ХАБАРИ ДОҒ

Хоҷагиҳо ба нигоҳдории пӯст аҳамият намедиҳанд

  • Панҷшанбе, Март 09 2023

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Шуморо дар мавзуи «Пӯсти мову пойафзоли онҳо»-ро, ки дар шабакаҳои интернет низ ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дод.

Мавриди зикри хос аст, ки соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти корхонаҳои пойафзолбарории КВД «Чарми Данғара», ҶДММ «Базеб» ва ҶДММ «Исфара Саманд»-и ш.Исфара боздид намуданд. Дар баробари ин, соли 2022 ҶДММ «Ганди Неъмат» ва ҶДММ «Ҷафр» дар ш.Душанбе ва ҶДММ «Абубакри Қаҳрамон» дар ш.Истаравшан дар самти истеҳсоли пойафзоли резинӣ фаъолияти худро оғоз намуданд.

Корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» бо иқтидори истеҳсолии 100 ҳазор ҷуфт пойафзол дар 1 сол фаъолият дошта, айни замон дар он 35 нафар корманд ба шуғл ҷалб гардидаанд ва соли 2022 ба микдори 11 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол шудааст, ки маблағи он 990,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2022 коркарди пӯсти чорво дар маҷмуъ ба 1,1 миллион дона расонида шуд, ки дар қиёс ба соли гузашта 291 ҳазор дона зиёд мебошад ва аз ҳаҷми пӯсти коркардшудаи ҶДММ «Чарм» миқдори муайянро барои истеҳсолоти худӣ равона намуда, зиёда аз 7,6 млн детсиметри мураббаъ чарм истеҳсол карда, суръати афзоиш назар ба соли пешин 127 фоиз таъмин шудааст.

Дар соли 2022 аз ҷониби 15 корхонаи пойафзолбарорӣ дар маҷмӯъ 1 миллиону 71 ҳазор ҷуфт пойафзол, аз ҷумла 512 ҳазор ҷуфт пойафзоли резинӣ истеҳсол гардидааст.

Тибқи мушоҳидаҳо ҳоло робитаи истеҳсолӣ-технологӣ дар занҷираи «таъминкунандаи пӯст» - «истеҳсоли чарм» — «корхонаи истеҳсоли пойафзол ва чарчинвории чармин» ба мушкилот дучор гаштааст. Дар зинаи якум, мушкилоти асосӣ ин ба таври мутамарказона забҳ нагардидани чорво ва вайрон шудани технологияи нигоҳдории пӯст баъд аз забҳ ба шумор меравад, ки монеаҳоро дар самти ҷамъоварии пӯст ва сифати он барои коркарди минбаъда ба миён меорад. Аксарияти хоҷагиҳо дар самти қоидаҳои нигоҳдории пӯсти хом аҳамияти амиқ намедиҳанд ва корхонаҳои коркарди пӯст аз сифат ва номенклатураи пӯсти ватанӣ, ки на ҳамавақт ба талаботи онҳо ҷавобгӯй мебошад, вобастагӣ доранд.

Мавриди зикр аст, ки дар раванди истеҳсолоти саноатӣ пӯсти чорво бо рохи буридани он ба ду қисм ҷудо карда мешавад, ки қисми болоӣ барои истеҳсоли чарм ҷиҳати тавлидоти пойафзол ва чарчинвории чармин истифода бурда мешавад.

У.Солеҳзода, муовини вазир

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter