ХАБАРИ ДОҒ

СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОРИ МО ОМАД …

  • Чоршанбе, Июн 22 2022

 

 Аз СССР: Дар пешорӯйи муҳимтарин рӯйдоди давлатдорӣ, албатта, пас аз Истиқлолияти давлатӣ, қарор дорем. Фаромӯш накардаем, ки агар ин Рӯзи Ваҳдат, бо кӯшишу талоши бевоситаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ ба даст намеомад, Тоҷикистон ҳамчун давлату Тоҷикон чун миллат маҳв мешуданд. Зимнан, газетаи мардумӣ тасмим гирифт, чанд матлаби эксклюзив аз номи иштирокдорони бевоситаи ин рухдоди некпай манзури хонанда гардонанд. Мо метавонем!

 Эҳдо ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

«Маҳз бо дастгирии мардуми кишвар ва ваҳдату сарҷамъии миллат минбаъд ба мо муяссар гашт, ки таҳкурсии ободиву пешрафти минбаъдаи кишварро гузорем!»    

 Эмомалӣ Раҳмон

 

 Истиқлолияте, ки бо ҷанг омехт

Дар остонаи солҳои 90-уми асри гузашта, бо дахолати душманони миллати тоҷик Тоҷикистон мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ин ҷанг барои халқи Тоҷикистон мушкилиҳои зиёдеро ба бор овард. Дар амалиётҳои ҷангӣ беш аз 150 ҳазор шаҳрвандон қурбон гардида, даҳҳо ҳазори дигар ба давлатҳои хориҷ гуреза шуданд.

Тибқи омори расмӣ, «танҳо ба хоки Афғонистон зиёда аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар кӯч бастанд. Инчунин, 195 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар солҳои ҷанги бародаркушӣ маҷбур шуданд, ки ба Россия, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва дигар кишварҳои дунё муҳоҷир шаванд».

 Садҳо ҳазор нафар бехонаву ҷой монда, аз худ иқтисодиёти валангор, давлатдории заволёфта ва бохтҳои бузурги маънавию ахлоқӣ боқӣ гузоштанд. Боиси таассуф аст, ки байни 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ё худ давлати абарқудрати СССР,  танҳо Тоҷикистон ба иғвои душманони миллат дода шуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

 

Сессияи тақдирсоз

Шукри тақдир, ки айёми умедро барои миллати тоҷик Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, фароҳам овард. Иҷлосияи саодатбахш барҳақ поягузори Сулҳи Тоҷикон аст. Зеро новобаста ба баҳсҳои тӯлонӣ Иҷлосия қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намуд. Мақсаду мароми вакилони халқ, дар он шабу рӯз,  ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризоияти миллӣ, якпорчагии Ватан ва Сулҳ таъмин карда шавад. Вакилони халқ бо дарки масъулияти бар дӯш доштаашон ба ҷои идоракунии президентӣ идоракунии парламентиро ҷонибдорӣ карданд. Дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, зимни суханронии нахустини хеш, чунин иброз намуд:

«Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Бо ин ҳама, пойдор гаштани сулҳу амонӣ дар ин кишвари ҷангзада ва ба умқи беҳокимиятӣ ғутидаро касе бовар надошт. Дар ин хусус собиқ котиби генералии СММ Кофи Аннан, баъдан чунин ибрози ақида намудааст:

«Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар роҳи эҷоди сулҳ мебошад».

 Ман ба шумо Сулҳ меорам!!!

Дар ҷараёни ин кашмакашиҳои бемаънии сиёсӣ неруи ақли волою закии тоҷикон ғолиб омада, ҳукумати қонуниро дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, бо роҳбарии фарзанди шарафманди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ташкил намуданд.

Аз ибтидои ба сари ҳокимият омадан, ин марди ҷасур корро бо сухани «Ман ба шумо сулҳ меорам…» оғоз намуд.

Самараи талошҳои беназир буд, ки баъди 7 музокирот бо мухолифин 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва вохӯрии 8-уми тоҷикон баргузор шуд. Тарафҳои баҳам зид якдилона баҳри таъмини ояндаи дурахшони миллат ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Ин рӯзи муборак ва фархунда дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт шуд.


 Ин ҳодисаи таърихӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори аслии сулҳ дар Тоҷикистон аз ҷониби бисёр сиёсатмадорону коршиносони байналмилалӣ баҳои арзандаю мувофиқ гирифтааст. Тавре ки Президенти Федератсияи Россия В.В. Путин мегӯяд:

«Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки мислаш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти мутташаниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамлакатҳои дигар».


 Дар ҳамин радиф собиқ раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Сзян Сзэмин чунин мегӯяд:

«Мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳазораи сеюм бо боварӣ қадам мезананд. Ба ҳама маълум аст, ки саҳми Сарвари давлати Тоҷикистон баҳри ҳаракати мустаҳкамкунии робитаҳои дӯстии халқҳои Осиё назаррас аст. Мо ҳама ҷонибдори сулҳ ва якдигарфаҳмию тараққиёти ояндаи Тоҷикистонем».

Дар роҳи ба даст овардани сулҳ хизмати халқи тоҷик барҷаста аст. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб ва равшан қайд намудаанд:

«Таъкид кардан бамаврид аст, ки барои пирӯзии сулҳ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, хизмати таърихии худи миллати тоҷик, ки хоку гилаш аз сулҳпарварию инсондӯстӣ сиришта шудааст, басо бузург мебошад».

Баъди ин суханони Пешвои миллат дар ҳақиқат миллати тоҷик фаҳмид, ки роҳи осоиш ин танҳо сулҳ асту ваҳдат, ҳамдигарфаҳмию бахшиши гуноҳҳои якдигар. Чандин бор муроҷиати ҳукумати кишвар ба мардум дар бораи супоридани силоҳҳои ҷангӣ ва барҳам додани гурӯҳҳое, ки ғайрирасмӣ ситод ташкил мекарданд, баромад.  Бо мурури вақт мардум бо ҳам омаданд, ки дар ин саҳми ВАО кишвар низ назаррас буд. Бо ташкил шудани барноми «Хоки Ватан…» дар Радиои Тоҷикистон гурезаҳое, ки дар хоки Афғонистон буданд, бо шунидани садои хешу наздиконашон руҷӯи ба Ватан баргаштанро карданд.

 

 

 27 июн…

Дар натиҷаи гуфтушуниди 5 сола, ки пур аз тазодду кашмакашҳо буд,  миллати тоҷик ба ҳам омад. Ин рӯзи таърихӣ 27 июни соли 1997 дар саҳифаи навини миллати тоҷик навишта шуд. Вобаста ба ин дастоварди муҳиму пурарзиши таърихӣ сиёсатшиносону сиёсатмадорон ва чеҳраҳои машҳури давлативу ҷамъиятии сатҳи ҷаҳонӣ баҳои ҳақиқӣ додаанд. Чунончӣ, Кофи Аннан – собиқ муншии умумии Созмони Миллали Муттаҳид (1999 с.) гуфта буд:

- Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидани ҳалли зиддияти дохилимиллиро нишон дод!


 Расул Ғамзатов, Шоири халқии СССР, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, дӯсти Мирзо Турсунзода ва халқи точик, чунин ибрози андеша кардааст:

- Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ хамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз Сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад…

 

       

Сулҳи Тоҷикон-намунаи дигарон

Мактаби сулҳофаринии Пешвои миллатро Ян Кубиш – Котиби умумии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо чунин васф кардааст:

- Таҷрибаи Тоҷикистон дар бобати истиқрори сулҳ ҳамто надорад ва имрӯз бояд дар Афғонистон, дар ҷараёни барқарор сохтани ҳаёти осоишта ва созиши тарафҳои гуногуни даргири ин мамлакат истифода шавад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, воқеан аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гаштаю ҳамчун мактаби омӯзиш пазируфта шудааст.       Сулҳу ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвар 1 дастовард ва армуғонест, ки арзишмандтарин неъмат шинохта шудааст. Барои ба даст овардани ин неъмати илоҳӣ роҳбарони ҳамонвақтаи ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон кумаки инсондӯстона намудаанд. Аз ҷумла роҳбарони Федератсияи Россия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Хитой дар раванди музокироти сулҳ саҳми арзанда гузоштаанд.

Музокироти миёни тоҷикон ба марҳилаи ҷамъбастии истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон омада расид. Ба шарофати иродаи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки аз ҷониби тарафҳо дар вохӯриҳои Москва, Хосдеҳи Афғонистон, Теҳрон, Машҳад, Бишкек зоҳир гардид, дар музокироти миёни тоҷикон пешравии назаррас ба даст омад. Он дар қалби ҷаҳониён шӯълаи умеду бовариро оиди оғоз гардидани марҳилаи нек дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон бедор кард.

27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ Созишномаи умумиро дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо намуданд. Ҳамин тавр, марҳилаи тӯлонӣ, душвортарин ва хеле муҳими моҷарои байни тоҷикон анҷом ёфт.

 

 Дасти Сулҳ

Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сулҳу Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт. Аз 5–19 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар гуфтушуниди байни тоҷикон барои созишномаи Ваҳдати миллӣ мақсаду мароми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи зудтар ба ҷанги бародаркуш хотима гузоштан, санади сулҳро ба имзо расондан ва баргардондани гурезаҳо ба Ватан ба ҳисоб мерафт. Ниҳоят, 27–уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав дар вазъияти тантанавӣ ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд.

Чандин сол баъди имзои Протколи Сулҳу ризоияти миллӣ, журналисти тоҷик Сайёфи Мизроб навишта буд:

-Ҳоло баъзе қудратҳои манфиатҷӯ, ба ишора ба символ ё худ рамзи Сулҳи Тоҷикон ишорат мекунанд, ки дар ин тасвира 2 даст ҳаст, яъне тарафи дигараш моем. Дуруст. Ин ҷо 2 даст ҳаст, вале яке дасти ҷанг, ки аз сӯи душманони миллат дароз шуда буд ва дуввумӣ Дасти Сулҳпарасти Сарвари давлати мо, ки он дасти ҷангро бародарона фишурда, ба сулҳу оромӣ даъват мекунад!!!

            Ин ҳама пешрафту муваффақиятҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва хислати ватандӯстии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. Ин абармарди миллат тавонист миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро ба давлати тараққикарда табдил диҳад.

 

Қаҳрамони Миллат

Барои ин хизматҳои бузургаш ба Эмомалӣ Раҳмон 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

            Хизматҳои Сарвари кишвари мо на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам қадршиносӣ шудаанд. Барои саҳми барҷаста дар рушди ҷомеаи умумиҷаҳонӣ Президенти Тоҷикистон ба гирифтани “Ситораи тиллоии Албер Швейтсер” ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадорест, ки дар ҷаҳон ин мукофотро соҳиб шудааст. Соли 2005 дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҷоизаи олии медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”–и Федератсияи байналмилалии сулҳ гардид. Ӯ аввалин касест, ки дар байни раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ҷоизаро соҳиб шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда бо ордени алмосдори “Звезда мецената” (Ситораи сарпараст), ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд”, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимони Осиё, медали тиллоии ба номи Николай Блохини Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, ордени “Ситораи дараҷаи 1” бо занҷираи тиллоии Ҷумҳурии Латвия, медали тиллоии “Арҷгузории Ҷалолиддини Балхӣ”-и ЮНЕСКО ва дигар ҷоизаву медалҳо мукофотонида шудааст. Бо дархосту пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ 8 ноябри соли 2016 ва бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” қабул гардид ва ба ин мартабаи воло муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор дониста шуд.

 

 Анҷоме, ки оғоз аст

11 рӯз ба баъд, ки 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад, миллати тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоянд, ки тамоми қувваи ақлию зеҳнии худро барои пойбарҷо мондани ваҳдати миллӣ равона созанд. Имрӯз ҳар яки моро мебояд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузории сулҳу ваҳдати миллӣ тарбият намоем. Мо Метавонем!

 Адолат Раҳмонова, намояндаи мардумӣ дар Сессияи тақдирсози 16-ум

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter