ХАБАРИ ДОҒ

Бозгашт ба хати ниёгон беақлист!

  • Чоршанбе, Май 04 2022

 

Соли 1928 хати мардуми тоҷикро аз хати арабиасоси форсӣ якбора ба хати лотинӣ гардониданд. Бо ҳамин мо тоҷикон аз таъриху фарҳанги хеш канда шудему соли 1940  ба хату алифбои кириллик гузаштем. Ҳамин тариқ бобоёнамонро ба боди фаромӯшӣ додем. 82 сол боз бо хатти кириллик мехонему менависем, меомӯзем ва таълиму тарбия мегирем. Нодиртарин ва нодидатарин осори таърихию фарҳангиамонро бо ҳамин хат хондем. Хати ниёгонамонро дар мактабҳо дар 2 синф (7-8) ҳафтае 2 соатӣ хонда истодаем. Марҳамат, падару модарон ҳамроҳи фарзандонашон худомӯзи кунанд. Дар вақташ  гузаштагони  мо  дар пеши халифаи араб  шарт  гузошта буданд, ки  намозро ба  тоҷикӣ  мехонанд. Акнун  аз сари нав ба хати  форсии арабиасос гузаштани  миллати  тоҷик беақлист ва ин пешниҳод амали касе мебошад, ки душмани ба миллат аст. Журналисти маъруфи проблемашиноси тоҷик (воқеан ҳам шоир) Нуралӣ Хоркаш дар ҳайрат  мондааст (ман ҳам), ки Парлумони кишвар дар куҷо мондани мавқеъи 1  аломати  сакта (ъ)-ро  наёфтанд, проблемаи 32 ҳарфи алифбои форсиро чӣ кор мекарда бошанд?

Нуралӣ Хоркаш дақиқан хуб гуфтаанд:

6 мардаки хуб нишаста  саргардонанд.

1 ҳарфи  Ъ-ро куҷо баранд, ҳайронанд.

Дар  ин   масъала  андешаҳои  сардабири «СССР» Сайёфи  Мизроб куллан дурустанд ва камина дар  ин ҷода  ба  ӯ ҳамфикр ва  бо  гуфти Аловиддини  ҷавонмарг (хонаи  охираташ  пурнур  бошад) қӯшам. Ҳамин қадар  ақибмондагиамон бас  аст, ки  боз аз   нул  сар кунем!

А. Маҷидзода,

Ноҳияи Фархор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter