ХАБАРИ ДОҒ

 

16.05.2022. Соат ба вақти Душанбе 13:00 дақиқа. Ростӣ, роҷеъ ба вайроншавии Чойхонаи Роҳати номӣ ва флешмобу тазоҳуроти интернетӣ ташкил кардани «душанбегиҳои асил» на танҳо шунидаву хонда будам, ки худам низ зери петитсияи а ля «Ба Чойхонаи Роҳат нарасед!!!»…имзо ҳам гузоштаам. Вале ин рӯз меҳмони ин чойхонаи номӣ шудаву тарбуз аз бағалам уфтод:

-Курсиҳои ифлос, косаву табақи шикаста, чумчаву чангаки кӯҳнаи каҷокилеб, дастурхонҳои чиркини кленкагӣ, набуди камтарин иззату ҳурмат аз ҷониби пешхизматон, талотуму бенизомӣ, хӯроки белаззат… Пурсида мешавад, кадом омили ресторану чойхонаи 1 шаҳри муосир посухгӯи ин иддаост, ки мо ҷон дар кафи даст Роҳатро муҳофизат кунем?!

Тирезаву дару равоқи фарсудаи ин ресторани миллӣ шояд дар дурдасттарин гӯшаи Тоҷикистон набошад (ниг ба акси 1). Бому дари онро дида, ростӣ, худро на дар паҳлӯи резиденсияи мири ш. Душанбе, ки дар кадом қишлоқи дурдасти Африқо эҳсос мекунӣ (ниг. ба акси 2)…

Суоле посух мехоҳад, ки будани 1 чунин ресторан (чойхона нест ин ҷо дигар) дар маркази Душанбешаҳре, ки ҳамасоата обод мегардад, магар зарурияте дорад? Дастандаркорон ё оҷилан ин чой-ош-ресторан-хонаро бозсозӣ кунанд ва ё беҳтараш онро чаппа кардаву ҷояш ягон бинои замонавӣ бо ресторани миллии посухгӯ ба талаботи имиҷи 1 кишвари мустақил созанд.

Ва аз ҳама охир. Бовар дорам, ҳоло «пуштибонони Роҳат» ҷои ислоҳи эроди мо, ҷонҳавл қалам гирифтаву «заказчик» меҷӯянд. Савганд ба килк касе чизе фармоиш надодааст. Ман меҳмони ин супер-чойхонаатон шудаву ин ҳамаро бо чашми сар дидам ва дилам сард шуд. Ва агар бовар надоред, 1 бор худатон меҳмони ин чой-ош-ресторан-хонаатон шавед. Мо Метавонем!

Бону Исмоилова,

Коромӯзи СССР

PS: Роҷеъ ба муҳимтарин мавзеи дилхоҳ ресторан, яъне ҳоҷатхона-туаллет ҳарфе намезанем. Вале ҳушдор медиҳем:

-Агар худатонро иззат мегузоред, агар саломатиатон бароятон лозим аст, агар намехоҳед чанд рӯз иштиҳоятон парад…ҳаргиз ба мабрази Роҳат надароед!!!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter