ХАБАРИ ДОҒ

Ваҳдат: сагҳои дайду зиёд шудаанд…

  • Чоршанбе, Июн 15 2022

 

 Сафаргул Каримова, нафақахӯр аз ш. Ваҳдат ба идораи газета занг зада (тел: 900921121), шикоят аз афзоиши сагҳои дайду кард.

    - Кӯчаҳои ш.Ваҳдат аз сагҳои дайдуи бесоҳиб пур шудааст. Ин сагҳои дайду шабона ба хонаҳои мардум даромада, кишту зироатҳои наздиҳавлигии мардумро валангор мекунанд. Бар зами ин дар кӯчаҳо шабона аккос зада, кӯдаконро аз хоб бедор мекунанду пиронро метарсонанд. Чандин маротиба ба раиси маҳалла ва раиси ҷамоати шаҳрак рафта, хоҳиш кардем, ки барои осудагии кӯдакон чораи ин корро бинанд, аммо то ҳол ба додамон на раиси маҳала расиду на раиси ҷамоат.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter