ХАБАРИ ДОҒ

Хар, кӣ бар душмании халқ равон аст…

  • Ҷумъа, Июн 17 2022

 

Памфлет 

Ну, конечно, Ҳар… просто деффекти грамматикӣ рафт. Узр, хонанда. Чумчаи Ҳ (,) уфтод ва Хар шуд. Нуқтаву вергул, чумчаву пумча дар алифбо нақши калидӣ дорад. Масалан, агар гуфтаниед, ки «Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр…» мисли унвонии матлаби мо, чумчаи аввал, ки афтод, мешавад «Хар, ки бар душмании халқ равон аст…». Вале ин ба мавзуъ ва қаҳрамонони он ҳич дахле надорад.

Дар хатти ниёкон ин кор бисёр иттифоқ меафтад ва ҳатто бузургони мо бар он муаммо мебастанд. Мисли ин байт:

Кай равад номи он бут аз хотир,

К-аз яке нуқта мешавад зоҳир!

Посухи муаммо «Тоҳир» аст. Номи сиррии шоҳбайт. Зеро агар аз болои ҳарфи аввали вожаи «Зоҳир» нуқтаро гирем, Тоҳир мешавад. Тарафгирони ашаддии «ба хатти арабӣ бармегардем» дар 2 дунё инро намедонанд, мисле, ки намедонанд, Тоҳиру Зоҳир бо Итқе навишта мешавад ё Изғе. Луғат кушодед, не?!

Рӯиҳамрафта, муаммои шигифтангезтари дигар низ ҳаст, сари 1 нуқта, ки аз боло равад дигар чӣ мешаваду аз поин тамоман чизи дигар мегардад:

Ғайри мо ҳеҷ касе нест, Худоем ҳама,

Лек дар тағйири 1 нуқта Ҷудоем ҳама.

Ҳама медонад (ба вежа тарафгирони «ба хатти арабӣ бармегардем!-ҳо»), ки вожаи Худо бо нуқта болои Ҳ-и ҳуттист ва агар аз поин омад мешавад Ҷудо. Вале барои рӯшноӣ андохтан ба ин муаммо, ман бояд ҳатман ин вожаро аз арабеско скрин карда, ба хонанда пешниҳод кунам. Коре, ки Нуриддин Қаршибоев, Иршод Сулаймонӣ ва Раҷаби Мирзо хубтар ме(т)донанд…

 Воқеан ҳам азизе навишт, ки «Қаршиқудоро дида будем, дузда Қарақчӣ задро шунида будем, конса да консов (ибораи дӯстдоштаи Сангак Сафарови раҳматӣ) Қарчиликро ҳам шунидаем, вале Қаршӣ-скринро нав дидем». Ин азиз муаммои ахириро дар назар дошт, ки мукотиботи миёниҳамии сиррии сардабирони нашрияҳоро дар групчати таъсисдодаи Иршод Сулаймонӣ, Раҷаби Мирзо, Ҳуринисо Ализода, нусхагирӣ кардаву ба маърази омм гузоштанд. Раҷаби Мирзо гуфт, ба ин ҳама Нуриддин Қаршибоев гунаҳкор аст. Зеро ман мегуфтаму ӯ пофишорӣ мекард…Иршод чун анъана пушти парда менишаст ва гӯё «ни при чем» буд. Ҳуринисои азиз ин рафтори тамоман «ҷавонмардонаи ҳамкасбони наздикашро» сафед менамуд…

Вале ҳар чӣ буду ҳар чӣ шуд, дар гурӯҳи пӯшидае, ки асосгузоронаш, чун асосгузорони Марксизму Ленинизм, сиррӣ ва пинҳонияш хонда буданд, мукотиботи миёниҳамии сардабирон (таваҷҷӯҳ кун хонанда, на журналистони оддӣ!!!) дастраси омма шуд. Ва дар куҷо? Аккурат, дар гурӯҳи таъсисдодаи Раҷаби Мирзо-Ахбор барои Афгор (ё шояд афКор?-дидед, боз шумо мегӯед, ки 1 нуқта ё 1 ҳарф маъниро тағйир дода наметавонанд).

Ин гурӯҳ воқеан ҳам журналистикаи Тоҷикро афгор кард. Ва бо айби кӣ? Иллати ҳиҷ ба мувофиқа наомадани журналистони тоҷик ва ҳамраъй нашудани ишон, дар афроде нуҳуфтааст, ки даҳсолаҳо ва ҳатто асрҳо 1 курсии «демократиро», фарзи мисол, мисли Нуриддин Қаршибоев, сварка карда, ас намехоҳанд ақаллан муовин шаванд ва ҷояшонро ба нафари дигар биспоранд. Ҳол он ки дар уставашон бояд бошад, ташкилоти ғайриҳукуматие, ки аз асри 20 то асри 21 даъвии демократия дораду Тоҷикистонро тӯҳмат, бубахшед, танқид менамояд, ки дар он интихоботи демократӣ нест, бояд дар шахси худ нишон диҳанд, ки креслояшон моли падарашон несту барои худи онҳо кафшер нашудааст. Қаршибоев ҳамту барои мисол буд. Боз сканнер карда, дар афгору абзоратон корбасташ накунед. Зеро мо бисёр «муассисони расонаву ташкилотҳои ғайриҳукуматии демократиро» медонем, ки ҳатто пас аз маргашон курсичаҳояшон ба зану духтарашон мегузарад. Ва ана ҳамин журналистика, ҳамин менталитет, даъвои демократия доранд? О, нотарсида гӯед, ки ҳадафатон грант аст, мо мефаҳмем, аз дигар сайёра нестем…

            Дар асл ЯГОН расонаи расмӣ, давлатӣ, соҳавӣ ва ҳатто ҳизбӣ ҷонибдори Хомаи нифоқ, бубухшед Фонаи нифоқ нест, ки мехи калтае дар он дирӯз зада шуд. Ин мехи калта, солҳои сол, ваҷаб ба ваҷаб, иршод, яъне рушд мекард, то қаршиқудоӣ, яъне ҳамраъӣ, миёни 2 қаноти журналистикаи тоҷик (расмиву хусусӣ) пайдо нашавад. Ва ин мехчаи калтаи нифоқро офтобакҳои журналистика, тавассути маъшуқаву шогирдакони калтачаи худ, гирифтаву скрину нусхабардорӣ кардаву паҳну пахшу «поделится» карданд.

 Асли кор чӣ буд? Ман, Сайёфи Мизроб, Самариддин Асозода, Бахтиёр Ҳамдамов, Шарифи Ҳамдампур ва ғайраҳо (бархе воқеан ҳам ва ғайраҳоянд, зеро инсофан бидуни Хуршеду Ҳуринисо шахсан ман 1 мақолаи ишонро дар тӯли 22 соли ахир нахондаам!!!), бояд аз Далери Имомалӣ-блогери шинохта пуштибонӣ мекардем. Аммо «пасипардагиҳо» чанд журналисти дигар, моҷарои Азия+ ва ким-кадом корманди онро, ки тоҷикиро ҳам намедонад, ба Изҳорот қӯш карданд. Шахсан ман ба ин ҳам зидд набудам: Ҳамраӣ так ҳамраъӣ! Боз дар ҳоле, ки мутаассуф 2 бор бо ишон нишаставу чой нушидаам (аксарият арақ мехӯрд!). Аммо афроди пасипардамондае, ки дар иршоди Изҳорот даст доштанд, на номи сардабирон, ки номи нашрияҳоро зери он оварданд!

 Ин ҷо, инсофан бояд гуфт, ки Шаҳло Акобир шадидан зидди ин иқдом буду пофишорна талаб мекард, Изҳорот аз номи созмонҳои журналистӣ равад, вале Хуршеди Атовулло, Ҳуриннисо Ализода ва ғ. пофишорӣ карданд, ки ИМЗОи мо низ гузошта шавад (Бовар надоред, групчати скрин кардаатонро бинед. Мо низ онро дорем, вале мисли шумо ҷавонмарде нестем, ки онро қаршӣ-скрин карда, ба маърази ом барорем. Мо метавонем!).

Изҳорот бо «давай-давай!» ва саросемагӣ, аз тарафи Иршод Сулаймонов ва Раҷаби Мирзо омода мешуд. Ман баъдан фаҳмидам, ин осемасарӣ барои чӣ будааст. Зеро зери Изҳорот номи «Садои Мардум» ва «Минбари халқ» гузошта шуд (на Асозодаву Ҳамдамов). Чӣ хел, «ну, и что?». Мардуми одии бехабар не, Дастандаркорони ин моҷаро нек медонистанд, ки «Минбари Халқ» органи ҲХДТ аст. Раиси ҳизб кист? Оре, аккурат, президенти ҶТ. «Садои Мардум» органи Маҷлиси Олии ҶТ мебошад ва ба таври автоматӣ, гӯиё 2 шохаи муҳими давлат-парлумон ва президент зидди фишори журналистон аз ҷониби мақомоти давлату ҳукумат баромад кардаанд. Муғризон нек медонанд, ки сардабирони нашароти расмӣ аз сӯи кӣ интихоб мешаванд ва онҳо ҳаққу ҳуққи аз номи газетаҳояшон баромад карданро надоранд. Зимнан, бояд имзои ишон мерафт, на номи расонаҳошон!

 То ин ҳадд кали зирак будани дастандаркорон ва то ин андоза сода будани худро намедонистам. Вале чун сирр фош шуд, боз ҳам ба хотири ҳамраъӣ ва ПУШТИБОНӢ аз журналистони ҳирфаӣ, яъне сардабирони ин нашарот, ки 30 сол беш мӯи худро дар журналистика сапед кардаанд, ману Шарифи Ҳамдампур зери Изҳороти ин фиребхӯрдаҳо имзо гузоштем. Бахтиёру Самариддин ҳатто навиштанд, ки 2 тани ахирӣ барои ҳамраъӣ бо мо ин корро кардаанд. Вале ба кӣ мегӯй? Вақте шонси г…рантхӯрӣ ба миён меояд???

Раҷабу Қаршибоеву фейкҳову шогирдонашон оламро ба сар вароштанд. Ҳол он ки аз тамомии расонаҳои кишвар ТАНҲО газетаи мардумии СССР он Изҳороти иғвоангезонаи қаблиро ЧОП кард. Фаражу Азия+ албатта натарсиданд, вале бо ишора аз сӯи мақомот, “фаромӯш” карданд, ки ин Изҳоротро тибқи муқаррароти групчат, ки бояд ба хотири ҳамраъӣ нашр мешуд, чоп кунанд. Касе бовар надорад, ба Иршоду Раҷаб муроҷиат кунад, онҳо ҳатман “қарши-скрин”-и мукотиботро доранд ва боз рӯзе не рӯзе, соле не соле, ҳатман корбаст месозанд. Намесозанд? Ещё как месозанд! Ман ин мардумро хеле хуб медонам!!!

PS: Матлаби ваъдагии «Во аҷабо…»-ро на ман нашр мекунам, на Бахтиёр, на Шариф ва на Самариддин. Мо то ин ҳадде, ки «дӯстон» ҳастанд, нестем. Вале сар аз ҳамин шумора донеду огаҳ бошед, ки ман бо шумо ҳамраъй нестам. Ва принсипи «танқид накардани ҳамкасбон»-ро комилан ҳазф намудам. Мунтазир бошед. Мо Метавонем!

PS;PS: Ҳама иттиҳодияҳои ғайрирасмии журналистӣ (дар Тоҷикистон танҳо 1 иттиҳодро мо ба расмият мешносем-ИЖТ, ки он ҳам ба лаб кулӯх молида, хамӯширо ихтиёр кардааст) барои грант хурдану грант гирифтану грант ёфтан арзи вуҷуд доранд. Ва агар касе аз ин иттиҳодияҳо мегӯяд на, чунин нест, мо дилсӯзи ройгони Далеру Рамзияву Муллораҷабҳоем ва барои фаолиятамон аз ягон сафорат 1 доллару 2 евро нагирифтаем, пас мо аз мақомоти марбута қотеъона дархост менамоем, ки грантҳои гирифтаи ишон ва дар кадом самт корбаст кардани маблағҳои бузурги онҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Ва ё худи ишон феҳристи даромаду баромад, андозу пас-андозашонро фош кунанд ва кори хирс тамом. О, охир онҳо намунаи дунявият ва демократияанд-ку?!  Мо чоп мекунем. Мо Метавонем!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter