ХАБАРИ ДОҒ

Толиб боздошт ва Мазоров кушта шуд!!!

  • Чоршанбе, Июн 22 2022

11.06.2022. Тавре Маркази матбуотии Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ш.Хоруғ дар маҳаллаи «Хлебзавод» Аёмбеков Толиб Абдурамонович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва Гулобов Ниёзшо Аслишоевич дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Ин нафарон, ки саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ш.Хоруғ мебошанд, дар содир намудани 1 қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ айбдор карда мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки новобаста ба аъмоли зишташон, Ҳукмати Марказӣ дар тӯли 30 сол ба онҳо шонс дода буд, ки ба ҳаёти осоишта баргарданд. Вале онҳо баракс худро шоҳу табъашонро вазир пиндошта, аъмоли ҷиноятиашонро тавсеъа мебахшиданд. Лозим ба ёдоварист, ки инҳоро маҳз бадахшониҳои фейсбукӣ ва интернетӣ, ки бархе дар расонаҳои душанбегӣ кору фаолият доранд,  мешӯрониданд. Зимнан бояд комменту гузоришҳои ба забонҳои шуғнӣ, вахонӣ ва бадахшӣ навиштакардаи онҳо мавриди баррасӣ  ва баҳогузорӣ қарор бигирад, то ҳақ ба ҳақдор расад.
Нисбат ба дастгиршудагон Аёмбеков Т.А., Шанбиев М.Н. ва Гулобов Н.А. ба Душанбе иниқол шуда, тафтишот идома дорад.

 

 Мазорову Раҷабов кушта шуданд

12.06.2022. Рӯзи дигари боздошти Т.Аёмбеков, М.Шанбиев ва А.Гулобову интиқоли онҳо ба ш.Душанбе, дар ш.Хоруғ боз 1 амалиёти махсус нисбат ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри мазкур Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович ва Раҷабов Зоир Карамхудоевич дар маҳаллаи УПД гузаронида шуд. Гуфта мешавад, инҳо ҷинояткороне буданд, ки аслан панду насиҳат ва даъватҳои барзиёдро аслан ба 1 тин намегирифтанд ва фикр доштанд, мақомот ин бор низ, «храпе мезанаду» меравад. Вале хушбахтона, барои тамоми сокинони мулкии оддии Хоруғ, ин бор ин тавр нашуд! Онҳо сӯи мақомот тир кушоданду бар синаҳои худ тир хурданд…

 Тавре дар ин бора Маркази матбуотии Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад, аз тарафи Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ш.Хоруғ Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, маълумоташ миёна, бо моддаҳои:

— 179  (терроризм);

— 104 қисми 1 (куштор);

— 237 қисми 2, (авбошӣ);

— 345 қисми 2 (монеъ шудан бо татбиқи адолати судӣ);

— 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ);

— 289 (қочоқи силоҳу аслиҳа);

— 181 (ғасби гаравгон);

— 182 (ғасби бино ва иншоти ҳокимияти давлатӣ);

— 328, қ. 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияти давлатӣ);

— 309 (тахрибкорӣ дар объектҳои ҳаётан муҳим);

— 189, қ.3 (барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ);

ва Раҷабов Зоир Карамхудоевич, соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, маълумоташ миёна, ки нисбаташ аз тарафи Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо моддаҳои

— 179  (терроризм);

— 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ);

— 289 (қочоқи силоҳ);

— 182 (ғасби бино ва иншооти ҳокимияти давлатӣ);

— 328 қ. 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияти давлатӣ);

— 309 (тахрибкорӣ дар объектҳои ҳаётан муҳим);

— 189 қ. 3. (барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ);

— 345 қ. 2 (монеъ шудан бо татбиқи адолати судӣ) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда буданд.

 Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович ва Раҷабов Зоир Карамхудоевич барои пешбурди тафтишот ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ чандин маротиба расман даъват шуданд. Аммо онҳо ҳар дафъа барқасдона аз иҷрои талаботи қонунии органҳои маъмурӣ саркашӣ мекарданд. Ҳангоми чорабинии дастгиркунӣ Хурсанд Мазоров  ва Зоир Раҷабов  ба талаботи воҳидоти таъйиноти махсус, дар бораи ихтиёран супоридани худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз норинҷакҳои дастии Ф-1 ва автомати Калашников, истифода намуданд.

Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткорон безарар гардонида шуданд.

Аз ҷои  ҳодиса:

·         1 адад пулемёти дастии Калашников;

·         1 адад пулемёти Калашников;

·         11 автомат Калашников бо 5715 адад тир ва 66 тирдон;

·         9 адад гранатомёти дастии зиддитанкӣ бо 546 адад тир;

·         2 милтики мерганӣ бо дурбин;

·         3 адад тапончаи Макаров бо 198 дона тир ва 10 адад тирдон;

·         36 адад норинҷаки гуногунтамға бо 15 фурузонак;

·         20 гулӯлаи гранатомёти зиддитанкӣ;

·         2 адад дурбини мергании шабона;

·         3 адад тири зермили гранатомёт;

·         1 адад найзакорд;

·         19 фишанги тарканда;

·         5 адад мухобира;

·         18 адад қуввадиҳандаи гранатомёти дастии зиддитанкӣ;

·         3 адад телефони сенсорӣ, 4 телефони одӣ бо симкорти афғонӣ;

·         1 адад телефони моҳвораӣ (спутникӣ) бо 4 адад сим-корт;

·         1 адад аксбардори “Кодак”;

·         1 адад мавҷқабулкунаки мухобираи “Кодак”;

·         700-доллари ИМА ва 60 сомонӣ;

·         7 адад камарбанди ҳарбии барои тирдон;

·         7 ҷуфт либоси ҳарбии саҳроӣ;

·         1 адад дурбини шабона;

·         2 нақлиёти сабукрав, ки  бордони онҳо лавозимоти ҷангии гуногунтамға дошт, дарёфт ва тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатнигорӣ карда шуданд.

 

Муслим Шерзамонов боздошт гардид

Ҳамзамон, дар рафти амалиёт 10 нафар ҳампаймонҳои ҷиноятии онхо дастгир карда шуданд. Аз ҷумла, ҳангоми кофтуков аз манзили истиқоматии 2 нафари онҳо,  Имомназар Шоиширинов  2 адад автомат Калашников бо 3 тирдон, 120 дона тири қутраш 7,62 мм ва аз хонаи шахсии Муслим  Шерзамонов (бародари Алим Шерзамонов, ки яке аз дастандаркорони тазоҳуроти ғайриқонунӣ дар Бадахшон маҳсуб меравад)-1 адад автомат Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуданд.

Хотиррас мешавем, Алим Шерзамонов, ки муовини Кабирист, чанд сол пеш, тавассути Душанбе ба Хоруғ ва бозпас ба Маскав рафта буд. Он замон мақомоти қудратӣ бо ӯ суҳбат кардаву дар доираи гуманизм боздошташ накарданд. Вале ӯ баргаштаву аъмоли зишташро давом дода, муҷрими хунрезӣ дар ин кӯҳманзар гардид.

Тафтишот нисбат ба парвандаҳои мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят идома дорад.

Мину Амин,

СССР

 

Дар ҳамин маврид:

 Назаров ва Ҷамшедов депорт шуданд

Тавре 1 манбаи мӯътамад дар мақомоти қудратии кишвар ба газетаи СССР хабар дод, шоми 11.06.2022 аз ш.Маскави Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Муслим Назаров, ки яке аз «фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ» ба ҳисоб рафта, дар пайи воқеоти моҳи ноябри соли 2021 мардумро ба таҷаммӯъ дар ш.Маскав даъват карда буд, аз ҷониби полиси рус боздошт ва ба Душанбе депорт карда шуд. Муслим Назаровро Хадамоти федеролии муҳоҷирати ВКД РФ дар вайрон намудани қоидаҳои будубош айбдор месозанд.  

 Шаҳрванди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодаи ВМКБ Ҷонибек Ҷамшедов низ аз ҷониби кормандони полиси рус барои вайрон намудани қавонини иқомат боздошт ва ба Тоҷикистон депорт шуд. Мавсуф низ барои барангехтани кинаву адоват ва бархезонидани мардум барои таҷаммӯи эътирозӣ айбдор аст. Ин 2 нафар аъзои гуруҳҳои ҷиноӣ дар ВМКБ ба шумор мераванд ва аз рӯи дастури саркардагон байни мардуми бадахшонӣ дар ш.Маскав ва дигар шаҳрҳои ФР тарғиботу ташвиқот бурда, миёни тоҷикон тухмаи кинаву адоват мекориданд.

Хотиррас мешавем, 2 сепаратисти дигар, Чоршанбе  Чоршанбеев ва Амриддин Аловатшоев кайҳо депорт шудаву дар Душанбе ҳукми зиндон гирифтаанд.  

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter