ХАБАРИ ДОҒ

«Вавилон-М» шабона кор намекунад!

  • Чоршанбе, Июн 22 2022

 

 Асомуддин Сайёдӣ, омӯзгор ва шоир, муаллифи доимии газетаи мардумӣ аз ш.Ваҳдат ба идора занг зада (тел:987289299), шикоят аз фаъолияти ширкати мобилии «Вавилон-М» ва базаву антенаи он дар Ҷамоати деҳоти Ромит кард.

   - Базае, ки ширкати мобилии «Вавилон-М» дар мавзеи мо гузоштааст, бо батареяи офтобӣ кор мекунад. Кори ин база аз баромадани офтоб то ғуруби он асту мо сокинони чанд деҳа-Сайёд, Хилмағз, Лошхас ва Тӯдаи наск шабона аз дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ бенасибем. Агар баногоҳ ҳаво абрнок шавад, алоқа гум мешавад. Бо ин сабаб, яъне набудани алоқаи мобилӣ шабона дучори мушкил гашта, гоҳо беморонро аз даст додаву ҷавонзанҳо дар роҳ таваллуд кардаанд, ба маргу мир ҳам намерасем. Худоё нокарда, агар ҳуҷуме ё таҷаммӯе сар занад, мардуми ин деҳаҳо бехабар мемонанд, зеро «Вавилон-М» шабона кор намекунад!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter