ХАБАРИ ДОҒ

Мақсади Танзим сарфакорист

  • Чоршанбе, Апр 05 2023

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мақолаи Суннати Ашӯр, ки дар ҳафтаномаи «СССР», №4 (749) аз 02.02.2023, зери унвони «Танзим бояд тағйир ёбад» рӯи чоп омадааст, чунин вокуниш нишон медиҳад.

 Қайд намудан зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул шуда, ба он солҳои 2008, 2010, 2017, 2017 ва 2021 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст ва амали қонун ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.

Дар баробари ин, мутобиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун баробар мебошанд ва ҳунармандони театру кино ва устодони санъат метавонанд дар асоси моддаи 8 қонуни мазкур ҷашни зодрӯзро ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронанд.

Д.Сафарзода,

муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter