ХАБАРИ ДОҒ

БДА Ёвон: назорат дар доираи салоҳият!

  • Чоршанбе, Июн 01 2022

 Прокуратураи ноҳияи Ёвон шикояти сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Обшорон, деҳаи Оби-мукӣ Бегмонов Сафаралиро нисбати Сардори ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон, ки дар ҳафтаномаи «СССР» № 7 (700) аз 17.02.2022 таҳти сарлавҳаи «Сардори БДА-ро намебинем» ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Санҷиши ҳолати мазкур нишон дод, ки кормандони ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо мақсади таъмини бехатарӣ ва риояи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон тибқи хатсайр (Дислокатсия) дар минтақае, ки ба онҳо вобаста карда шудааст, фаъолият мекунанд. Аз ҷумла зимни азназаргузаронии китоби ҷо ба ҷогузорииҳайати шахсии ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон муайян гардид, ки хатсайр ҳамарӯза иваз карда шуда, мутаносибан кормандон ҳар рӯз ҳудуди фаъолияташон низ иваз карда мешудааст. Ҳангоми ошкор шудани қоидавайронкунӣ аз ҷониби онҳо нисбати ронандагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тарғиб дода шуда, ба сардори ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон супорида мешавад. Аз ҷониби охирин қарорҳои маъмурӣ бароварда шуда, дар як вақт масъалаи тобеияти баррасии қарори маъмурӣ дида мешавад. Аз ҷониби мақомоти ваколатдор парвандаи маъмурӣ бо иштироки ронанда баррасӣ карда шуда, ҷаримаҳои маъмурӣ дар доираи раводиди моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд. Ҷаримаҳо аз ҷониби худи ронандагон дар филиали бонки «Амонатбонк» дар ноҳияи Ёвон пардохт карда мешаванд.

Боиси тазаккур аст, ки маҳалли зикргардида, яъне кӯчаи Расул Раҷабов, ки дар он ҷо терминали мусофиркашонӣ ва бозори марказии ноҳияи Ёвон мавҷуд мебошад, ҷои аз ҳама серодам ва гардиши ҳаракати воситаҳои нақлиёт зиёдбудаи ноҳия мебошад. Аз ин рӯ тибқи нақшаи пешбинишуда ва китоби ҷо ба ҷогузории ҳайати шахсии ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон дар маҳалли мазкур ҳар рӯз 2 ё 3 нафар кормандони ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон барои ба тартиб даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар маҳалли зикргардида вобаста мешавад, ки онҳо дар доираи салоҳияти худ ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар маҳал таъмин намуда, тибқи ҳисоботҳои пешниҳодшуда ҳар рӯз аз 12 то 17 нафар шаҳрвандон дар маҳалли зикргардида барои риоя накардани аломатҳои роҳ, таваққуф кардан ва бозистодани воситаҳои нақлиёт, ки ба дигар воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон монеа ба вуҷуд меорад, барои носозии воситаи нақлиёт ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо протоколҳо тартиб дода шудаанд.

М.Шарифзода, Прокурори ноҳияи Ёвон, мушовири адлияи дараҷаи 2        

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter