ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Бовар дорам аксарият ба ин суол посухи мусбӣ хоҳанд дод:

-Нобиға!!!

-Билотасвир!!!

-Аз ҷаҳони дигар!!!

-Классик!!!

-Эпик!!!

-Маэстро…

Зумрае ҳатман негатив илова хоҳанд кард:

-Девона (тавре навиштанд)

-Кӯчагард!

-Соҳиби хулқи бад!!

-Китобфурӯш!

-Умре норозӣ!

-Талбанда…

Стоп! Сари ана ҳамин вожаи ахир, ки душманонаш мегӯянд, бояд ист фармуд ва онро аз забони Ҳошим Гадо шарҳ дод. Мо Метавонем!

Руҷуъи лирикӣ

Ҳошим Гадо: Маро бархе мегӯянд металбад, китоб мефурӯшад, сахт аст. Оре, ман сахтам, вале лозим шавад, курткаамро мефрӯшаму китоби навбатиамро нашр мекунам, то ин миллат китобхон шавад. Ман китоб мефрӯшам, то китоби нав нашр кунам. Ман ҳаргиз чизе наталбидаам, вале агар лозим ояд барои фарҳангу маънавиёти ин миллатро вардоштан, талбандагӣ ҳам мекунам…

Аз муаллиф: Акнун худ хулоса кун, хонандаи гиром; Ҳошим талбандааст ё мо? Гадоев китофурӯш аст ё мо фарҳангу маънавиётфурӯш???

 Ӯро мешносем…

Ӯ Сӯҳроби ял аст. Барои ҳамаи мо ва барои қарнҳо.  Дуруст, ки Эдипаш ҷаҳонро такон дод. Баҳс намекунам, ки Хлестакову Гамлеташ бе назиранд. Ҳарф нест, ки тамомии нақшҳои офаридааш дар саҳнаи кинову театр беамсоланд. Ҳатто нақшҳои манфияш; образҳои саркардаи босмачиҳо, ки бояд нафрати мардумро меовард, бинандаро ба босмачӣ ошиқ кард. Ҳатто Иброҳимбеки лақай дар симои ӯ қаҳрамони мусбӣ шуд!!! Воқеан ҳам ин Ҳошим Гадост, ки барои нахустину охирин бор нақши бобои Оғохони 4, пешвои мазҳаби исмоъилиён ва эмомашонро бозидааст.

Ӯро намешиносем...

Ӯ ҳатто худаш худашро намешиносад, чӣ расад ба мо-хокиёни одӣ. Зимнан танҳост. Дар ҷустуҷӯст. Дар омӯзиш аст. Худашро меҷӯяду характери фардии хешро меомӯзад...

 Стоп! Кӣ аз миёни мо худашро мешносад? Ҳич кас. Вале касе парвое надорад аз ин. Зеро ақли мо намерасад, ки ақаллан худамон худамонро омӯзем, бишносем, шиносонем.

 Ҳошим дар симои хеш мехоҳад моро ба мо муаррифӣ кунад. Зимнан меҷӯяд, мепӯяд, меомӯзад ва...ҳанӯз чизе дарнаёфтааст. Табиати одамҳо хеле мураккаб аст, ки мураккабтарини онҳо табиати нобиғаҳост.

Нобиға…

Медонам, ҷамъияти мурдапарасти мо нобиғаҳояшро баъди сарашон пайдо кардаву пеши мазорашон зону шикаставу тавбаву надомат сохтаву ҳайкал метарошад. Вале ман, СМ, дар зиндагонияш мегӯям, ки Ҳошим Нобиға аст. Ва на танҳо дар санъати ҳунармандӣ.

Олами ҳунар, театр, кино басе полудагиҳо дорад. Мураккабтарин олам аст он. Зеро дигар маълуму мушаххас нест, ки дӯсту душманат бо ту ҳунарнамоӣ доранд ва ё дар асл сӯҳбат мекунанду симпатияву антипатия  дар нақшҳост, ниқобҳост, сенарияҳост, суробҳост ва ё дар амал?!... Ҳошим аз ин олам хеле дилмондааст. Мисле, ки дигарон низ дилсарданд. Воқеият ин аст, ки олами театриро фаҳмидану дарк сохтану баҳо гузоштан хеле кори саъб аст. Аммо воқеияти дигар ин ҳам ҳаст, ки дар ин олам мисли Ҳошим Гадо дигар касе нест...

 Ҳошим даҳсолаҳост аз бозиҳои пасикулуарӣ сард шудаву аз театр фирор кардааст. Аммо ин фирори ӯ мисли фирори дигарон нест, ки «ҳақиқатро дар мино» дидаву аз оламу одам бибридаву худро ба майу шароб мезананд. Ҳошим гурехт, аммо на ба огӯши фаромӯшӣ. Ӯ барои худ ҷодаи нав кашф кард ва собит сохт, ки ба ҳар коре Нобиға даст занад-гул мешукуфонад!!!

Нависанда…

Ҳошим дар тӯли 15 соли ахир...500 ҷилд китоб навишт. Ба фарзи мисол, ба карат бештар аз асосгузорони Марксизму Ленинизм. Ин дар ҳолест, ки барои Ленин дастгоҳи идеологӣ тӯли 70 сол менавишту кор мекарду таҳрир менамуду тафсир месохт. Ҳошим дар ин ҷода тани танҳо талош кард...

Имрӯз ҷамъияти китобгурезу китобқимоби мо, ки Ҳошимро нахондаанд, фикр мекунанд, асарҳояш сатҳӣ ва пастбаҳоянд. Вале мане, ки аз ин хизона чанд адад китобро хондаам, бо боварӣ мегӯям, ки «Ҳошим нависандаи олист ва ҳар китобаш ба хазинаи давлат меарзанд». Отвечаю!

 Девона…

Вусъати андешаи нависанда-Ҳошим бе марз аст. Ӯ тавонистааст, дар кутубаш синтези адён, Иврит, Инҷил ва Исломро гунҷонад. Ҳатто Авастову Буддоияро синтез кунад. Қиссаҳое, ки дар бораи паёмбарони ин динҳо дар осори Ҳошим дучор меоӣ, бо ташреҳи ҳошимӣ воқеан ҳам бикранд. Ва ин танҳо ҷунуну девонагии Ҳошим Гадоист, ки ҳазрати Довудро «дузду роҳзани оддӣ» муаррифӣ карда тавонад. Мо, афроде, ки вусъати андеша надорем, ҳич гоҳ ин ҳақиқатро наменависем. Зеро мо танҳо тавбаву надоматро медонем. Чизе, ки моли авомуннос аст. Ҳошим инро менависад!!! Зеро болотар аз пиндори 1 фарди заминист. Девона моем, мардум… Ӯ табиби ин девонахона аст…

Улвӣ…

Баҳсҳое, ки Гомеру Софокл, Данте, Уқлидусу Суқрот, Сервантесу Шекспир, Исову Мӯсо, Гоголу Пушкин, Хлестакову Ҳошим дар асарҳои Ҳошим доир мекунанд, аналог дар таърихи адабиёти мо надоранд. Фарзи мисол, дар китоби «Хлестаков»-аш ончунон «хлестаковщина»-ро муаррифӣ намудааст, ки ту гӯӣ, бо Гогол ҳамнишин буд. Ва ё «Кометы»-яш ӯро ҳамқадаҳи садҳо файласуфи Юнону Руми қадим месозаду мубоҳисаи пешазмаргии Суқрот бо Ҳошим нависандаро ҳампалатаву ҳамкамераи он фарзонаи девонахӯ, мисли худи муаллиф, менамояд...

 Мутаассуф, ҷамъияти сахт мазҳабии мо, ки думболаи таассуб мераваду ҳатто осори ворастаи Саъдиву Ҳофизу Хайёмро ҷомаи мазҳаб мепӯшонад, Ҳошимро ҳеҷ гоҳ нахоҳад фаҳмид. На имрӯз ва на фардо... Зеро ӯ аз олами мо нест. Моли улвиён аст. Ба таҳқиқ мо ҳич гоҳ, дар ягон асру замон Ӯро нахоҳем дарк кард. Отвечаю!

 Вале ҳатман рӯзе мерасад, ки Ӯро аз ифтихори аврупоиён дарёфтаву мушт бар сина зада, хоҳем гуфт:

-Ӯ Ҳошими мост! Ӯ Гадои мо буд…

Юбиляр…

Шумораи навбатии мо ба 85-солагии бузургтарин нависанда, беҳтарин ҳунарманд, артисти халқии СССР, барандаи ҷоизаи давлатии СССР, дорандаи ордени Ситораи Президенти ҶТ, артисти халқии РСС Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, фарди ба фаромӯшии кулл рафта-Ҳошим Гадо бахшида шудааст...

Газетаи мардумии СССР аз Давлатзода Сайфиддин Хайриддин-ректори Донишгоҳи Давлатии Бохтар ва Қурбон Файзуллозода директори КТН Шарқи Озод барои дастгирии молиявӣ ва маънавии ин проект арзи сипос мекунад. Ба таҳқиқ, то чунин мардони ҳимматбаланд ҳастанд, Ҳошимгадоҳои мо зиндаанд.

Шумора бо 2 забон-Тоҷикиву русӣ нашр шуд, мисли кутуби Ҳошиму нақшҳои офаридааш, ки бо 2 забон чопу сабт шудаву дар ҳар 2 вариант писанди умуманд. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter