ХАБАРИ ДОҒ

Бузургоне, ки бузургонро зинда медоштанд…

  • Чоршанбе, Июн 01 2022

 

Ҳафтаи пор барои Тоҷикон хеле гарон омад. Дар 3 рӯз 2 Шахсиятеро аз даст додем, ки бори ҳиммати номус ва иззати шарафи фарҳангу мазҳаби миллӣ мекашиданд…

Пешвои Мазҳаб: Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода…

18.05.2022. Соат ба вақти Душанбе 04:43 дақиқа. Ҳудудан байни соати 4 ба 5-и субҳ, дӯст, мухлис, муаллифи матолиби рамазонии мо, пири кӯҳистони Сари Хосор, Балҷувон, Ховалинг, водии Ҳисору Вахшу Кӯлоби бостонӣ, такягоҳи мазҳаби Ҳанафия, фарзонафарзанди Махдуми Санги Кулӯла, домулло Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, дар синни 70-солагӣ аз олами сифлӣ бибридаву бар улвӣ бупайваст…

Ҳоҷӣ Исмоил аз ангуштшумор уламои фарҳехта ва ворастае буд, ки илми ухравиро бо амалҳои дунявӣ синтез карда метавонист. Ба таҳқиқ, ӯ баробари замона қадам мезад. Дар дидор бо сафирони Англия, Амрико, Россия, Чин…ва боқӣ намояндагони авру-осиёӣ тавре сухан мекард, ки дар вуҷуди намояндагони насронияву яҳудияву буддоия симпатия ба ислом ва мазҳаби Ҳанафӣ пайдо мешуд. 25-30 муқаддам, дар Лондон, вақте бо сафири ин кишвар дар Осиёи Марказӣ во хӯрдаву суҳбат анҷом дод, ба қавли шоҳидин англисҳо онгуна шефтаи каломи ширин ва нукоти мантиқфузунаш гардиданд, ки аз ҳисоби худ ӯро ташхиси табобати қалб намуданд. Хонандаи огаҳ медонад, ки англисҳои чопорӣ ҳаргиз  ҳамён намекушоянд. Вале Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзодаро соате ин 4 пораро қироат кард, бурдаву аз ҳисоби худ шифо карданд. Ва он порашеър ин буд:

Боз о, боз о, зи ҳарчӣ ҳастӣ боз о,

                                               Бар даргаҳи дӯст.

Гар кофару габру бутпарастӣ боз о,

                                               Бингар чӣ накӯст.

Ин даргаҳи Ман даргаҳи навмедӣ нест,

                                               Пас дер макун,

100 бор агар тавба шикастӣ боз о,

                                               Дер ову дуруст!!!

Ва чун афзуд, ин шеъри ноб аз сураи ан Насри Каломи Шариф маншаъ мегирад, ки Худо тавбапазир аст (Иннаҳу кана тавваба), тарсоён каф куфтандаш.                  Ва ё соате дар Ҳинд аз ашъори Бедил бадеҳатан мисраъҳое мегуфт, ки бедилшиносони қавӣ бори аввал мешуниданд, овозаи шӯҳрати донишаш Деҳлиро фарогир печид. Ба нисбат, баъди Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-фотеҳи Кашмир, ҳиндувон бори аввал ингуна донишманди фарҳехтаро медиданд.                   Дар ҷашнвораи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, вақте мухаммаси Ҳоҷӣ бар ғазали Абдулаҳадхон-мири манғити Бухороро, ки бо тахаллуси Оҷиз ғазал ҳам мегуфт, хонд, ҳангу манги уламо парид, ки аз куҷо ва чигуна ин ҳамаро ӯ аз ёд медонад. Хеле пурдон ва соҳиби хотираи қавӣ буд. Вақте аз ман суол мекарданд, ки Ҳоҷӣ Исмоил донишмандтар аст ва ё Ҳоҷӣ Мирзо, ман мегуфтам:                                      -Сароғоз бузургонро қиёс накунанд! Вале агар Ҳоҷӣ Мирзо дар илму ирфон ба нисбат баҳре бошад, пас Ҳоҷӣ Исмоил боди шурта, боди мурод, тӯфонест, ки киштишикастагони маърифату киштинишастагони ғафлатро бар кӯи мурод мерасонад!

Дар маросими бузургдошти Эмоми Аъзам, Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон (ар. ابو حنيفة النعمان بن ثابت بن زوطا ; 5 сентябри соли 699, Куфа — 18 июни соли 767Бағдод), дар ҳузури уламои фиқҳ, онгуна доди сухан бидод, ки ҳозирин ангушти ҳасрат то наздик бар хунгардидан бигазиданд. Ва ин муҳобо нест. Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, роҷеъ ба Эмоми Аъзам рисолаи илмӣ низ навиштааст, ки муқаддимаи онро пешкаши хонанда карда, ваъда медиҳем ин рисоларо андак-андак нашр, хотираи домуллоро шод ва шодихӯрдагони пайравони мазҳабро шаҳдком месозем. Мо Метавонем!                 Ва инак муқаддими рисолаи Махдум: «Ақидаҳои ахлоқӣ ва зиддиифротии Эмоми Аъзам»

БОБИ 1. Хусусиятҳои таълимоти динӣ-каломии Абӯҳанифа

1.1.    Ҳаёту фаъолият ва осори Абӯҳанифа

1.2.    Вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маънавии хилофат дар замони  Абӯҳанифа

1.3.  Хирадгароии Абӯҳанифа

 

БОБИ 2. Хусусиятҳо ва мазмуни таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа

2.1. Мусолиҳа ва муколима дар каломи Абӯҳанифа ва таълимоти ахлоқии ӯ

2.2. Пайванди таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа бо фиқҳи ӯ

2.3. Ҷиҳатҳои умумибашарии таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа

2.4. Зиддияти таълимоти ахлоқию каломии Абӯҳанифа бо ифротгароёни  муосири исломӣ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода юмори хуб, лутфи сухан ва табъи нозук дошт, ки нишон аз интеллекти инфиродист. Минҷумла, дар маъракаҳо қабл аз хестанаш, ин дуоро мекарду мефармуд, ки “Устод Сайёф (ӯ ҳама аҳли килкро устод мегуфт!), ин дуои ман ба Шумо мерос: Ҳар кӣ хезад-гуноҳаш резад!!!”. Хотирааш шод ва хонаи ахираташ обод бод!

 

Сардори Синф: Меҳмон Бахтӣ

20.05.2022. Устоди устодони сухан, бузургтарин адиб, драмматург, ташкилотчӣ, меросбари Айниву Лоҳутиву Турсунзода, нафаре, ки овони раёсати хеш шукӯҳу шаҳомати Иттифоқи Нависандагони шӯравиро қариб барқарор кардаву ин боргоҳи суханро даргоҳи умеди ҷумла килкбадастони кишвар карда буд, дар синии 82 солагӣ аз мо бибрид, то лабони Боқиву Қутбиву Ашӯру Лоиқу Бозор, Файзуллову Ғоибу Файзалӣ ва Айюбиҳоро дар биҳишти барин ба ханда мойил созаду гӯшҳои бузургонро пур аз дурри латофат.

Роҷеъ ба зиндагиномаи ин Бузурги Миллат дар саҳ-14 хоҳӣ хонд, хонандаи гиром. Ман мехоҳам ин ҷо чанд нуктае корам, ки аз табъи нафису лутфи бикр ва одамигарии Меҳмон қисса мекунанд.

- Ӯро дӯстон ва алоқамандон умре “Сардори Синф” мехонданд. Зеро ҷое Меҳмон буд, он ҷо айшу тараб ва маҳфили нозанин баргузор мешуд ва ҳамеша ҳама ҳозирин меҳмон буданду Меҳмон мизбон. Ташкилотчӣ буд. Чун Турсунзода. Ҷое аҳли завқ менишаст, Сардори Синф камари мизбонӣ бар мебаст.

- Дар даврони раиси ИНТ буданаш феҳристи аъзои ин ниҳодро то ба беохир тӯл дод. Душманонаш ҷуз ин иродаш нагирифтанд, ки “ҳар нафаре хост-узви ИНТ шуд!”. Ҳол он ки инҳо нек медонистанд, Меҳмон Бахтӣ соате адибони сатҳи пасту баландро ба ИНТ ҷалб кард, ки дар кишвар вандализм, силаҳшӯрӣ, қумандонсолорӣ, бесаводӣ, низомгурезӣ пурра маҳв нашуда буд. Ҳар нафаре узви ИНТ шуд, 1 амале барои таҳкими Сулҳу Субот мекарду бонги фарҳангии низому тартиб мезад. Устод Меҳмон худ низ медонист, бархе шояд арзандаи узвияти ин ниҳод нестанд, вале муҳим он буд, ки онҳо хасеро рӯи хасе дар ҷодаи фарҳангу маданият хоҳанд гузошт ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бовар дорам, ун аъзои ИНТ, ки баъдан ронда шуданд, рӯзе ба ин ниҳод бозпас, бо гулу гулдаста, қабул мегарданд. Ман узви ИНТ на будам ва на мешавам. Зимнан, фикр накунед, манфиати шахсӣ дорам. Ҳарчанд устод Бахтӣ аз дӯстони ман буду борҳо ишора мекард, ки узви ИНТ шавам, вале бо ин даъвӣ, ки “ман журналистам, на адиб” сар печидаам...ва хуб ҳам кардаам!

-Дар соли 2015, меҳмони Наврӯзи Хуҷанд будем. Баъди дидоре бо мардум, масъуле омаду пурсид, ягон камбудӣ нест-мӣ? Ман гуфтам, ҳама хуб аст, вале 1 мушкил дорем: -ҳини дидорҳо мебароему Газел меҷӯем. Хуб мешуд, мошини Газелҳо таҳти рақам ва шумора меистоданд, то сарсон нашавем. Ин вақт Меҳмон Бахтӣ гуфт:

- Дуруст мегӯед, ин муколама дар Қуръон ҳам ҳаст, ки “Ал Газелун мин ал рақамун қатор-қаторан”. Масъул бо ҳайрат бонг зад, ки эй шофирҳо, аз рӯи Қуръон, шумо бояд мошинҳои Газелатонро ба тартиб монед... Мушкил дар ҷояш ҳал шуду мо бо устод 1 шикамсер хандидем...

          Ё ин ки боре, дар сӯҳбат бо Маҳмадрӯзӣ Искандаров, он даврон қумандони наҳзат, ки сахт даъвои шариат мекард, Меҳмон Бахтӣ мегӯяд:

- Чӣ воҳима дорӣ, угам? Боми Масҷиди деҳаи Шӯли мо (зодгоҳи шоир дар Ғарм) аз боми масҷиди Тоҷикободи шумо 1 метру 34 сантиметр баландтар аст!

Қумандон чунон дар ҳайрат монд, ки дигар соатҳо ба андеша рафт, ки чигуна шуда, боми масҷидҳоро Меҳмон медонад?... А, дар ин миён фурсате расид, ки роҷеъ ба Сулҳу Салоҳ масъулин сӯҳбат кунанд...

100 соат дар бораи лутфи адиб, шоир, сиёсатмадор, давлатсоз, Шахсияти Меҳмон Бахтӣ сӯҳбат кунем, кам аст. Танҳо ин иддао, ки дар рӯзи ҷанозааш Рустами Эмомалӣ, шахсан ширкату дуо дошт ва Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ба миллат даргузашти адибро тасаллият гуфт, кофист, ки нақшу мартабаи Ӯ дар ҷамъияти имрӯза, тӯли 50 соли шӯравӣ ва 30 соли истиқлолият, шинохта шавад.

Рӯҳат шод ва хонаи ахиратат обод бод, Сардори Синфи удабои миллат...

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter