошад. ВАО-и тоҷикро агар ибтидо аз матбуот, аз Бухорои Шариф гирем, умри 100-сола дорад. Ҳарчанд замони бозсозӣ (1985-1990) ва баъди ба даст овардани Истиқлол (1991) матбуоти тоҷик хело рушд кард, даҳҳо газетаву журнал пайдо шуданд. Аммо бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин ҳама ба боди фано рафтанд. Аҳли қалам, махсусан рӯзноманигорон дарк намуданд, ки озодии суханро су(ъ)истифода (бад истифода) намуда, онро ба нуқтаи баланд оварданд ва аз ҷарӣ ба поён тела доданд. Бо ҳамин матбуот ба ҳолати нестӣ расид. Албатта, на ҳама рӯзноманигорон дар ин кор муқассиранд. Аммо хатоии худро дидану эътироф кардан оини ҷавонмардист. Гузашти рӯзгор ва таҷрибаи талхи солҳои 90-ум ба мо суханварон ҳушдор медиҳад, ки озодии матбуотро набояд зидди давлатдории миллӣ истифода бурд. Натиҷаи ҳалокатбори онро дидем. Сухани тиллоии "Озодӣ дар доираи қонун" сармашқи кори ҳар нафар суханвар бояд бошад. Рӯзноманигор ҳақ надорад бар зидди давлату миллати худ мардумашро ангезад.

 

Журналистикаи истиқлолият

Баъди ба сари давлат омадани марди нексиришт Эмомалӣ Раҳмон ва муоҳадаи сулҳ дар Тоҷикистон дар фазои тозаистиқлоли тоҷик ягон-ягон рӯзномаҳо пайдо шуданд, ки пешгомони ин кори наҷиб Мазҳабшо Муҳаббатшоҳ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Акбаралӣ Саттор, Давлат Назрӣ, Сайёфи Мизроб, Адолати Мирзо ва дигарон буданд. Дар ин давраи баъдиҷангӣ рӯзномаҳои "Дайджест-пресс" ва "Чархи гардун"-и Акбари Саттор, "Ҷавонони Тоҷикистон" бо Давлат Назриву ҷавонони дигар чун ниҳолони босамар қомат рост карданд.

То соҳибистиқлол шуданамон танҳо 1 шабакаи ТВ ва 1 радио буд, ки имрӯз адади он ба 70 расидааст. Пас мутмаинан мегӯем, ки ин давлати соҳибистиқлол аст, ки шароити мусоид барои расонаву шабакаҳо, ҳамчунин барои омодасозии кадрҳои журналистӣ фароҳам меорад. Пайдоиши чандин факултетҳои журналистӣ дар ҷумҳурӣ, таъсиси Академияи ВАО ин ҳама самараи истиқлоли давлатӣ аст!

Ҳодисаҳои рухдодаи солҳои 1990 - 1997 барои тамоми қаламкашон ибрати бузург аст. Журналист ҳар чӣ мекунад, ҳар матлабе менависад, бояд истиқлолхоҳии давлат, рушду инкишофи миллат, арзишҳои миллиро дар ҷои аввал гузорад. Рӯзноманигор масъул аст, ки ормонҳои милливу давлатиро арҷ гузорад. Дар созандагии давлат иштирок кунад. Рушди босуръати ҷомеаро дида тавонад ва дар матолибаш тасвир кунад. Албатта, бе танқид намешавад. Рӯзноманигор бояд он шахсонеро, ки дар рушди босуръати мамлакат монеаҳо эҷод мекунанд ва боиси пастравии сатҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мешаванд, зери тозиёнаи танқид гирад ва фош кунад. Танқид бояд созанда бошад, на сӯзанда! Танқид бояд беғаразона бошад.

 

 Фазои иттилоотиро ба бегона додем

 Аз солҳои 2009 - 2012 дар фазои интернетӣ ё маҷозӣ шабакаҳои иҷтимоии Ҳамсинфон (Одноклассникӣ), Фейсбук, Твитер, Инстаграм ва Ютуб пайдо шуданд. Яъне, 10-12 сол умр доранд инҳо. Ин шабакаҳо бо вижагиҳои худ фарқ мекунанд. Сомонаҳои интернетӣ маҳз маводи худро тариқи ин шабакаҳо паҳн мекунанд. Интернет бо чанд вижагии худ мавқеи радио, ТВ, матбуот ва дар маҷмӯъ ВАО-и пешинаро танг кард:

1. Фаврият. Дар ҷаҳони имрӯза техника бо суръати кайҳонӣ тараққӣ мекунад. Як рӯз дер шуд, фаврияташ гум мешавад. Фаврият, ки гум шуд, хабар аллакай куҳна шудааст ва он моли таърих аст, дигар моли журналистика нест. Албатта, ҳифзи матуботи даврӣ, ки аксар дар як ҳафта як бор мебароянд, ба хотири ҳамин таърихӣ буданаш аст. Мутмаинан мегӯем: ба хотири ҳифзи маводи таърихӣ матбуот боарзиштар аз интернет боқӣ хоҳад монд. Ин аксиома аст, ҷои баҳс нест.

2. Онлайн ё пахши зинда. Дар пахши зинда воқеаи айнӣ дар тӯли чанд дақиқа ба аудиторияи чандмиллиона пешкаш мешавад. Интернет бо ин муъҷизааш тамоми ВАО-ро гирифтори худ кардааст. Албатта, дар ин пахши онлайнӣ метавонанд, Фейсбук, Ютуб, Инстаграм, Телеграм дар ҷои аввал бошанд. Шабакаҳои Имо, Ватсап, Вайбер чун ёридиҳанда барои пешкаши фактҳои аудиоиву видеоӣ ва умуман чандрасонаӣ хизмат мекунанд.

Ин ҳама тариқи интернет - анкабути ҷаҳонӣ амалӣ мешавад. Журналист набояд аз ин пешравӣ ва тараққиёт қафо монад. Мушкилоти интернетӣ набояд мушкилоти ҷамъиятӣ шавад, балки имконияти техникӣ ва пешравӣ ҳисобида шавад. Мафҳумҳо ҳар рӯз нав мешаванд. Дата-журналистика, инфографика, факт-чекинг (далелсанҷӣ), Сторителлинг (storytelling)... мафҳумҳоеанд, ки ҳама марбути Интернет-журналистика ё Веб-рӯзноманигорӣ ҳастанд.

 

Фейк-журналистика

Баъзе нафарон интернет - рӯзноманигориро чун журналистика хоҳиши қабул кардан надоранд, бо чанд далел:

а. Ҳис накардани масъулият. Яъне касе барои маводи ғайриахлоқиаш ҷавобгар нест. Касе чизе хоҳад, менависад. Сухан бояд масъулият дошта бошад, мегӯянд рӯзноманигорони классик. Дар ин ҷо саҳми фейкҳои интернетӣ калонанд. Эшон чун мактубҳои беимзои пештара дар дохили шабакаҳои интернетӣ пур-пуранд, ки интернетро чун фазои бесоҳиб муаррифӣ мекунанд.

б. Маҷозӣ буданаш. Аксар консерватор-журналистон ақида доранд, ки дар фазои маҷозӣ ё электронӣ чизе бақо надорад. Ҳама муҳтоҷи мавҷи электронианд. 1 ҳодисаи бузурги табиӣ, сел, заминҷунбӣ, вулкан ва дигар катаклизмҳо дар 2 дақиқа метавонад электроникаро пурра аз байн бибарад. Ин аст, ки таърих маҳфуз дошта намешавад, чун таърих маҳфуз нест, пас интернет ояндаи дуре надорад. Инро вақт нишон хоҳад дод. Ҳоло авҷи босуръати интернет ва шабакаҳои иҷтимоист, ки миллионҳо муштариро дар худ фаро гирифтааст.

Бояд гуфт, ки ин ҳама дастовардҳои компютерӣ - интернетӣ ва телефонӣ дар ихтиёри ҳар нафар аст. Ҳоло дар телефони дастӣ ҳама чиз ҳаст ҳам суратгирак, ҳам диктофон, ҳам сабти видеоӣ, ҳам матн. Яъне телефон воситаи истифодаи чандрасонаӣ гаштааст, ки метавонад тавассути интернет, иттилоъро дар як сония дар ҷаҳон паҳн намояд. Дар тамоми дунё амалиётҳои пуливу молии бонкҳо, истифодаи кортҳо тавассути интернет амалӣ мешаванд. Яъне, аз интернет дигар ҷои гурез нест.

 

Ҳарами шахсӣ  ва Инет

Дар баробари мусбат будан интернет ва телефон чун воситаи пахши иттилоот метавонад хусусиятҳои манфӣ низ дошта бошад. Мисли ворид шудан ба ҳарими шахсии ҳар кас. Фош кардани сирри корхона, шарманда сохтани рақиб тавассути сабти пинҳонӣ ва паҳн кардани он, василаи тарспароканӣ аз паҳни он (шантаж), истифодаи нодуруст, ғаразнок ва душманона. Ин ҳама метавонад ба ҳаёти шахс, озодиҳои фитрӣ, сирри корхона ва ғ. таъсири манфӣ расонанд. Аз ин ҷиҳат, интернет чун воситаи иттилоотрасонӣ дар дохили худ идоранашаванда боқӣ мемонад.

Ҷиҳатҳои мусбат ва манфиатҳои интернетро дида, шахс таманнои онро дорад, ки интернет доим бошад! Аммо ҷиҳатҳои манфии онро дида, талаби бастани онро мекунад. Албатта, ин хоҳиши шахсон аст. Дар маҷмӯъ бастан роҳи ҳал нест. Инсоният тавассути интернет манфиатҳое дида истодааст, ки назираш дар таърихи башар набуд. Пас дар ҷаҳони мутамаддин, дар муборизаҳои иттилоотӣ аз интернет, махсусан аз шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Ютуб ва ғ. бояд самаранок истифода бурд.

Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 600 рӯзномаву маҷалла ва бештар аз 70 телевизиону радио мавҷуд аст…

 

 ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ

Ин ибораи нав аст. Дар паҳлуи ин вожагоне аз қабили сарбози иттилоотӣ, гулулаву бомбаи иттилоотӣ пайдо шудаанд, ки мазмуни вазни матлаби навишташударо ифода мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҳазорҳо нафар зиёӣ аз ҳисоби  буҷаи мамлакат маош гирифта, соҳиби обрӯ шуда, зиндагии барафоҳият доранд. Ошашон шавад, вале дар ҷанги иттилоотӣ хеле фориғболанд. Бинед, давлатҳои мутараққиро. бо андак ғафлату дермонӣ метавон ҷанги иттилоотиро бой дод. Ҳар лаҳза бояд ҳушёр буд. Мебахшед, баъзе зиёиён рӯзи шанбеву бозор истироҳат гуфта, аз ҳодисаҳои сарҳад бехабар мемонанд. То онҳо ба коргоҳ пеши компютерашон мерасанд, ки аллакай кор аз кор гузаштааст. Зиёии асри 21, махсусан, муаллими донишгоҳ  набояд 1 лаҳза аз ҳаводиси рӯзгор бехабар монад, нисбати тақдири ватани худ, замини худ фориғ монад. Аскареро, ки дар сарҳад санги хораро бистар кардааст (ибораи Рустами Ваҳҳоб) набояд танҳо гузошт. Ҳимояти манфиатҳои давлату миллат танҳо вазифаи аскари Қушунҳои сарҳадӣ нест. Ин вазифаи ҳар нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Дар сарҳад толиби серпашми ҷоҳил истодааст. Барои ӯ ягон арзиши волои инсонӣ вуҷуд надорад. Зан барои толиб чун ашёст. Дар 1 км дуртар аз сарҳади мо дар Афғонистони ҷангзада ҳукми қатлу сангсор ва ҷазои асримиёнагии дурра задану фурӯши духтарони 7-8-сола рафта истодааст, ки сабақи хуби таърихист. Қирғизҳо бе азияти виждон сарзамини моро ғасб мекунанду интеллигенташон моро муттаҳам! Вале тоҷик-зиёие нест, ки ин ҳамаро ақаллан аз паси мизи кораш, дар Инет бигӯяду бинависад, чӣ расад, ки худ рафта, марзро ҳифз кунад!!!

Дар охир гуфтанием, ки фазои иттилоотии кишварро набояд холӣ гузошт, ки  ақидаҳои бегонаи панарабиву пантуристиву пантолибӣ онро пур хоҳанд кард!

Муваффақият, зиёиёни шуҷоъ, кам ҳам бошад-ҳастед! Мо Метавонем!

 

Саъдии Маҳдӣ,

Раиси Академияи ВАО ҶТ

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter